Хабари рӯз

Амрико ба ворисини сиёсӣ ва низомии Масъуд ҳич эътимод надошт ва онҳоро шарики проекти сиёсии худ матлуб намедид, баръакс эҳсоси хатар мекард.

Нависанда: Ҳорун Мирсаидӣ

Проекти Амрико баъд аз шаҳодати Қаҳрамони миллӣ низоми маснуӣ, интихоботи маснуӣ, кобинаи маснуӣ, парлумони маснуӣ, амнияти маснуӣ, иқтисоди маснуӣ ва...

Амрико аз ҳеҷ гурӯҳ ва ҷабҳае иҷозаи ҳамла ва ворид шудан ба Афғонистонро нагирифта буд, онҳо бо муҷаввизи Созмони Милали Муттаҳид ва нерӯҳои ISAF (Нерӯҳои байнулмилалии кӯмак ба амният. Нерӯҳои НАТО бо ҳамин ном вориди Афғонистон шуда буданд) таҳти унвони саркӯби терроризм вориди Афғонистон шуданд, қабл аз ҷаласаи Бон ва ҳатто баъд аз ҷаласаи Бон дар муқобили як мавҷи азим қарор гирифтем, ва дар муқобили мавҷ истодан, худкушӣ маҳсуб мешуд, аз ин хотир, мо наметавонем шахс ва гурӯҳеро муттаҳам ба муомила намоем.

Як савол: авзоъи арозии ҷангиву сиёсӣ ва вазъияти иқтисодии мо дақиқ замоне, ки Қаҳрамони миллӣ ба шаҳодат расида буд, вазъият мо чӣ гуна буд? Ба ҳама маълум аст. Мо дар вазъияти асафборе қарор доштем.

Дар як марҳала, ки бо тақаллуби гӯсфандӣ дар интихобот сурат гирифт ва Устод Ато Муҳаммади Нур дар муқобили Ғанӣ истод, ҳушдори тунди Амрикоро дар бар дошт, ки таҳти унвони “бағоватгар” саркӯб мешавед.

Амири ҷавон (Амир Соҳиб) шиори муқовамати дувумро сар дод, то рӯзи охир тими Ғанӣ бар алайҳи Ҷабҳаи муқовамат мухолифат карданд ва афродеро маъмур карда буданд, ки ин ҷабҳа набояд мусаллаҳ шавад ва монеъи тавзеъи аслиҳа ба Панҷшер буданд, ҳалақоте то ҳанӯз талош доранд, ин ҷабҳа мунзавӣ шавад.

Маршал Дӯстӯм аз чанд камини Шӯрои амният наҷот пайдо кард, то ин ки тамоми даврони муовинияти худро дар табъиди Туркия гузаронд.

Ҳазораҳоро ҳам чандпорча сохтанд, ҳизби Халилӣ, Дониш, устод Муҳаққиқ, Муртазависозиро муравваҷ карданд.

Амрико ба ворисини сиёсӣ ва низомии Масъуд ҳич эътимод надошт ва онҳоро шарики проекти сиёсии худ матлуб намедид, баръакс эҳсоси хатар мекард. Амрико муҳраҳои муздури худро гулчин карда буд ва бо як ҳавопаймои “Боинг” вориди Афғонистон кард.

Ду даҳа фақат як проекти маснуӣ барои таҳаққуқи аҳдоф ва манофеъ худашон буд.

Террорҳои ҳадафманд ва қатлҳои занҷираӣ аз шаҳодати Қаҳрамони миллӣ, генерал Довуд, Мавлонои Сайидхелӣ, устод Раббонии шаҳид то қатли Маршал Фаҳими фақид аз намунаҳои боризи ин тавтеа ва дасиса буд.

Миллат чанд бор пойи сандуқи раъй рафт?

Мардум раъй доданд, ангушташонро қатъ карданд, то битавонем демократияро тамсил кунем, вале огоҳӣ надоштем, ки ин проекти хаймаишаббозӣ аст. Амрико ҳеҷ гоҳе аз хатти мардум ҳимоят накард, ҳатто дар замони ҷиҳод ва муқовамати аввал, низ аз доияи барҳаққи мо, ки дар хатти мубориза бо терроризм будем, пуштибонӣ накарданд.

Ҳимояти мустақим аз Карзай ва Ғанӣ дар интихобот то гуфтугӯҳои сулҳу мунзавӣ сохтани чеҳраҳои ҷабҳаи зидди Толибон ва камранг сохтани нақши онон дар сулҳу ҷанг, эҷоди тафриқа ва ихтилофот байни аҳзобу ақвом ва даста-даста сохтани мардум ва масруф сохтани сарони сиёсӣ ҳамаву ҳама ҳикоят аз тавтеа ва дасиса буд, то лаҳзаи охир, ки ватанро ба дасти маъмурони худ (Ғанӣ, Муҳиб, Карзай, Истоникзай ва Халилзод) суқут доданд ва заминаи ишғоли ватанро бори дигар барои зинда сохтани проекти Толибони худ ҳамвор сохтанд.

Ва феълан толибе, ки тавлиду парваришёфтаи Амрикост, дар гулӯгоҳи минтақа мисли хор гир карда, ва ҳеҷ кишваре ҳозир нест онро ҳазм кунад.

Душмани мо имрӯз болои кошона ва қарияи мо ҷавлон дорад ва кадом мантиқ ба ману шумо иҷоза медиҳад, ба ҷои ин ки як мушти маҳкам шавем ва бар даҳони душман бизанем, баръакс алайҳи якдигар таблиғот роҳандозӣ кунем, ки натиҷаи он фақат эҷоди фосила ва тафриқа аст, агар муттаҳид нашавем, таърих бори дигар такрор хоҳад шуд ва истихбороти минтақа моро ба ҷабаҳот ва аҳзоби мухталиф тақсимбандӣ мекунад ва бори дигар маҳкуми таърих хоҳем шуд.

Роҳи ҳалли ниҳоии мо фақат эҷоди ваҳдату иттиҳоди мост ва бояд роҳҳои расидан ба онро ҷустуҷӯ кунем.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!