Оё механизмҳои байналмилалии сулҳи ҷаҳонӣ шикаст хӯрдаанд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: دوران جنگ سرد بهتر بود
Таниши ахир байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Исроил натиҷаи бозтаърифи динамикаи амнияти минтақавист. Раванди занҷирворе, ки аз бӯҳрони Ғазза, Лубнон, Сурия ва Ироқ оғоз гардид ва дар ниҳоят ба рӯёрӯии мустақими ду бозигари асосӣ анҷомид. Ин даргирии низомии мутақобил, ҳарчанд зоҳиран маҳдуд ва назоратшаванда буд, аммо дар ботин ҳадафе фаротар аз як посухи интиқомҷӯёнаро дунбол мекард: танзим ва бозсозии манзумаи амнияти минтақавӣ.
Ҳар ду тараф бо дарки паёмадҳои хатарноки як ҷанги комил, кӯшиш доранд сатҳи муайяне аз идора ва тавозунро ҳифз намоянд, зеро сустӣ ва осебпазирии худро низ хуб мешиносанд. Ҳамзамон, қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ низ аз густариши ҷуғрофиёии ҷанг нигаронанд, зеро идома ва шиддат гирифтани он метавонад паёмадҳои вайронгар барои иқтисоди ҷаҳонӣ ва суботи геополитикӣ ба бор орад.
Аммо дар паси ин нигарониҳо аҳдофи бузургтаре ниҳон аст: тарҳи сохтори нави геополитикӣ, бозтаърифи ҷуғрофиёи манофеъ ва тасбит додани низомҳои амниятии нав дар сатҳи минтақа. Ҳимоятҳои бозигарони байналмилалӣ аз ду ҷониби даргир нишон медиҳад, ки ин рӯёрӯии кунунӣ дигар танҳо як низои минтақавӣ нест, балки инъикоси бархӯрди васеътар байни меҳвари Шарқ ва Ғарб аст.
Дар ҳоле ки ин қудратҳо аз як сӯ идомаи чунин ҷангҳоро барои идораи рақибон зарурӣ медонанд, аз сӯи дигар, шиддат ва густариши онро мухолифи манофеи стратегии худ мебинанд. Аз ин рӯ, ҳам идомаи ҷанг ба шаклҳои мухталиф ва ҳам фурӯкаш кардани он бо миёнҷигариҳои эҳтиёткорона, ҳарду сенарияҳои эҳтимолӣ ҳастанд.
Хомӯшии маънодори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин бӯҳрон, саволҳои ҷиддиро доир ба шиканандагии низоми байналмилалӣ ва нокомии механизмҳои масъули сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ба миён меорад. Воқеият ин аст, ки сохторҳое чун Шӯрои Амнияти Созмони Милал, НАТО ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ, ки қаблан нақши боздоранда доштанд, имрӯз танҳо абзорҳое дар хидмати манофеи қудратҳои бузург маҳсуб мешаванд.
Дар идома метавон сенарияҳои мухталиферо барои ояндаи ин рӯёрӯӣ дар назар гирифт:
Сенарияи аввал
Идомаи рӯёрӯӣ ба шакли ҷангҳои ҷонишинӣ, тахриби амниятӣ ва амалиёти киберӣ дар кишварҳои гирду атроф чун Лубнон, Сурия, Ироқ ва Яман. Ҳарду кишвар тамаркузи зиёд ба фанновариҳои навини ҷангӣ, иттилоотӣ ва киберӣ доранд, ки ин раванд онҳоро ба абзори аслии набард дар марҳилаи баъдӣ табдил медиҳад.
Сенарияи дуюм
Истифодаи абзорҳои иттилоотӣ ва фаннӣ барои нооромсозии дохилии тарафи муқобил, бахусус ҳамзамон бо бӯҳронҳои иқтисодӣ, норизоиятиҳои сиёсӣ ё таҳдидҳои амниятӣ. Нуфузи иттилоотӣ, ихроҷи маълумот ва ҳамла ба зерсохторҳои ҳаётӣ метавонад дар ҳамин чорчӯба таҳлил гардад.
Сенарияи сеюм
Идораи сатҳии даргириҳо дар ҳоле ки эҳтимоли як “ҳодисаи ҳадафманд” барои тағйири муодилаи геополитикӣ вуҷуд дорад. Ин вариант, бахусус дар ҳолате эҳтимолӣ мешавад, ки яке аз тарафҳо дар мавқеи заъф қарор гирад.
Сенарияи чорум
Густариши доираи даргирӣ ба манотиқи ҳамсояи Эрон, аз ҷумла Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Покистон. Эҳтимоли истифода аз гурӯҳҳои зидди низоми Эрон ва таҳрик додани қавмиятҳо ва ақаллиятҳо бо ҳадафи фишори ҳадди аксар вуҷуд дорад. Афғонистон метавонад ба майдони ҷанги иттилоотӣ-фарҳангии пинҳонӣ миёни ду тараф табдил ёбад ва Осиёи Марказӣ низ бо сабаби мавқеи геополитикии вижаи худ, дар маркази ин бозӣ қарор гирад.
Хулосаи таҳлил:
Дар маҷмӯъ, он чӣ бештар аз ҳама ба назар мерасад, фурӯпошии тадриҷии мафҳуми сулҳи ҷаҳонист. Орзуи сулҳе, ки баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бо таъсиси Созмони Милал ва ниҳодҳои вобаста ба он шакл гирифта буд, имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба як хотираи маҳвшуда табдил ёфтааст.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба як ниҳоди ташрифотӣ, нокоромад ва гирифтори иродаи қудратҳои бузург табдил ёфтааст. Созмони Милал ба сабаби қатъи манобеи молиявӣ аз сӯи Амрико ва дигар кишварҳо қобилияти амал ва тасмимгирии худро аз даст додааст. Ҷаҳони имрӯза ба ҳолати бесобиқа аз нооромӣ, беэътимодӣ ва бефармонӣ фурӯ рафтааст.
На иқтидори боздорандаи ҳастаӣ, на вобастагии мутақобили иқтисодӣ ва на созишномаҳои байналмилалӣ дигар коршоямии пешини худро надоранд. Ин анархияи мавҷуд натиҷаи хайле буд, ки фикр мекард сулҳи ҷаҳонӣ имконпазир ва пойдор аст.
Сулҳ танҳо дар фосилаҳои муайяни замонӣ ва барои таъмини манофеи бозигарони вижа, он ҳам ба шакли абзорӣ, мумкин ва қобили қабул мешавад. Шоҳидем, ки ҷаҳони дуқутбии давраи Ҷанги Сард, ҳатто бо вуҷуди хатари рӯёрӯии ҳастаӣ, амнтар, босуботтар ва қобили пешбинӣ аз вазъияти кунунӣ буд.
Ҳоло дар гузар ба низоми пасоқутбӣ, марказҳои бӯҳрон ба абзорҳое барои бозтақсими қудрат табдил ёфтаанд. Нақши бозигарони ғайридавлатӣ, ки ғолибан зери ҳидоят ва нуфузи давлатҳо амал мекунанд, низ ба беасосӣ меафзояд. На созмонҳои байналмилалӣ, на оиннома ва паймонҳои ҳуқуқӣ ва ҳатто на меъёрҳои ахлоқӣ қобилияти муқовимат бо динамикаи нави ҷанг ва нооромиро надоранд. Ҷаҳон вориди марҳилаи нооромиҳои муҳандисишуда шудааст — марҳилае, ки дар он, “сулҳ” дигар як ҳадаф нест, балки танҳо як абзор барои бадастоварӣ ва бозтақсими қудрат аст.