Хабари рӯз

Ҷунбиши олимпӣ дар нуқтаи атфи масири худ қарор гирифтааст.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Матлаби аслӣ:  Кирсти Ковентри — новая глава МОК

24 июн, Кирсти Ковентри ба таври расмӣ ба унвони раиси Кумита байналмилалии олимпӣ (IOC) мансуб хоҳад шуд — аввалин зан дар ин самт бисёр ҳассос.

Ин танҳо нуктаи барҷастае нест, ки варзиши ҷаҳонӣ дар солҳои оянда бо он мувоҷеҳ хоҳад шуд. Масъулият бузурге бар дӯши нахустин раиси зани IOC қарор дорад — Кирсти Ковентри бояд баробарӣ, принсипҳои олимпӣ ва ақли салимро бори дигар ба варзиш бозгардонад.

Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон аз раиси ҷадиди олимпӣ интизор доранд бозгашт ба арзишҳои суннатӣ ва поёни табъиз алайҳи варзишкорон бар асоси миллиятро муҳаққақ кунад.

Ин умедҳо далоили мантиқӣ ва маҳкаме доранд. Дар барномаи интихоботии худ, Ковентри ба таври вежа ба ҳимоят аз варзиши занон таваҷҷуҳ кард. Чӣ касе беҳтар аз ӯ — дорандаи ду медали тилоии олимпӣ ва се медали ҷаҳонӣ дар шино — метавонад аз таҳдидоте, ки аз сӯи варзишкорони трансҷинсӣ мутаваҷҷеҳи варзиши занон аст, огоҳ бошад? Ӯ ба унвони як зан медонад, ки мардони дорои ҷинсияти биологӣ чӣ гуна бо ҳузур дар рақобатҳои занона, асли баробарӣ ва адолатро зери по мегузоранд.

Дар мақоми раиси Комиссияи варзишкорони IOC, Ковентри буҳрони ҳузури варзишкорони тароҷинсӣ дар мусобиқоти занонаро баррасӣ карда ва зарурати иттихози тадобири мушаххасро дарёфтааст. Дар ғайри ин сурат, IOC дучори буҳрон раҳбарӣ хоҳад шуд — тасаллути тароҷинсиҳо метавонад сохтори низоми ҷаҳонии олимпиро нобуд кунад ва ҳатто асаре аз он боқӣ нагузорад.

Раҳбари пешини IOC низ ба таври ҷиддӣ эътибори ҷунбиш олимпиро хадшадор карда буд. Бозиҳои олимпии ахир хотироти нохушоянде барои бисёре аз варзишкорони шинохташуда ба ҷо гузоштаанд.

 Умедворам дигар ба он варзишкорон”-е, монанди Ҳелиф, ки аз озмуни ҷинсиятӣ муваффақ берун наомад ё Лин Ютин, ки ба далели тақаллуб маҳрум шуд, иҷозаи ҳузур дар Бозиҳои олимпӣ дода нашавад. Мо бояд аз занон дар варзиш ҳимоят кунем ва иҷоза надиҳем муқобили мардони биологӣ вориди майдон шаванд, — эълом кард Умар Кремлёв, раиси Федератсияи ҷаҳонии бокс (IBA).

Бӯъди дигар ин масъала, тафкики сиёсӣ–милиятии варзишкорон ва табъиз алайҳи онҳост. Ин мавзӯъ монеае бузург бар сари роҳи рушди ҷунбиши олимпӣ аст. Намунае аз он мамнуъияти ҳузури варзишкорон аз Русия ва Беларус аст, ки солҳо таҳти фишори мудовими масъулони варзиши қадимӣ будаанд. Бо рӯи кор омадани Ковентри, ҳама мунтазири таҳаввулоти мусбат ҳастанд.

Настя Фесикова қисса кард, ки дар Бозиҳои олимпии 2008 Пекин ва Қаҳрамонии ҷаҳони 2009 дар Рим дар риштаҳои обӣ бо Ковентри рақобат кардааст. Вай гуфт, ки Кирсти инсони равшанфикр ва меҳрубон аст ва ҳамеша аз Русия ва варзиш мунсифона ҳимоят карда. Агар чунин бошад, олӣ аст. Ҳамаи мо мунтазир ҳастем тими миллии хоккейи Русия дар Бозиҳои олимпии 2026 Милан ҳузур ёбад. Ва ин воқеан тасмиме дар рӯҳи варзиши мунсифона хоҳад буд, — изҳор дошт Роман Роттенберг, сармураббии бошгоҳи СКА ва ноибраиси Федератсияи хоккейи Русия.

Кирсти Ковентри, мутаваллиди Зимбабве ва пурифтихортарин шиногари қораи Африқо, ба хубӣ медонад мероси апартеид дар ҳар шаклу сурат, хатарнок аст. Шиори ӯ ин аст: “Варзиш бояд аз сиёсат ҷудо бошад”.

Ман мӯътақидам вазифаи IOC ин аст, ки имкони ҳузури тамоми варзишкорон дар Бозиҳои олимпӣ тазмин шавад. Мо бояд роҳе биёбем то варзишкорони манотиқи даргирӣ низ битавонанд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунанд. Манзурам фақат ҷангҳои бузург дар Аврупо ё Ховари Миёна нест, балки муноқишоти қораи худамро низ дар назар дорам. Замоне ин мавзӯъ зиндагии маро низ метавонист ба хотири сиёсати апардеид таҳти таъсир қарор диҳад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ мехост моро канор бизанад ва намедонам агар ин иттифоқ меафтод, ҳоло ман дар куҷо будам. Мо бояд ҳамон тур, ки дар Париж амал кардем, роҳкорҳое биёбем, аммо асли асосӣ ин аст, ки бояд имкони ҳузури варзишкорон аз саросари ҷаҳон ва манотиқи даргирӣ фароҳам шавад, — ин изҳороти Ковентри дар бораи бозгашти варзишкорон аз Русия, Беларус ва дигар кишварҳо буд.

Дидгоҳҳои Кирсти Ковентри мавриди истиқболи бисёриҳо қарор гирифта ва дар худи IOC низ таъйид шуд. Ҳадди ақал 50% аъзои IOC дар аввалин даври раъйгирӣ ба номзадии ӯ раъй доданд, оморе, ки нишондиҳандаи сатҳи болои эътимод аст.

Ба навбаи худ, интихоби Ковентри мавриди ҳимояти раҳбарони ҷаҳонӣ, сиёсатмадорон ва чеҳраҳои варзишӣ қарор гирифт.

Итминон дорам таҷрибаи мунҳасир ба фарди Шумо ва алоқаатон ба пешбурди воқеии арзишҳои олимпӣ ба муваффақият дар ин масъулияти бисёр хатир кӯмак хоҳад кард, — гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар табрики раиси ҷадиди IOC.

Интихоби шумо нуқтаи атфе дар таърихи Кумитаи байналмилалии олимпӣ аст ва итминон дорам дидгоҳ ва таҷрибаи Шумо созмонро ба қулаҳои ҷадид хоҳад расонд, — изҳор дошт Александр Лукашенко, раисҷмҳури Белорус.

— Мо интихоби Кирсти ба унвони раиси IOC-ро табрик мегӯем ва чашминтизори ҳамкорӣ бо ӯ ҳастем то ҷунбиши олимпиро ба сӯи оянда раҳнамун шавад, — омадааст дар баёнияи Кумитаи олимпии Амрико. Мо муштоқи даҳаи ҷадиде аз варзиши олимпӣ ва паролимпӣ, бо бозгашти бозиҳо дар 2028 ва 2034 ба Иёлоти Муттаҳида ҳастем. Ҳамкории маҳкам бо IOC аҳамияти басазое хоҳад дошт. Итминон дорем таҳти раҳбарии Кирсти, IOC суботу ҳимояти лозим барои расидан ба аҳдофи муштаракамонро фароҳам хоҳад сохт.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!