Пиар - агентиҳои Амрикову Инглис чӣ мекунанд?
Нависанда: Толиб Алиев, "Сангар"
Таҳлили фазои иттилоотиву техникҳову равишҳои мавриди истифодаи расонаҳои модерн нишон медиҳад, ки имрӯза метавон ба ҳар фард ё ҷомеъае ба унвони як кул ҳар андешаеро, ки аз сӯи онҳо ба унвони як ҳақиқати мутлақ талаққӣ мешавад, илқо кард. Кишварҳои ғарбӣ муддатҳост, ки инро дарк кардаанд ва ба таври муассир аз ин дониш барои аҳдофи худ истифода мекунанд. Биёед, нигоҳе ба наҳваи амалкарди он бияндозем.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё ба унвони бахше аз раванди султаи ҷаҳонӣ як системаи чандсатҳӣ барои шакл додани афкори умумӣ ташкил додаанд, ки тақрибан дар тамоми кишварҳои ҷаҳон бо муваффақият дар ҳоли фаъолият аст. Агар имрӯз дар Вашингтон ё Лондон тасмим бигиранд, ки як шаҳрванди олмонӣ ё шаҳрванди, масалан, Эстония бояд кафши катонии “Адидас” бихарад ё ба номзади мавриди назар дар интихобот раъй диҳад, ин кор бидуни ҳеҷ мушкилӣ анҷом мешавад.
Далели ин амр шабакаи азиму густардаи агентиҳои равобити умумӣ ё PR – агентиҳост, ки тавассути Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё эҷод шуда, имрӯза бисёр фаъол ҳастанд ва бояд ба таври муассир дар маъракаҳои иттилоотӣ алайҳи кишварҳои нобоб, назири Эрон, Чин, Русия ва дар умум ҳукуматҳои ҳарфношунаве, ки онҳо ва султаи кулли онҳо дар ҷаҳонро ба чолиш мекашанд, нақш дошта бошанд.
Ин агентиҳои ғарбӣ буданд, ки марди нолоиқе ба номи Ашрафи Ғаниро ба қудрат расонданд, ки Афғонистонро ба тероризми ҷаҳонӣ таслим карду ҳам Владимир Зеленскийи комедиан, ки Украинаро вайрон кард. "Расонаҳои ҷаҳонӣ " ба пешниҳоди онҳо марги Маҳсо Аминӣ, духтари эрониро пуф карданд, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар ба майдон рафтанд ва садҳо нафар кушта шуданд. Ҳамин расонаҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон суҳбат карданд, аммо дар мавриди ҷинояти ҷангии Толибон - эъдоми 56 сарбози Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дараи Панҷшеру қатли оми 120 духтари ҷавону нозанини ҳазора дар шаҳри Кобул бо разолат сукут карданд. Ин фаҷоеъ ҳамчунин эҳсосоти ҳеҷ “созмони ҳуқуқи башар”-ро ҷариҳадор накард. Дар як калом, ин агентиҳо метавонанд ҳар касеро бар арши салтанат бинишонанд ё ба замин фарш кунанд.
Намунаи дигари маъракаи иттилоотӣ барои пардозиши афкори умум даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки қатъан намунае аз корҳои “барҷаста” – и ин қабил пиар-агентиҳо аст. Дар қиёс бо Тоҷикистон ҷониби Қирғизистон як дастгоҳ ё гуруҳи сарбозони ҷаълпароканиро вориди саҳнаи иттилоотӣ кард, ки бо шилликҳои иттилоотӣ ба мағзҳои ҷаҳониён талош ба анҷом дод, то ҳақиқатҳоро пинҳон ва Тоҷикистонро “кишвари мутаҷовиз” нишон диҳад. Ҷолиб ин аст, ки як намунае аз “шоҳкорӣ” – ҳои ин пиар-агентиҳо – тоблуҳои зиддитоҷикӣ маҳз дар метроҳои шаҳри Киев пайдо шуданд. Бино ба иттилооти мувассақ, ки аз истихбороти минтақа дастрас шудааст, як теъдод аз пиарсозҳои қирғиз аз қабл барои ин маъмурият дар пиар-агентиҳои Амрикову Инглис омода шуда буданд.
Бо ҳимояти иттилоотии пиар - агентиҳои амрикоӣ - бритониёӣ "филиалҳои дӯзах" - и дигаре дар рӯи замин эҷод шуд – Югославия, Либиё, Ироқ, Афғонистон, Сурия ва... эҷод шуданд.
Бо ин ҳол, муҳимтарин ҷабҳае, ки имрӯз тавассути ин "созандагони ҷаҳаннами иттилоотӣ" гушуда шудааст, ҷанги Русия ва Украина аст. Дар зер бо истифода аз мисоли ин фоҷеъа, хоҳем дид, ки кадомин кишварҳо, созмонҳо ва касоне пушти чунин маъракаҳои итилоърасонӣ ҳастанд.
Нақши калидӣ дар ин фаъолият ба шаҳрвандони Инглис – Френсис Ингҳам ва Ники Регазони (зан) вогузор шудааст. Аввалӣ мудир омили яке аз бузургтарин созмонҳои Ғарб “Анҷумани равобити умумӣ ва иртиботот” (PRCA, мустақар дар Лондон, бо беш аз 30 ҳазор корманд дар саросари ҷаҳон) ва узви Шӯрои стратегия ва арзёбии сервиси иртибототи давлати Инглис аст. Дувумӣ яке аз бунёнгузорони сохтори бозорёбии шабакаии пешрав "PR Network" аст (дафтари марказӣ дар Лондон, беш аз 2 ҳазор корманд дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон).
Френсис Ингҳам ва Ники Регазони масъули пешбарии ҳамоҳангшудаи дастури кори иттилоотии зиди Русия тавассути худ ва ҳамчунин созмонҳои мутавассит ва кучаки мушобеҳи худ ҳастанд. Дар дафтари раиси ҷумҳури Украина онҳоро мустақиман коргардони маъракаи пурсарусадои иттилоотии мушобеҳи "рӯйдодҳои шаҳри Буча" меноманд.
Чунин механизме тавассути Шӯрои амнияти миллии Амрико, вазорати умури хориҷаи Амрико ва вазорати хориҷаи Инглис ба манзури таҳмили рӯйкардҳои ғарбӣ ва дасткории афкори умумӣ ва ҳамчунин сарпӯш гузоштан бар амалиёти ҷомеъаи иттилоотии Амрико ва созмонҳои иттилоотии Бритониё созмондеҳӣ шудааст. Ожонси тавсеаи байни алмилалии иёлоти муттаҳида (USAID), Бунёди миллии демократия (NED, ИМА), Бунёди Сорос ва ҳамчунин давлатҳои Бритониёи Кабир ва Ҷумҳурии Чехия ба таъмини молии он муттасил ҳастанд. Дар мавриди Украина тавзеъи ҷараёнҳои пулӣ ба вазорати хориҷаи маҳаллӣ супурда шудааст .
Ин рӯйкард ба англосаксонҳо иҷоза медиҳад то аз сиёсатҳои худ дар ҷаҳон “ҳимояти густарда” нишон диҳанд ва аз иттиҳомоти дахолати мустақим дар умури дохилии соири давлатҳо, аз ҷумла бо такрори изҳороте дар мавриди моҳияти “демократӣ” вокуниши умумӣ ба равандҳои ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ба ҳамин далел аст, ки кишварҳои ғарбӣ нисбат ба риояти арзишҳои демократӣ дар саросари ҷаҳон бисёр “нигарон” ҳастанд, зеро ин фурсатро ба онҳо медиҳад то созмонҳои ғайридавлатии худро дар кишварҳои дигар муаррифӣ кунанду афкори умумиро дар онҳо шакл диҳанд. Ва ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки ҳамаи чиз дар тӯли “амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина” кор мекунад. Аз ин гузашта, мо ҳамаи ахборро аз расонаҳо меомӯзему аксаран фурсати хариди билети ҳавопаймо ба Киевро надорем ва шахсан сиҳати интишори хабареро, ки дар мавриди асобати мушак ба як сохтмони маскунӣ тамошо кардем, баррасӣ мекунем.
Схемаи тавсифшуда бенуқс ба назар мерасад, аммо дорои маъюбиҳо низ ҳаст – фасод, сӯъистифода аз буҷет ва ба вижа пули берун аз буҷет, нақзи қавонини андоз, ки пешзаминаҳои ба хатар андохтани ин системаро эҷод мекунад, аз ҷумла бо осеб расондан ба шӯҳрати ширкатҳои хусусӣ ва афрод.
ФЕҲРИСТИ СОЗМОНҲО ВА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИИ ДАРГИР ДАР ФАЪОЛИЯТҲОИ ПИАР - АГЕНТИҲО
Анҷумани Public Relations and Communications Association (PRCA, Британияи Кабир). Ин яке аз аносири аслии системаи пардозиши афкори умумӣ англосаксонҳост. Дар ҳоли ҳозир бар иҷрои дастуруламали иттилоотии зидирусӣ дар ҷиҳати Украина мутамарказ шудааст. Фаъолиятҳои соири созмонҳои даргирро ҳамоҳанг мекунад. Буҷет тавассути Агентии тавсеаи байналмилалии Иёлоти муттаҳида (USAID), вазорати хориҷаи Бритониё ва истихбороти англосаксӣ таъмин мешавад.
Пиар – агентии PR Network (Бритониё). Ҳамроҳ бо PRCA як унсури ҳамоҳангкунандаи калидии системаи пардозиши афкори умумӣ англосаксонҳост. Вазифаи аслии он дар ҷиҳати Украина, шаклгирии достонҳои русиҳаросӣ ва созмондеҳии пӯшиши рӯйдодҳо аз зовияест ки барои режими Киев лозим аст.
Пиар-агентии Campaign Asia (ИМА). Ин як ширкати фаъол дар маъракаи интишори иттилооти нодуруст дар мавриди "ҷинояти ҷангӣ" ва "ваҳшоният"-и сарбозони Русия дар Украина аст . Достонҳои зидирусиро барои қарор додан дар ихтиёри платформаҳои расонаии мухолиф, назири “Сензура”, “Медуза”, “Дожд” ва дигарон месозад.
Ширкати мушовараи Yorktown Solutions (ИМА). Манофеи Украинаро дар Амрико тарвиҷ мекунад. Мутахассис дар тавзеъи матолиби зиддирусӣ дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида. Он яке аз лобигарони муаррифии маҷмӯъае аз бастаҳои таҳримӣ дар вокуниш ба иҷрои “амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина” аст. Ба унвони бахше аз дастури кори зидирусӣ, он бо рӯзноманигорони нашриёти барҷастаи Амрико ва коршиносони марокизи улуми сиёсӣ таъомул дорад. Тавассути созмонҳои ғайридавлатии Украина ва ширкатҳои нафту газ, аз ҷумла Федератсияи корфармоёни Украина дар санъати нафту газ таъмини молӣ мешавад.
Ширкати пиарии SKDK (ИМА). Дар сохтану такрори достонҳое дар мавриди вазъияти Украина аз тарафи мусоид барои Киев ширкат мекунад. Тавассути вазорати умури хориҷа, Бунёди миллии демократия ва созмонҳои ғайридавлатии украинӣ таъмини молӣ мешавад.
Ширкати ҳуқуқии Auster Law (ИМА). Дар таблиғи достонҳои зиддирусӣ дар шабакаҳои телевизиюнии Амрикои Марказӣ, виройиши чакидаи суханрониҳои раисҷумҳури Украина барои матбуоти хориҷӣ ширкат мекунад.
Ширкати мушовараи Finsbury Glover Heringt (ИМА). Манофеи Украинаро дар Иёлоти Муттаҳида тарвиҷ мекунад, ба вижа барои афзоиши кӯмакҳои низомӣ ба ҳукумати Киеву идғоми Украина дар НАТО лобӣ мекунад. Ин марказ тавассути Маркази гуфтугӯ ва таъомули трансатлантики таҳти контроли ҳизби ҳокими Украина “Хидматкори мардум” таъмин мешавад.
Ширкати лобии Your Global Strategy (ИМА). Ширкат дар созмондиҳии ҷаласоти мақомоти иҷроиву қонунгузор дар сатҳи манотиқи Амрико ва Украина ба манзури тақвияти таъомул дар пешбурди дастури кори иттилоотии тарафдори Украина.
Френсис Ингҳам (Francis Ingham), шаҳрванди Бритониё (дар акс аз чап), мудири кулли PRCA, узви Шӯрои арзёбӣ ва стратегии хадамоти давлатии Бритониё. Тарвиҷи дастури кори иттилоотии зидирусиро бо ширкатҳои пиарии мутавассит ва кӯчаки худ ва ҳамчунин ширкатҳои пиарии мушобеҳ ҳамоҳанг мекунад. Яке аз муаллифони маъракаҳои пурсарусадо, мушобеҳи “ҳаводиси Буча”.
Ники Регаззони (Nicky Regazzoni), шаҳрванди Бритониё (дар акс аз рост), яке аз бунёнгузорони сохтори бозорёбии шабакаии пешрави PR Network. Ӯ ҳамроҳ бо Френсис Ингҳам тарвиҷи барномаи иттилоотии зидирусиро ҳамоҳанг ва достонҳои пурмухотабро коргардонӣ мекунад. Бо ҳамкории наздик бо вазорати умури хориҷаи Украина дар заминаи ташкили як тасвири расонаӣ кор мекунад.
Ричард Эделман (Richard Еdelman), шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, сардабири агентиҳои пиарии Campaign Asia ва Edelman PR, узви ҳайати мудираи созмони ғайридавлатии “Шӯрои Атлантик”. Яке аз созмондиҳандагони интишори ҳадафманди поённома - тезисҳо дар мавриди "ваҳшоният"-и русҳо дар Украина аст.
Ҷон Майклвейт (John Micklethwait), шаҳрванди Амрико, сардабири хабаргузории “Блумберг Нюс”, доиман бо дастгоҳи Хадамоти амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида дар тамос асту дастуруламалҳои дарёфтӣ аз он ҷо дар мавриди тарвиҷи барномаи иттилоотии зидирусӣ дар расонаҳои ҷамъиро ба шиддат дунбол мекунад. Ӯ тағйироти қобили таваҷҷӯҳе дар қолаби кори агентӣ эҷод кард то онро бо ҳали вазоифи таблиғотӣ татбиқ диҳад.
Шой Франклин (Shai Franklin), шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, муассиси ширкати лобигарии Your Global Strategy. Ӯ яке аз мушовирони ғайрирасмии Владимир Зеленский аст.
Ҷон Ҳербст (John Herbst), шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Украина, як мушовири ғайрирасмии Владимир Зеленский.
Даниел Вайдич (Daniel Vajdich), шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, мудири ширкати мушовараи Yorktown Solutions, мутарҷими озод дар созмони ғайридавлатии “Шӯрои Атлантик”. Дар навиштани матни суханрониҳои умумии Владимир Зеленский (аз ҷумла барои Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар 16 марти 2022) ширкат мекунад.
Бритони Боло (Brittany Beaulieu), шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, мудири иҷроии ширкати мушовараи Yorktown Solutions. Корманди ғайриштатии созмони ғайридавлатии “Бунёди Маршали Олмон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико”. Масъули бахши Украина дар ширкат. Лоби барои густариши қавонини таҳримии зидди Русия дар Иёлоти Муттаҳида.
Андрю Мак (Andrew Mac), шаҳрванди Амрико, раиси дафтари ширкати ҳуқуқии Auster Law дар Вашингтон, яке аз созмондиҳандагони маъракаи иттилоотии зидирусӣ дар телевизиони амрикоӣ, яке аз муҳаррирони поённома - тезисҳои мусоҳибаи расонаии Владимир Зеленский.
Истефан Крупин (Stephen Krupin), шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, мудир омили ширкати пиарии SKDK, суханронинависи собиқи раисҷумҳур Барак Обама. Дар навиштани суханрониҳои намояндаи доимии Украина дар Созмони Милали Муттаҳид ширкат мекунад.
Ҳамиш де Бреттон-Гордон (Hamish de Bretton-Gordon), шаҳрванди Инглис, коршиноси дифои кимиёиву биологӣ, ширкаткунанда дар тарҳи иттилоотии “Минтақаи хокистарӣ” (Grey Zone), ки Федератсияи Русияро ба омода шудан барои истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ алайҳи ҷамъияти ғайринизомии Украина муттаҳам кард.
Дар бораи чӣ гуна “омода кардан” – и Ашраф Ғанӣ ба президентии Афғонистон дар ин матлаб бихонед: