Қирғизистон ба умеди ҳаллу фасли ихтилофоти марзӣ аз мавзеъи қудрат, омодагиҳои низомии фаъолеро дар марз бо Тоҷикистон анҷом медиҳад
Нависанда: Сангар
Тоҷикистон ба унвони яке аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, ки ҳаммарз бо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Чин аст, муддатҳост, ки масоили марзии худро бо Чину Афғонистон ҳал кардааст, тақрибан ҳама ихтилофоташ бо Ӯзбакистон ҳалли худро ёфтаанд. Бо ин ҳол, ихтилофоти марзӣ бо ҳамсояи шимолӣ - Қирғизистон идома дорад, ки ҳар рӯз печидатар мешавад.
Тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси охирин нақшаи давраи Шӯравӣ 971 километр аст. Беш аз 60 қисмат дар имтидоди марзи ду кишвар вуҷуд дорад, ки аз манотиқи мавриди баҳс маҳсуб мешаванд. Даргириҳо доиман дар ин манотиқ рух медод. Ба вежа дар даҳ соли гузашта онҳо бештар шудаанд. Гоҳе даргириҳо мунҷар ба талафоти инсонӣ мешаванд. Ва ҳар бор имкони ҳалли муноқиша аз тариқи дипломатия вуҷуд дошт.
Баррасиҳои анҷомшуда тавассути сайти тоҷикистонии "Нуқтаи назар" нишон медиҳад, ки дар 27 ҳодисаи муҳим, ки тайи 10 соли гузашта қабл аз ҳаводиси 28 то 30 апрели 2021 рух додааст, тарафи Қирғизистон дар 21 маврид оғозгари даргирӣ будааст. Лозим ба таъкид аст, ки ин таҳқиқ на бар асоси маълумоти мақомот, балки бар асоси матолиби нашрияҳои электронии маъруфи Қирғизистону Тоҷикистон, монанди Азия плюс, Радиои Озодӣ, Kloop.kg, маркази матбуотии вилоят Суғд анҷом шудааст.
Дар 28 апрели 2021, дар натиҷаи даргирие, ки тавассути тарафи қирғизӣ дар наздикии иншооти обии "Сароб" (Головное) барангехта шуд, авзоъ ба қадре ташдид ёфт, ки даргирӣ байни сокинони мулкии ду тараф ду рӯз баъд ба як даргирии низомии бузург байни ду кишвар дар чандин қисмати марз табдил шуд. Танҳо бо иродаи президентони ду кишвар даргириҳо таваққуф ёфтанд.
Дар ҳаводиси 28 - 30 апрел, тарафи Қирғизистон бештарин осебро дид. Ва ин кишвар ҳамон тур, ки метавон аз иқдомоташ барои тамаркузи неруҳои низомии бузург дар марз қазоват кард, барои интиқом омода мешавад.
Як сол пеш, пас аз вақоеъи хунин дар марзи ду кишвар, расонаҳои гурӯҳии Қирғизистон, донишмандон, шахсиятҳои маъруф, сиёсатмадорон, бо истифода аз ҳама имконоти мумкин, ҷанги иттилоотии воқеиро алайҳи Тоҷикистон ба роҳ андохтанд ва онро "кишвари мутаҷовиз" номиданд, агарчи имрӯз танҳо иттилоот дар мавриди маҳалли истиқрори неруҳои марзии Қирғизистон дар марз хилофи онро собит мекунад, зеро ин артиши Қирғизистон буд, ки ба таври якҷониба, дар давраи 2006 то 2021, контроли бисёре аз манотиқеро, ки дар замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба Тоҷикистон тааллуқ дошт, ба даст гирифт. Иқдомоти онҳоро дарвоқеъ наметавон ғайр аз "таҷовуз" ва натиҷаро "ишғол" номид. Хабаргузориҳои Қирғизистон дар он замон қасдан иттилооти нодурустро дар мавриди ин ҳаводис нашр мекарданд, онҳоро ба унвони ҳақиқат ба иштирок мегузоштанд, ахбор ва аксу видеоҳои ҷаълӣ бевақфа дар интернет даст ба даст мешуданд ва афкори умумиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон гумроҳ мекарданд.
Ҳукумати Қирғизистон пас аз вақоеъи апрели соли гузашта масиреро ба самти низомӣ кардани марзҳо дар пеш гирифт. Губернатори вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон тағйир кард. Ба ҷои Умурбек Сувонолиеви ғайринизомӣ, Абдикарим Алибоев, мутахассиси низомӣ, ки муовини раиси Хадамоти давлатии марзбонӣ буд, ба унвони намоянда расмии ҳукумат дар вилоят мансуб шуд. Раисони манотиқи Бодканд ва Лайлаки ҳаммарз бо Тоҷикистон иваз шуданд. Ҳукумат шурӯъ ба тахсиси буҷаи бештар барои ниёзҳои низомӣ кард. Неруҳои марзӣ шурӯъ ба таҷҳизи беш аз ҳадди неруҳо бо васоили нақлияи зиреҳии ҷадид, силоҳҳо, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, дронҳо ва туфангҳои тактирандоз (снайпер) карданд.
Ин воқеият, ки Қирғизистон неруҳои мусаллаҳи худро тақвият хоҳад кард ва теъдоди онҳоро дар имтидоди марз бо Тоҷикистон афзоиш хоҳад дод, тавассути президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ошкоро сӯҳбат шуд. Ҳамин тавр, дар 21 октябри 2021, Ҷабборов шахсан дар маросими интиқоли 40 мошини баланди зиреҳӣ ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ширкат кард. Дар поёни декабри 2021, Қирғизистон барои хадамоти марзбонӣ ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини “Bayraktar TB-2” – и Туркияро харид. Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйид кард, ки Қирғизистон қасд дорад паҳподҳои Orlan-10E-ро аз Русия харидорӣ кунад.
Дар поёни марти 2022, Қирғизистон манёврҳои низомиро дар Иссиқкӯл ба номи "Калкан-2022" баргузор намуд ва бад-ин васила тавоноиҳои размии паҳподи зарбатии Bayraktar Tb-2 ва таҷҳизоти низомии ҷадидро ба намоиш гузошт.
Нерӯҳои кӯмаки изофӣ дар марз бо Тоҷикистон мустақар шуда ва воҳидҳои низомии ҷадид дар ҳоли эҷод ҳастанд. Мардуми маҳаллӣ мусаллаҳ мешавад. Гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон комилан баста аст. Сокинони аксар минтақаҳои аҳолинишин кӯч дода шудаанд. Сохтмонҳо ва иншооте, ки дар ҷараёни даргириҳои қаблӣ вайрон шудаанд, ҳанӯз таъмир нашудаанд. Шояд ба ин далел, ки Ҷумҳурии Қирғизистон худро барои ҷанг омода мекунад ва бозсозии онҳоро ғайри маслиҳат медонад, зеро медонад, ки дубора метавон онҳоро нобуд кард. Тарафи Қирғизистон дар талош аст то даргирии ҷадидеро барои шурӯъи низоъҳо барангезад. Дар давраи январ то апрели 2022, чандин талош барои таҳрики артиши Тоҷикистон ба манзури шӯълавар кардани ҷанг анҷом шуд. Марзбонони тоҷик бо дарки печидагии шароит ва масъулияти зиндагии мардуме, ки дар марз зиндагӣ мекунанд, саъй мекунанд аз даргирӣ худдорӣ кунанд.
Дар шароит омодасозии фаъол барои ҷанге, ки Қирғизистон ба роҳ мехоҳад андозад, тарафи Тоҷикистон то кунун мутлақан ҳеҷ коре барои нишон додани тавоноиҳои низомии худ анҷом надодааст. Онҳо метавонанд як омили боздоранда барои тарафи Қирғизистон бошанд.
Дар ҳамин ҳол, дар марз бо Қирғизистон, ҳаводисе ба далели тақсири артиши Қирғизистон идома дорад, ки тайи он сарбозон ва ғайринизомёни тоҷик ҷони худро аз даст медиҳанд. Пас аз ҳар даргирӣ артиш, намояндагони мақомоти иҷроии ду кишвар мулоқот мекунанд, тавофуқномаҳо, протоколҳоро ба имзо мерасонанд, аммо пас аз муддате дубора бо нақзи тавофуқот тарафи Қирғизистон оташи даргирии низомии ҷадидеро ба роҳ меандозад.
Ҳадаф аз таҳаррукот равшан аст - анҷоми ин кор ба манзури водор кардани артиши Тоҷикистон ба вокуниши шадид ба ин иқдомот, ҳамон тур, ки дар 30 апрели 2021 буд, то худро барои шурӯъи ҷанг аз назари Созмони Паймон Амнияти Ҷамъӣ, кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой, Иттиҳоди давлатҳои мустақили муштаракаламнофъ (ИДМ), ки ҳар ду кишвар узвияти онҳоро доранд, дар баробари ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз инзивои байналмилалӣ дар сурати ҳамла ба Тоҷикистон тавҷеҳ кунанд.