Яке аз мусибатҳои бузург, ки Афғонистонро баъд аз ҷиҳод дар муқобили Шӯравӣ насиб шуд, роҳ ёфтани ваҳҳобиҳо дар Афғонистон аст
Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Дар моҳи октябри соли 2022 қарор дорем ва авзои сиёсии Афғонистон рӯз ба рӯз вахим шуда меравад. Ҷангҳо зиёдтар тавассути Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуди ҷавон давом дорад ва пешрафти қобили мулоҳиза кардааст.
Ҳамлаи ахир ба таърихи 30 сентябри соли 2022 ба Маркази омӯзишии “Коҷ” дар Кобул, ки зиёдтар донишҷуёни духтар буданд ва шиаву аз қавми ҳазора, баёнгари ин ҳақиқат буд, ки аввал Толибон амнияти кишварро таъмин карда натавонистанд, чун худашон аз сунниҳои мутаассиби зидди шиа ҳастанд ва ба озодии мазҳаб эътиқод надоранд, дар ин ҳамалот даст доранд. Аз диди ин муҳаққиқ Толибон, ДОИШ, Шабакаи Ҳаққонӣ ва ғайра, гурӯҳҳое, ки ҳеҷ амалашон исломӣ нест, аз як чашма об мехӯранд ва он шайхҳои араб ва ваҳҳобиҳое ҳастанд, ки наслкушӣ ва зиддият дар муқобили шиа дар Афғонистонро анҷом медиҳанд. Ин таҷрибаи нав нест ва ин ҷиноят тавассути арабҳои Саудӣ ҳимоя ва тамвил мешавад, чунончи Саудӣ шиаҳои Яманро торумор кард ва олими бузурги шиа, яъне Шайх Боқир Ал-Нимрро эъдом намуд.
Яке аз мусибатҳои бузург, ки Афғонистонро баъд аз ҷиҳод дар муқобили Шӯравӣ насиб шуд, роҳ ёфтани ваҳҳобиҳо дар Афғонистон аст. Афғонистони имрӯз, он кишвари суннимазҳаби ҳанафии либерол, ки панҷоҳ сол қабл буд, дигар нест.
Роҳи ҳал чӣ аст?
Мавқеияти нозуки Афғонистон минҳайси минтақа ҳоил (buffer zone) байни Шарқ ва Ғарб кори сулҳро дар Афғонистон мушкил сохтааст. Афғонистон наметавонад бидуни ҳамкории ҷомеаи байналмилалӣ, махсусан қудратҳои бузурге монанди Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба як сулҳи доимӣ бирасад.
Роҳҳалли асосӣ аз нигоҳи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бетараф ва ғайримунсалик сохтани Афғонистон аст, ки тавассути як конфронси байналмилалӣ инъиқод ёбад. Бад-ин тартиб, дасти қудратҳои минтақа аз нигоҳи роҳбурдӣ қатъ мешавад. Аммо ин сулҳи минтақавӣ наметавонад сулҳи дохилиро тазмин кунад, машрут бар ин ки мардуми Афғонистон дар интихоби роҳ ва равиши зиндагӣ озод набошанд. Яъне дин ва мазҳаб таҳмил нашавад ва ҷомеаи мадании Афғонистон барои маданӣ сохтани Афғонистон хидмат кунад ва низоми шаҳрвандиро тарҳрезӣ кунад, ки ҳама мардум дар муқобили қонун ҳуқуқи мусовӣ дошта бошанд, тасаллути қавмӣ ва мазҳабӣ бояд барканор сохта шавад.
Афғонистон баъд аз тақрибан панҷоҳ сол дарбадарӣ бояд як низоми ҷадиди сиёсӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд биоварад, ки ҳеҷ фарди кишвар эҳсоси камӣ, камбудӣ ва ҳақорат накунад. Дар Афғонистони қарни бисту якум ҳеҷ қавме бар қавме бартарӣ надорад ва ҳеҷ қавм дар аксарият нест. Ҳеҷ мазҳабе бар мазҳабе бартарӣ надорад ва ҳеҷ мазҳаб дар аксарият нест ва ҳеҷ марде бар зане ва ҳеҷ зане бар марде бартарӣ надорад, ба ҷузъ аз тақво ва дониш. Дар як кишваре, ки гуногунии фарҳангӣ дорад, табъиз, таассуб ва тангназарӣ наметавонад, як зисти бо ҳами сулҳомезро тазмин кунад. Сохт ва бофти сосиополитики Афғонистон бояд мутлақ тағйир кунад. Барои зисти боҳамӣ, ки ман ин матолибро дар пешниҳодоти худ дар соли 2013 навиштам, бояд забонҳои Афғонистон, махсусан форсӣ, ки дар аксарият аст, пашту ва ӯзбекӣ монанд Суис, ки фаронсавӣ ва олмонӣ ва итолиёвӣ доранд, мусовиёна ба расмият шинохта шавад. Номҳои қарияҷот, ки дар замони Нодирхони паштун сохта шудааст, бояд дубора ба номҳои аслиашон бозгаштонда шавад. Муассисот ва марокизи миллӣ ба номи ҳама ақвом номгузорӣ шавад.
Бад-ин тартиб аст, ки Афғонистон аз нигоҳи дохилӣ ором хоҳад шуд. Чӣ тавр мардуми кишвар ба ҳамдигар эътимод кунанд, вақте духтарашон қишри дувуми ҷомеа бошад? Чӣ тавр мардуми як кишвар эътимод кунанд, вақте забони модариашон эҳтиром нашавад? Чӣ тавр мардуми як кишвар эътимод кунанд, вақте мебинанд, ки заминҳояшон қасдан ва амдан ғасб мешавад? Чӣ тавр мардум ба ҳамдигар эътимод кунанд, вақте қавмашон дар ақаллият бошад, дар ҳоле, ки аз нигоҳи ҷомеашиносии исломӣ ақаллият ва аксарият вуҷуд надорад? Афғонистон дар канори ин ки алайҳи ҷанг истода шавад, сохтори иҷтимоиашро тағйир диҳад, то сулҳ дасти ҳамкорӣ диҳад. Ва ин аз тариқи шаҳрвандӣ мутасаввир асту бас.