Хабари рӯз

Устод Атомуҳаммади Нур ширкат дар Луйи Ҷиргаи зери чатри Толибонро як амри ғайримумкин ва кӯмак ба идомаи “ҳокимияти номашруъ” – и ин гурӯҳ хонд

МАЗОРИ ШАРИФ, 10 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Раиси Шӯрои раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон ин нуктаро ба муносибати рӯзи 8 Савр (28 апрел), солрӯзи пирӯзии ҷиҳод бар Иттиҳоди Шӯравӣ ва режими коммунистии Афғонистон баён кардааст.

Дар ин баёния, ки аз сӯи дафтари матбуоти Ҷамъияти исломии Афғонистон дар ихтиёри сомонаи Сангар қарор гирифт, омадааст, ин ҳизби сиёсӣ роҳи ҳалли асосии берунрафт аз вазъияти кунуниро тан додан ба ташкили як ҳукумати фарогири бетараф ва муташаккил аз тамоми тарафҳои дахил дар қазоёи Афғонистон бо сохтори низоми ғайримутамаркиз ва парлумонӣ медонад.

“Ҳукумате шакл бигирад, ки дар он тасмими мардум аз тариқи корбурд раъйашон тамсил шавад. Иғвои мардум ба номи ташкили ҳукумати ҳамашумул, ҷуз бақои Толибон ва машрӯъият бахшидан ба идомаи султаи онон нест, ки ин амр барои Ҷамъияти исломӣ ғайри қобили қабул аст”, - омадааст дар баёния.

Аммо Устод Атомуҳаммади Нур мегӯяд, “пирӯзии ширин”-е, ки рӯёи яку ним миллион кушта ва ормони як миллат буд, аз сӯи душманон ба мотаму рӯйдодҳои талхе мубаддал шуд ва амре, ки интизори он намерафт, мутавассил шудани дӯстони дирӯзи ҷиҳод ба он буд.

“Ривояти ҷиҳоди мардум Афғонистон дар сояи рӯйдодҳои пас аз ҷиҳод дар пайи тавтиаи душманони дохилӣ ва берунӣ, мактум монд, аммо набояд фаромӯш кунем, ки ҷиҳоди мардуми мо як ҳодисаи бузурги таърихӣ буд, ки натанҳо барои мардуми Афғонистон озодии кишвар ва сарнагунии режими коммунистиро ба армуғон овард, ки барои бисёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои таҳти султаи Шӯравии пешин, озодӣ ва ҳокимияти миллиашонро рақам зад ва бад-ин гуна метавон гуфт, ки ҷиҳоди Афғонистон натанҳо дар буъди дохилӣ, ки дар буъди байналмилалӣ ва минтақавӣ низ даст овардҳои бузурге дошт”, - гуфтааст раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон.

Вай аз раҳбарони ҷиҳоди Афғонистон, аз ҷумла Бурҳонуддин Раббонӣ, Абдулалӣ Мазорӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Мулло Нақибуллоҳ Охунд, Ҳоҷӣ Абдулқдир, Устод Забеҳуллоҳ, ки дар шаклгирӣ ва пирӯзии ҷиҳод нақш доштанд, ёдоварӣ ва ба ҳаводиси ахири Афғонистон таваҷҷӯҳ мекунад.

 

“Самара” – и ҷиҳод

Вай мегӯяд, Афғонистон пас аз се даҳаи пирӯзии ҷиҳод мавриди ишғоли як гурӯҳи террористӣ қарор гирифта ва бадтарин рӯзҳои таърихи хешро сипарӣ мекунад.

“Фақр, бечорагӣ, нодорӣ, фуқдони низом, набуди амният ва оромиш, зулм, саркӯб ва ҷафо дар ҳаққи мардум, ҳосили ҳокимияти ишғолгари кунунӣ дар Афғонистон аст, ки мутаассифона, дар пайи каммеҳрии шуморе аз кишварҳои ҷаҳону минтақа ва нотавониву тавтиаи ҳукумати пешин, мардуми мо бо ин вазъият рӯбарӯ шудаанд. Вазъияте, ки дунё ҳанӯз бо каммеҳрӣ нисбат ба он бархурд мекунад ва ҳокимияти номашрӯъи як гурӯҳи террористиро ҳар рӯз наззора мекунанд”, - гуфтааст Устод Атомуҳаммади Нур.

Вай аз рӯйдодҳои чанд рӯз ахир дар Афғонистон, машмули ҳамла ба масоҷид, макотиб, маҳаллоти ҳузури мардум бегуноҳу мулкӣ ва ҳадаф қарор додани шиъёну ҳазораҳо, қатлҳои ҳадафманд, юриш ба манозили мардум ба баҳонаҳои гуногун, террори неруҳои пешини амниятӣ ва ҳукуматӣ алорағми афви умумии казоӣ, одамрабоӣ, боҷгирӣ ва даҳҳо ҷиноёти зиддибашариро ёдовар мешавад, ки ба қавли ӯ, ривоят аз фоҷиаи талхи ҳокимияти номашрӯъи Толибон дар Афғонистон дорад ва мутмаинан ин вазъият бақоу пойдорӣ надорад ва ба зудӣ гилеми инҳо барчида хоҳад шуд.

Толибон 24 асади соли 1400 (15 августи 2021), зоҳиран, дар пайи як муомилаи пинҳон бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва пуштибонаш Амрико ҳукуматро дар Афғонистон таслим гирифтанд.

 

Терроризм

Устод Атомуҳаммади Нур инро аз бузургтарин ҷиноёти таърихӣ ва ҷафои нобахшуданӣ, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд ва завқзадагии кишварҳои ҷаҳон, минтақа ва бархе ҳамсояҳои Афғонистонро дар қиболи ҳокимияти Толибон, рӯйкарди бисёр зиёнборе мехонад, ки инак, мардум Афғонистон товони онро мепардозанд.

“Тасаввури ботиле, ки гӯё Толибон бо ҳокимияташон дар баробари ДОИШ мубориза мекунанд, бо иқдомоти ахири Толибон нақши бар об шуд ва умедҳои ботилро ба яъс мубаддал кард. Чӣ гуна метавон пазируфт, ки Толибон бо ҷо додани даҳҳо гурӯҳи террористӣ дар хоки Афғонистон, монанди Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (IMU), Ансоруллоҳи Тоҷикистон, ETIM ё Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Лашкари тайбаи Покистон, Таҳрики Толибони Покистон (TTP), ҳимоят аз шӯришгарони балуч ва... думболи мубориза бо терроризм ва ДОИШанд? Магар ДОЪИШ ва толиб ду падида ҳамзод нест? Ҳарду ҷуз рехтани хуни мардум, қатли оми бегуноҳон, қатлҳои ҳадафманд ва вайронӣ ҳадафу рӯйкарди дигаре доранд? Барои Толибон ду нигоҳ нисбат ба ДОИШ вуҷуд дорад, гурӯҳе, ки дар канори инҳо бошад ва бо инҳо канор биёяд, “ДОИШи хуб” ва гурӯҳҳое, ки ҳатто дар сатҳи мухолифи сиёсиашон бошад, ба номи “ДОИШ” саркӯб, шиканҷа ва ба қатл мерасанд”, - гуфтааст раҳбари Ҷамъияти исломӣ.

 

Гилаҳо аз ҷомиаи ҷаҳонӣ

Дар идома Устод Атомуҳаммади Нур мавҷе аз гилаҳоро рӯи коғаз меорад ва бидуни овардани номи мушаххаси ягон кишвар аз ҷомиаи ҷаҳонӣ суол мекунад: “Ин чӣ гуна ҷаҳон одиле аст, ки кишварҳои бузурги дунё, минтақа ва ҳамсояи мо барои худашон озодӣ, демократия, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи зан, мардумсолорӣ, ободӣ ва тавсеа, дониш ва технология, рафтан ба фазо ва ҷаҳони орӣ аз хушунат, тарсим мекунанд ва барои Афғонистон ва мардум он ҳокимияти гурӯҳи мутаҳаҷҷир, мутаассиб, ифротӣ, террорист ва хуношомро ҳимоят мекунанд?”

“Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сукути маргбораш дар баробари Афғонистон ва мардуми он дар додгоҳи таърих посухгӯ аст. Ончи имрӯз бар мардуми Афғонистон раво дошта шудааст, бидуни шак, ҷинояти башарӣ аст, ки ҳомиёни ин раванд дар пешгоҳи таърих шармандаанд. Магар мардуми Афғонистон бо он ҳама фидокорие, ки барои ҳифозат аз амнияти минтақа ва ҷаҳон бо мубориза дар баробари коммунизм ва терроризм анҷом доданд, мустаҳиқи ҳамин вазъият буданд? Дар куҷои дини ислом, дар кадом оин ва дар кадом конвенсиюнҳои байналамилалӣ суроғ доред, ки рафтани духтаронро ба мактаб дар асри ҳозир монеъ шаванд, ба соҳати шахсии афрод, ба риш, дастор ва пӯшиши мардум ва тафриқи ҷинсиятии сунуфи дарсӣ, мудохила кунад?” – мегӯяд раиси Ҷамъияти исломӣ.

Аммо гилаи Устод Атомуҳаммади Нур бо ин анҷом намеёбад. Зоҳиран, ба назар мерасад, бар оташи гилаҳои ӯ бештару бештар равған рехта мешавад, ки мегӯяд:

“Магар посухи ҳама фидокориҳои мардуми Афғонистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамин буд, ки бояд дар асри инқилоби технологияву давлати модерн ва давлати миллат, мо сазовори надоштани низом, ҳукумат ва он ҳам ҳукумати мутахассис ва модерн бошем? Ҳокимияти феълие, ки ба номи дин дӯкон боз кардаанд, на танҳо аз дини ислом огоҳӣ надоранд ва дар хондани каломи илоҳӣ мушкил доранд, ки фаҳми ибтидоитарин алифбои ҳукуматдорӣ, дониш ва савод ибтидоиро низ надоранд”.

Раиси Ҷамъияти исломӣ мегӯяд, дунё бояд ба ин суолҳои мардуми Афғонистон посухгӯ бошад ва аз ҳимоят ин гурӯҳ террористи даст бардорад, дар ғайри он ҳақ дорем ба садоқати дунё дар амри мубориза бо терроризм, мубориза алайҳи маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз фирори мағзҳо ва сели муҳоҷират, дифоъ аз ҳуқуқи башар ва соири фазоили ахолқӣ ва инсонӣ, шак кунад.

“Дунё бояд ба ин амр мултафит шавад, ки тавассул ба муҳоҷирати ҷамъӣ аз Афғонистон, безории мардум аз гурӯҳи Толибонро нишон медиҳад ва дар канори он фирори мағзҳо ва муҳоҷират ҳам барои сарзамини мо ва ҳам барои ҷаҳон ҳазинаи камаршикане дорад, ки ниёз ба мудирияти ин амри маҳсус аст. Фардо Афғонистон дар сояи ҳукумати ҷадиди мардумӣ ниёзманди кадрҳо ва мутахассисони муҷарраб аст, ки бо ҳоким шудани шароити мавҷуд, кадрҳои мутахассис маҷбур ба тарки ватан шудаанд. Аз ҷониби дигар, мавҷи ҷадиди муҳоҷират дар натиҷаи ҳокимияти Толибон дар Афғонистон, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бобати фароҳамоварии ускон ва зиндагӣ ба онон ҳазинаҳои бузург ва камаршикане дорад”, - гуфтааст Ато Муҳаммади Нур.

28 апрели 1992 муҷоҳидини Афғонистон, ки қаблан алайҳи неруҳои Шӯравӣ ҷангида буданд, вориди Кобул шуда ва ҳукумати раисҷумҳур Наҷибуллоҳро сарнагун карданд. Толибон дирӯз, 27 апрел, 28 апрелро ба муносибати рӯзи пирӯзӣ дар ҷиҳод таътили расмӣ эълом кард.

Нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ 25 декабри 1979 ба Афғонистон ворид ва 15 феврали 1989 аз он ҷо хориҷ шуданд. Ин давра дар таърихи Афғонистон давраи ҷиҳод номида мешавад. Аммо ҳукумати коммунистии Кобул бо раҳбарии доктор Наҷибуллоҳ то соли 1992 идома дошт, то ин ки ба муҷоҳидин таслим шуд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!