Хабари рӯз

Фирори халабонони рус аз асорати Толибон дар Қандаҳор, ки дар соли 1996 иттифоқ афтод, ҳодисаи мармуз, асроромез ва муаммое буд. Ба ҳамин далел ривоятҳо ва достонҳои мутааддиде дар мавриди ин ҳодиса сохта ва пардохта шуд, ки то ҳол такрор ва ба он бовар мешавад.

Нависанда: Фахриддин Холбек, узви Шурои мушовараи “Сангар”

ДАР АКС: Ҳафт сарнишинини ИЛ-76 - фармондеҳи ҳавопаймо Владимир Шарпатов, кӯмакхалабон Ғозинур Хайрулин, новбар Александр Здор, муҳандиси парвоз Асхат Абёзов, оператори радиои парвоз Юрий Вшивтсев, муҳандисони парвоз - Сергей Бутузов ва Сергей Рязанов.

Ёддошти нависанда: ин матлаб ба таърихи 19 апрели 2019 дар вебсайти “Рӯшноӣ” мунташир шуда, инак, пас аз чаҳор сол бо вироиши ҷадид ва бархе тағйирот дар “Сангар” бознашр мекунем, то печидагиҳои бозиҳои истихборотӣ ва “мӯъҷизот”-и “Бозии бузург” дар Афғонистон қобили дарк бошад.

***

Дар феврали 2006 конфронсе дар Лондон дар мавриди Афғонистон баргузор шуд. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ба “номатлуб будан”-и ҳузури Толибон дар парлумони Афғонистон ишора кард.

 Суханони вазири хориҷаи Русия нависандаи ин сатрҳоро, ки он замон хабарнигори радиои “Озодӣ” дар Кобул будам, ба сӯҳбати Абдусалом Рокетӣ, яке аз мақомҳои собиқи Толибон ва он рӯзҳо намояндаи парлумони Афғонистон кашонд.

Рокетӣ, ки забони форсиро чандон хуб балад набуд, бо лаҳҷаи хоси паштуи худ дар ҳолати хашму ғурур аз шикасти русҳо ба дасти муҷоҳидин сухан гуфт ва Лавровро ба дахолат дар умури дохили Афғонистон муттаҳам кард.

Дар он лаҳза қазияи фирори халабонони рус аз Қандаҳор ба ёдам омад. Барои тадовуми гуфтугӯ, ин фирори пурсарусадо дар соли 1996-ро ба ӯ ёдоварӣ кардам, ки на дар ҷойи дигаре, балки дар худи Қандаҳор - пойтахти воқеии Толибон - ва зери бинии Мулло Умар, “амирулмуъминин”-и онҳо иттифоқ афтода буд.

Ҳаргиз наметавонам фаромӯш кунам - Рокетӣ бо чашмоне, ки аз зери аммомаи бузурги толибӣ ва пайваста ба риши ғӯли сураташ ба ман дӯхта шуда буд, бо диққат ба ҳарфҳои ман гӯш дод ва гуфт: “Ҳатто агар ба ҷин ҳам табдил мешуданд, наметавонистанд аз мо фирор кунанд. Ин ҷо мавзӯъи дигарест. Биё, ки ҳанӯз вақти сӯҳбат кардан дар мавриди он нест”.

Рокетӣ (тахаллус аз калимаи “ракета”, яъне мушак гирифта шудааст) яке аз фармондеҳони аршад ва дар солҳои 1995-1996 волии Толибон дар вилояти Вардак буд. Муҳиммтарин чизе, ки аз сӯҳбатҳои ӯ дарёфтам, ин буд, ки халабонони рус як фирори қаҳрамонона анҷом надода, балки озод шуда буданд.

Вақоеъи муҳимми таърихӣ ҳамеша бо ривоятҳои ҷадид бозгӯ мешаванд. Ва ин як достони комилан мутафовит дар мавриди фирори халабонони рус аз асорати Толибон дар соли 1996 аст.

 

ВАСИЯТИ ДУДАЕВ

Ин моҷароро яке аз ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд бароям таъриф кард. Суханони ӯ ривояти 25-солаеро, ки бар расонаҳои ҷаҳон, бахусус, Русия, тасаллут дорад, зери савол мебарад.

Ӯ Наим Амирӣ (ном мустаор) аст, ки тобистони 1996 дар Исломобод ҳузур дошт то мавзӯеро бо мақомоти Покистон матраҳ кунад. Покистон дар он замон ошкоро бо давлати Бурҳонуддин Раббонӣ дар Кобул ихтилоф дошт, аммо дар бархе аз масоил, ба унвони мисол, кӯмакҳои башардӯстона ҳамкорӣ мекард.

Амирӣ тасодуфан дар Ровалпинди бо Ваха Иброҳимов, мушовири собиқи Ҷавҳар Дудаев, раисҷумҳури ҷумҳурии чечени Ичкерия (1991-1996) бар мехӯрад. Онҳо чанд сол пеш дар конфронсе дар Маскав бо ҳам ошно шуда буданд. Иброҳимов барои ёфтани роҳе барои мулоқот бо Мулло Умар, раҳбари Толибон, ба Исломобод омада буд ва ба кӯмаки покистониҳо ниёз дошт. Вай гуфт, мехоҳад ҳафт халабони русро, ки дар асорат буданд, аз Толибон бигирад, то ҳукумати Ичкерия бо русҳо вориди як муомилаи сиёсӣ шавад.

Чечениҳо, тибқи васияти Ҷавҳар Дудаев (дар акс), қасд доштанд ин халабононро бо сари баридаи Кенесари, охирин хони қазоқ, ки дар яке аз музейҳои Русия нигаҳдорӣ мешуд, мубодила кунанд.

Кенесари, писари Қосим Султон, шашумин ва охирин хон ва ҳамчунин раҳбари қазоқҳо буд, ки дар даҳаи 40-и қарни нуздаҳум бо русҳо ҷангид. Амири Бухоро ӯро ба унвони хони қазоқҳо ба расмият шинохт, аммо шоҳи сафед Николайи Аввал ӯро напазируфт. Кенесариро русҳо аз қаламрави Қазоқистон берун ронданд ва ӯ ба монопҳои қирғиз паноҳ бурд. Аммо монопҳо яке аз фармондеҳони муҳимми ӯро куштанд. Ҷанге байни Кенесари ва қирғизҳо дар гирифт. Ёрони хон - ду султони қазоқ - Рустам ва Сипатай ба ӯ хиёнат карданд ва ӯро дар майдони ҷанг танҳо гузошта, ба дашт гурехтанд. Кенесари шикаст хӯрд ва асир шуд. Монопи қирғиз - Ҷонтой (тибқи ривоёти дигар, Урмон) сари ӯро бурид ва ба нишонаи вафодории қирғизҳо ба шоҳи сафед онро ба фармондори кулли Сибири Ғарбӣ фиристод.

Мардуми қазоқ муддати ду қарн бар ин бовар буданд, ки сари хони онҳо дар Кунсткамера ё утоқи нигораҳои нодир дар Санкт-Петербург, ки аз сӯи Пётри Кабир таъсис шуда буд, нигаҳдорӣ мешавад. Қазоқистон дар соли 2004 расман аз Русия барои бозгардондани сари хон дархост фиристод, аммо посухи манфӣ дарёфт кард. Посух ин буд, чунин нигорае дар музейҳои Русия вуҷуд надорад ва ҳар чӣ мегӯянд, афсонае беш нест.

Бо ин ҳол, Дудаев, генерали собиқи шӯравӣ, бовар ва муҳосибаи хоси худро дошт. Ӯ мехост сари хони қазоқро ба Қазоқистон биовараду ба бақияи баданаш муттасил кунад ва бад-ин тартиб “хашми қазоқҳоро барангезад”-у онҳоро алайҳи русҳо бишӯронад.

ДАР АКС: Муҷассамаи Кенесари Хон дар Остона – пойтахти Қазоқистон.

Аммо вақте Ваха Иброҳимов ба Исломобод расид, Дудаев зинда набуд. Дар 21 апрели 1996, раиси ҷумҳурии Ичкерия, яке аз сарсахттарин мухолифони Русия, тавассути истихбороти он кишвар террор шуд. Аввалин ҷанги Чечен (1994 - 1996) идома дошт.

Ваха Иброҳимов дар он замон мушовири Салимхон Яндарбиев, ҷонишини Дудаев буд. Ӯ барои таҳаққуқи рӯёи Ҷавҳар Дудаев ба Исломобод омад. Вай мӯътақид буд, ки Толибон ба бародарони мусулмони чечение, ки барои истиқлоли худ меҷангиданд, кӯмак хоҳанд кард. Амирӣ ба ӯ тавсия дод, ки ба Пешовар биравад ва бо Мавлавӣ Амири Кабир, марде, ки ба раҳбари Толибон дастрасӣ дорад, мулоқот кунад.

Аммо Ваха Иброҳимов ҳанӯз дар Исломобод буд, ки хабари баде ба ӯ расид...

 

ТАСОДУФЕ ДИГАР

Ба амри сарнавишт Амириро дидори тасодуфии дигаре дар пеш буд. Он рӯз, дар, ба истилоҳ, "маҳсур (анклав)-и дипломатӣ"-и Исломобод, бо Замир Кобулов, дипломати рус (ҳоло намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон) дучор омад. Амирӣ бо ӯ низ дар яке аз конфронсҳои Маскав дар бораи Афғонистон ошно шуда буд.

ДАР АКС: Дипломати ҷавон Замир Кобулов дар ҳузури хадамаи ИЛ-76 дар Қандаҳор.

Ҳолномаи Кобулов намегӯяд, ки ӯ дар он сол (1996) чӣ касе буд ва куҷо кор мекард. Иртиботи ӯ бо Покистон ба солҳои 1991 то 1992 бозмегардад, замоне, ки ӯ мушовири сафоратҳои Русия дар Кобул ва Исломобод буд. Аммо ҳолномаи ӯ мегӯяд, ки Кобулов дар соли 1995 ба таври фаъол дар музокирот бо Толибон дар мавриди озодии хадамаи ИЛ-76, ки дар шаҳри Қандаҳор асир буданд, ширкат дошт, балки ӯро “музокиракунандаи аслӣ” меномиданд.

Кобулов то он замон ду бор талош кард бо Мулло Умар мулоқот кунад, аммо ноком шуд. Раҳбари Толибон ӯро напазируфт. Дар севумин талош ва бо кӯмаки покистониҳо муваффақ шуд ба даргоҳи Мулло Умар роҳ ёбад.

Ба гуфтаи Амирӣ, Кобулов дар он рӯз хеле хушҳол буд - Толибон бо озодии халабонони рус мувофиқат карда буданд. Кобулов дар мавриди ҷузъиёти шароити озодии онҳо, ки пирӯзии дипломатияи Русия низ талаққӣ мешуд, сухане нагуфт. Аммо ин хабар Ваха Иброҳимовро, ки худро барои сафар ба Пешовар омода мекард, бисёр нороҳат сохт...

Асорати халабонони рус тавассути расонаҳои ҷаҳонӣ дар як ривоят сабти таърих шудааст:

3 августи 1995, як фарванд ҳавопаймои ИЛ-76 – и ширкати “Аэростан”-и Тотористон бо 30 тон бор (1300 қуттии фақат гулӯла ё дигар муҳиммоти силоҳҳои сабук) аз Тирана, пойтахти Албания, ба самти фурудгоҳи Багроми Афғонистон ба парвоз даромад. Давлати Афғонистон ба раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ин муҳиммотро аз Албания харидорӣ карда буд. Аммо замоне, ки ин ҳавопаймо аз осмони Қандаҳор дар қаламрави Толибон мегузашт, тавассути МиГ-ҳои шикории Толибон таҳти таъқиб қарор гирифт. Халабони МиГ, ки ба хубӣ русӣ сӯҳбат мекард, ба онҳо дастур дод дар фурудгоҳи Қандаҳор фуруд биёянд. Толибон ҳангоми баррасии ин ҳавопаймо ҳамроҳ бо муҳиммот чандин партоба (снаряд)-и ғайриқонунӣ пайдо карданд. 7 хадама, ки барои душманони Толибон - нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд - муҳиммот мебурданд, асир шуданд.

Дар конфронсҳои матбуотӣ мудирияти ширкати “Аэростан” итминон медод, ки ҳамли муҳиммот тавассути ҳавопаймоҳои онҳо бо қавонини байналмилалӣ муғойират надорад. Аз сӯи дигар, ин севумин (тибқи ривояти дигар, дувумин) парвози ИЛ-76 ба Багром буд, ки ҳамкории Русия бо давлати Раббонӣ - душмани Толибонро низ ба исбот мерасонд.

Сарнишинони ИЛ-76 як солу 13 рӯз дар асорат буданд. Дар ин замон Шӯрои амнияти Созмони Милал ду бор аз Толибон хост, ки хадамаи русиро бидуни ҳеҷ қайду шарте озод кунанд. Вазорати хориҷаи Русия аз Амрико, Арабистони Саудӣ ва Покистон дархости кӯмак кард, аммо натиҷае ба даст наовард.

Толибон дар ивази асирон аз Русия хостанд, ки раҳбарони собиқи давлати коммунистӣ ва Хадамоти амнияти миллӣ (ХОД)-ро ба онҳо таҳвил диҳад. Маскав ин шартро напазируфт. Русҳо ба Толибон мошинҳои борбари КамАз, ки дар арозии Афғонистон хеле ба роҳатӣ мешуд онҳоро ронандагӣ кард, як чархбол, қитаоти ҳавопаймо ва ҳатто ду миллион доллар пули нақд пешниҳод шуд, аммо ҳамаи инҳо мавриди қабули Толибон қарор нагирифт.

Дар ниҳоят, сенатори амрикоӣ Ҳанк Браун, яке аз ҳомиёни Толибон дар Иёлоти Муттаҳида, даст ба кор шуд. Аммо танҳо коре, ки ӯ тавонист анҷом диҳад, Толибонро мутақоид кард, ки иҷоза диҳанд, то халабонон гаҳгоҳ ҳавопаймояшонро мавриди баррасӣ қарор диҳанд то ҷилави хароб шудани онро бигиранд. Ин амр шароитро барои фирори хадама фароҳам сохт.

16 августи 1996, замоне, ки Толибон машғули намози ҷумъа буданд, хадамаи ҳавопаймои ИЛ-76 бо асир гирифтани се ҷангҷӯи Толибон, аз тариқи ҳарими ҳавоии Эрон ба фурудгоҳи Шорҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб гурехтанд.

Толибон ҷаласаи изтирории Шӯрои Олии худро даъват карданд. 17 август Вакил Аҳмад Мутаввакил, сухангӯи таҳрики Толибон, аз Қандаҳор таъйид кард, ки халабонони рус фирор карда ва се толибро рабудаанд. Вай гуфт, ду фарванд МиГ-и шикорӣ ба думболи онҳо эъзом шуд, ки яке аз онҳо натавонист баланд шавад ва дигаре пас аз 45 дақиқа ба парвоз омад ва ба далели бадии обуҳаво, ҳавопаймои русиро гум кард. Аммо Мутаввакил гуфт, ки ҳавопаймои русӣ сӯхти кофӣ барои парвоз то Шорҷа надошт ва ин мавзуъро Толибон ба баррасӣ гирифтааст. Мутаввакил бо такзиби ҳамкории эрониён бо русҳо ва ҳамчунин ришва додан ба посдорон, мухтасаран гуфт: “Ин иқдоми шуҷоъона буд ва онҳо муваффақ шуданд”.

Хадама ба Русия бозгашт. Ба дастури раисҷумҳур Борис Елсин, фармондеҳ ва кӯмакхалабон унвони "Қаҳрамони Русия" – ро гирифтанд ва ба бақия нишони “Шуҷоат” эъто шуд. Соли 2010 бар асоси ин ҳодиса филми “Қандаҳор” сохта шуд.

Расонаҳо бар асоси фарзиёт гузинаи пардохти боҷи бузург ба Толибонро ироа карданд, аммо шоҳиду мадраке вуҷуд надошт. Ҳеҷ кас таваҷҷӯҳе ба таҳсини Мутаввакил аз шуҷоати халабонони рус ва “ҳавои бад”-и Қандаҳор низ накард.

Владимир Шарпатов, фармондеҳи ИЛ-76 дар ин солҳо чандин бор бо хабарнигорон мусоҳиба анҷом дод. Ӯ аз зиндагии сахти Қандаҳор, ки дамои ҳаво дар тобистон ба 50 дараҷа мерасад, ғизои бад, фишори рӯҳӣ, таҳдиди ҷонӣ, мусулмон шудани иҷборӣ ва ояндаи торики сарнавишти хадама сӯҳбатҳое кард.

Ин моҷаро аммо нукоти ҷанҷолии худро дошт, ки расонаҳо ба он алоқае нишон надоданд. Ин маворидест, ки Шарпатов, огоҳона ё ноогоҳона, аз онҳо нагуфтааст...

 

БУТ КУ БУД!?

ДАР АКС: "...ғизои бад, фишори рӯҳӣ, таҳдиди ҷонӣ, мусулмон шудани иҷборӣ ва ояндаи торики сарнавишти хадама" - и ИЛ-76

Дар воқеъ зиндагии хадамаи русӣ дар Қандаҳор чандон бад набуд. Он чӣ дар достонҳои Шарпатов гуфта ва дар филми “Қандаҳор” нишон дода мешавад, бо аксҳои он рӯзҳо, ки баъдан чоп шуданд, мутобиқат надорад. Ин аксҳо нишон медиҳанд, ки халабонҳо ба унвони гаравгон нигаҳдорӣ мешуданд, на зиндонӣ. Сокинони маҳаллӣ ба таври мудовим ва бидуни монеъ бо онҳо тамос мегирифтанд. Докторе, ки аз Маскав омада буд, онҳо ва қандаҳориҳоро муоина мекард. Ширкати “Аэростан” низ муроқиби онҳо буд - намояндааш онҳоро хабар мегирифт, ғизо ва соири мавориди заруриро барояшон фароҳам месохт.

Пеш аз ин, нависандаи ин сутур достонҳои зиёдеро аз зиндониёни собиқи Толибон шунида будам. Достонҳои мутафовит ва бисёр тарсноке буданд. Ин ки аъзои хадамаи ИЛ-76 дар "қалб”-и Қандаҳор - пойтахти ифротитарин ҳукумати ҷаҳон, дуруст зери димоғи "амири ифротиён" Мулло Умар ва "террористи №1"-и ҷаҳон Усома ибни Лодан ба сар мебурданд ва ҳатто дар хонаи як мақоми Толибон бараҳна ва бо шалворак мегаштанд, саволот ва шубаҳоти зиёдеро эҷод мекунад. Ин асорат не, чизи дигаре буд.

Ғулом, халабони МиГ-и шикории Толибон, ки ба забони русӣ сӯҳбат мекард, фориғуттаҳсили мактаби русӣ ва аз коммунистҳои ҷиноҳи “Халқ” буд. Ӯ озодона бо халабонон мулоқот мекард. Халқиҳо ба раҳбарии Шаҳнавоз Танай, вазири дифоъи пешини Афғонистон (1988-1990) дар ҳукумати Наҷибуллоҳ (1986-1992), нақши умда дар амалиёти нерӯҳои низомии Толибон доштанд, тарроҳии амалиёт низомӣ ва истифода аз тонкҳо, аслиҳаи сақила ва ҳавопаймоҳо ҳама марбути онҳо мешуд.

ДАР АКС: – Ғулом, халабони толиб ва Мунир Файзулин, намояндаи ширкати “Аэростан”, ки хадамаро ҳамеша хабар мегирифт

Александр Маловечкин дар даҳаи 90 ба унвони механики парвози AН-12 кор мекард (муддате мудири кулли ширкати “AirUnion” низ буд). Ӯ дар масири Аморот-Афғонистон парвозҳо анҷом дода ва дар даврони асорати халабонон ба Қандаҳор низ рафта буд. Вай достони мутафовитеро таъриф мекунад. Ба нақли қавл аз касе ба номи Азиз, ки дар майдони ҳавоии Қандаҳор ба унвони танзимгари парвозҳо (диспетчер) кор мекард, вай мегӯяд, Шарпатов ба хубӣ медонист, ки ҳомили маҳмулаҳои ғайриодӣ аст ва ба ӯ ҳушдор дода шуда буд, ки аз масири Қандаҳор парвоз накунад, зеро Толибон аз ин мавзӯъ иттилоъ доранд ва қасд доранд ҳавопайморо боздошт кунанд.

Интиқоли 30 тон муҳиммоти нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъудро ширкати “Трансавиа” – и қочоқчии маъруфи аслиҳа Виктор Бут анҷом медод. Бут дар Тоҷикистон ба дунё омада, фориғуттаҳсили донишгоҳҳои низомӣ ва ҳавонавардии Русия буд. Дар авоили даҳаи 90-и қарни гузашта, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ӯ ширкати “Трансавиа”-ро таъсис дод, ки кораш ҳамлу нақли амволи ғайринизомӣ ва низомӣ дар саросари ҷаҳон буд. Аммо дар соли 1996 ӯ ба андозаи имрӯз машҳур набуд. Ӯ ҳамроҳ бо Замир Кобулов ва дигар миёнаравон дар раҳоии халабонон нақш дошт.

Дар соли 2008, Бут ба дархости амрикоиҳо дар Таиланд боздошт гардида, баъдан ба Амрико таҳвил дода шуд. Иёлоти Муттаҳида ибтидо ӯро ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кард. Баъдан маълум шуд, ки Бут ба кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин силоҳ интиқол медод. Пас аз ҳодисаи ИЛ-76, Алқоида ва Толибон низ муштарии ӯ шуданд. Бар асоси иттилои истихбороти Бритониё (MI6), Бут танҳо барои Толибон дар ҳаҷми 30 то 50 миллион доллар аслиҳа ирсол кардааст.

Амирӣ мегӯяд, муҳиммоте, ки ИЛ-76 барои нерӯҳои Масъуд мебурд, бар асоси тавофуқ ва бо миёнҷигарии русҳо, на аз Албания, балки дар Булғория харидорӣ шуда буд. Дар соли 1998, Масъуд як бор таъйид кард, ки аз "мафияи Русия" силоҳ дарёфт мекунад.

ДАР АКС: Муоинаи сокинони Қандаҳор аз сӯи духтури хадами ИЛ-26.

Дар он замон кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Албания ва Булғория, аввалин гомҳоро барои узвият дар Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) бармедоштанд. Онҳо дигар ниёзе ба силоҳҳои боқимонда аз узвияти худ дар Паймони Варшава (1955) надоштанд. Силоҳҳои Шӯравӣ табдил ба як колои тиҷорӣ шуд ва ширкатҳое монанди Трансавиа онҳоро аз Аврупои Шарқӣ ба нуқоти мухталифи ҷаҳон ҳамл мекарданд.

Ин шоеа, ки Толибон мехоҳанд халабонони русро ба Ҷавҳар Дудаев таҳвил диҳанд, аз ҳамон ибтидо матраҳ буд. Фақат маълум набуд, ки раҳбари чечен қарор аст бо онҳо чӣ кунад. Ҳамчунин шоеае вуҷуд дошт, ки ҳатто Минтемир Шаймиев, раисҷумҳури Тотористон, ба ҳамин муносибат бо намояндагони Дудаев дар Шарҷа дидор кардааст. Аз ин ки Дудаев то чӣ ҳад тавонист Толибонро барои истирдоди зиндониён мутақоид кунад, ҳеҷ чиз маълум нест. Аммо сафари Ваха Иброҳимов ба Исломобод нишон медиҳад, ки чечениҳо дар ин замина муваффақияте надоштаанд.

Тамом ин маворид, ба нӯги кӯҳ яхе мемонад, ки баданаи аслии он зери об аст, ҳеҷ кас бар баданаи аслии махфии ин ҳодиса таваҷҷуҳ накард.

 

“ТАРҲИ ЗОҲИРШОҲ”

ДАР АКС: Бурҳонуддин Раббонӣ низ дар ҳузури Рейган буд, аммо ҳукуматашро Амрико қабул накард

 Дар тобистони 1996, Робин Рафел (Robin Raphel), дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, севумин ва охирин дидори худро бо Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири дифоъ Афғонистон дар Қасри Истолифи вилояти Парвон баргузор кард. Ӯ ба Масъуд гуфт, манофеъи Амрико пушти Толибон аст ва ӯ бояд бо онҳо канор биёяд. Вай гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад як ҳукумати технократ эҷод кунад ва ҷанги Масъуд бо Толибон ба барномаи онҳо халал мерасонад.

Амрикоиҳо ҳукумати Раббонӣ - Масъудро ба чанд далел намепазируфтанд: 1) Амрико дар эҷоди он ширкат накард; 2) Тоҷикҳо бо Эрон, рақиби сарсахти Амрико ва Арабистони Саудӣ, пайвандҳои қавмӣ ва забони муштарак доранд. Туркӣ Файсал, вазири амнияти Арабистон, ба сароҳат мегуфт, ки Масъуд ва муҷоҳидонаш ба забони эрониҳо сӯҳбат мекунанд; 3) Покистон, шарики стратегии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа, аз паштунҳо ҳимоят мекард ва мисли Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ мехост таҳтулҳимояи худро ба тоҷу тахти Афғонистон бирасонад. Чизе, ки Масъудро алайҳи он барангехт; 4) Тоҷикҳо аз сӯи Амрико, вориси Инглис дар сиёсатҳои минтақа, ҳеҷ гоҳ як шарики аслӣ арзёбӣ намешуданду нахоҳанд шуд. Ҳузури 20-солаи Амрико дар Афғонистон собит кард, ки ҳарчанд бо зӯри тоҷикҳо ва дигар ғайрипаштунҳо дар минтақа ҷойи по пайдо кард, аммо ҳеҷ гоҳ бо онҳо рӯи хуш нишон надод ва дар ниҳоят дигарбора қудратро ба Покистону паштунҳо таслим кард.  

Масъуд ба сароҳат ба Рафел гуфт, агар мехоҳанд ҳукумати худро бар мардуми Афғонистон таҳмил кунанд, ин комилан ғайри қобили қабул аст. Пакулашро рӯйи миз андохт ва ҳамон суханони таърихии худро ба забон овард: “Агар дар Афғонистон замине ба андозаи ин пакул бошад, ман бо як по рӯи он меистам ва бо шумо меҷангам”.

Амрикоиҳо ҳукумати гуруҳи мазҳабие назири Толибонро низ намепазируфтанд. Онҳо барномаи мутафовите доштанд - эҷоди як давлати муваққат ба раёсати Зоҳиршоҳ, подшоҳи собиқи Афғонистон (1933 - 1973). Аммо ин тарҳ низ ҷадид набуд.

Дар ин ҷо мо ба ҷузъиёти бештаре ниёз дорем то бифаҳмем, ки қазияи халабонони рус чӣ нақше дар таърихи Афғонистон ва рақобати абадии Русия ва Амрико ё ба истилоҳ, "Бозии бузурги ҷадид" доштааст.

ДАР АКС: Зоҳиршоҳ бо хонумаш Ҳумайро Бегим дар ҳузури раисҷумҳури Амрико Ҷон Кеннеди (1973).

Зоҳиршоҳ як раҳбару шахсияти истисноӣ дар таърихи Афғонистон аст. Агарчи ҳукуматаш шоҳӣ буд, аммо 40 соли салтанати ӯ шояд танҳо бахше аз таърих буд, ки Афғонистон дар сулҳу рифоҳ зиндагӣ кард ва аввалин гомҳоро дар ҷиҳати тавсеаи демократия бардошт, чизе, ки дар бархе кишварҳои ҳамсоя аслан дида намешуд. Мардуми Афғонистони хаста аз ҷангҳои тӯлонии даҳаҳои 80-90, он замон аз даврони Зоҳиршоҳ ба некӣ ёд мекарданд. Вай ба намоди сулҳ, амният, ислоҳот ва тавсеа табдил шуда буд. Аз ин рӯ, нерӯҳои дохилӣ ва қудратҳои берунӣ ба ҳар тариқи мумкин саъй дар ҷазби ӯ барои иҷрои барномаҳои худ мекарданд.

Аввалин ҳомиёни Зоҳиршоҳ дар миёни муҷоҳидин зоҳир шуданд. Аз ҳафт ҳизби “Ҳафтгонаи Пешовар”, се ҳизб (Ҳаракати инқилоби исломии Муҳаммаднабии Муҳаммадӣ (ҳизбе, ки яке аз фармондеҳонаш Мулло Умар, раҳбари Толибон буд), Муҳози миллии Саид Аҳмад Гелонӣ ва Ҷабҳаи наҷоти Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ), ки “муътадил” хонда мешуданд, салтанатталаб ё монархист буданд. Онҳо ҳатто аз Зоҳиршоҳ хостанд, ки раҳбарии ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва режими он дар Кобулро ба даст гирад то як ҳукумати демократии мунтахабро дар Афғонистон ба қудрат бирасонад. Аммо раҳбарони чаҳор ҳизби дигар, аз ҷумла Бурҳонуддин Раббонӣ ва Гулбиддин Ҳикматёр, ки “родикол” ё “тундрав” хонда мешуданд, ин пешниҳодро напазируфтанд ва аз “низоми исломӣ” ҳимоят карданд.

Дар 13 ноябри 1986, сафорати Шӯравӣ дар Кобул номаи маҳрамонае ба Бюрои Сиёсӣ дар Маскав фиристод. Дар он аз қавли доктор Наҷибуллоҳ, раҳбари ҷадиди Афғонистон, гуфта мешуд, ки Зоҳиршоҳ бояд бозгардонда ва ба раёсати Ҷабҳаи миллии Падари Ватан ё раиси парлумон мансуб шавад. Дар ҳамон рӯз, Бюрои Сиёсии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба раёсати Михаил Горбачёв, ҷаласае ташкил дод ва ин вазифаро таъйин кард, ки барои ҳалли буҳрони Афғонистон, лозим аст бо шоҳи собиқ тамос барқарор шавад. Дар он замон Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба ин натиҷа расида буд, ки байни коммунистҳо ва мухолифони исломии онҳо ҳеҷ гоҳ оташбас барқарор нахоҳад шуд, бинобарин як маркази сиёсии мӯътадил ба раҳбарии Зоҳиршоҳ бояд эҷод шавад то ба ҷанги дохилӣ поён диҳад. Дипломатҳо ва истихбороти Шӯравӣ чандин бор бо Зоҳиршоҳ тамос гирифтанд, аммо ин талошҳо натиҷаи мусбате надошт.

Дар соли 1987, аввалин пешнависи оташбасро Диего Гордовез (Diego Cordovez), фиристодаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон ироа кард. Ин тарҳ эҷоди як ҳукумати эътилофӣ бо мушорикати муҷоҳидин, паноҳандагон, афроди нухба, коммунистҳо ва раҳбарони сиёсии Афғонистонро, ки дар табъид буданд, дар назар дошт. Вашингтон, Исломобод ва муҷоҳидин онро напазируфтанд. Онҳо дар ҳукумати оянда ҷое барои коммунистҳо ва подшоҳи собиқ ба номи Зоҳиршоҳ намедиданд.

Вашингтон дар соли 1990 бархӯрди худро тағйир дод ва бо Зоҳиршоҳ дар масъалаи ташкили ҳукумати муваққат тамос гирифт. Маскав аз ин тарҳ ҳимоят намуд, аммо муҷоҳидин онро рад карданд. Вашингтон, бавежа ҳангоме, ки дар Пешовар Сайид Баҳоуддин Маҷрӯҳ, сиёсатмадор ва равшанфикри афғонро террор карданд, сахт асабонӣ шуд. Гулбуддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро ба қатли ӯ муттаҳам карданд. Маҷрӯҳ як назарсанҷӣ дар миёни муҳоҷирони афғон дар Покистон анҷом дод, ки дар он 72 дарсад ба унвони раҳбари ояндаи Афғонистон Зоҳиршоҳро бар раҳбарони муҷоҳидин тарҷеҳ доданд.

Дар январи 1992, Бутрос Ғолӣ (Boutros Boutros-Ghali), дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон даъват кард то феҳристе аз намояндагони худро ба як нишасти миллӣ барои ташкили ҳукумати муваққат ва баргузории интихобот ироа кунанд. Наҷибуллоҳ омодагии худро барои интиқоли қудрат ба Зоҳиршоҳ, на муҷоҳидин, ки натавонистанд ӯро шикаст диҳанд, иброз кард. Ин тарҳро муҷоҳидин рад намуданд ва ҳатто як рӯйхат ҳам ба Созмони Милал ироа нашуд.

ДАР АКС: Аҳмадшоҳ Масъуд – бозигари моҳири “тахтаи шатранҷ”-и “Бозии бузург”

Фармондеҳ Масъуд низ барои Зоҳиршоҳ барномаҳои хоси худро дошт. Вай дар соли 1994 дар шаҳри Ҳирот Шӯрои аҳли ҳаллу ақдро, ки яке аз мароҷеъ таъйин зимомдор дар фиқҳи исломӣ аст, ташкил дод. Ҳадаф интиқоли қудрати иҷроӣ ба як ҳукумати бетараф ва технократ буд. Ӯ Раббониро мутақоид карда буд, ки “кобина бояд иҷроӣ бошад на сиёсӣ!”. Тибқи барномарезиҳои Масъуд, Раббонӣ раисҷумҳур боқӣ мемонд, аммо нахуствазир қудрати иҷроиро ба даст медошт. Интихоби вай доктор Муҳаммад Юсуф, нахуствазири собиқи ҳукумати Зоҳиршоҳ дар “даҳаи демократия” буд. Исмоилхон, ки дар он замон волии Ҳирот буд, ин тарҳро хароб кард. Доктор Юсуф ба Аврупо бозгашт.

Шӯрои машваратӣ тарҳи дигаре буд, ки дар соли 1994 аз сӯи Маҳмуд Местирӣ (Mahmoud Mestiri), фиристодаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон ва пас аз машварат бо Зоҳиршоҳ матраҳ шуд. Шӯро аз Раббонӣ хост, ки қудратро ба Зоҳиршоҳ биспорад. Ин тарҳ даъвати Луи Ҷирга, шӯрои саросарии Афғонистонро дар назар дошт, ки бояд як ҳукумати муваққат ё интиқолиро эҷод мекард. Раббонӣ, Ҳикматёр ва дигар раҳбарон бо ин тарҳи Созмони Милал мувофиқат карданд.

Аммо ин дақиқан ҳамон замоне буд, ки туллоби мадориси динӣ дар уфуқи Афғонистон зоҳир шуданд. Ин оғози фасли ҷадиде дар буҳрони Афғонистон буд. Ҳукумати Раббонӣ-Масъуд, аз тариқи Ашрафшоҳ, мушовири иқтисодии раисҷумҳур Раббонӣ, ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе паём дод, ки то замоне, ки ин бачаҳо - Толибон ба ин тарҳ напайванданд, қудратро ба ҳукумати муваққат вогузор нахоҳад кард.

 

"Бачаҳои хуб"-и Амрико

Дар акс: Толибу низомии покистонӣ – як лашкар дар ду либос

Дарвоқеъ Толибон аз масири мутафовит ва бар асоси тарҳе мутафовит, ки аз сӯи Покистон, Амрико ва Арабистони Саудӣ таҳия ва иҷро шуда буд, ба майдони ҷанги Афғонистон партоб шуданд. Созмони Милал ҳеҷ иртиботе бо ин тарҳ надошт. Ҳадди ақал дар ин маврид ҳеҷ мадраке вуҷуд надорад.

Дар декабри 1992, Осиф Алӣ Навоз, раиси ситоди артиши Покистон, бо иттифоқи 10 тан аз сарони қабоили марзии Покистон, махфиёна бо Зоҳиршоҳ дар Италия мулоқот кард. Пас аз ин сафар, Навоз ба таври мармузе даргузашт. Ҷойи ӯро генерал Ваҳид, як паштуни покистонӣ гирифт.

Аммо тавофуқоти миёни Навоз ва Зоҳиршоҳ вориди марҳалаи иҷро шуданд. Аз ҷумла, ду мавриди хос марбут ба шоҳи пешин буд: 1) таблиғ ба нафъи Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар манотиқи марзии паштуннишини Афғонистон ва 2) таҷдиди фаъолиятҳои намояндагии вай дар Покистон.

Ин ду банд бахше аз як тарҳи бузургтар буд, ки шомили ривоҷи фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар Кашмир, Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Югославия ва Русия мешуд. Онро истихбороти Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё пуштибонӣ мекарданд, ки иҷрояшро Покистон ва сармоягузориашро Арабистони Саудӣ ба дӯш доштанд. Дар Тоҷикистон (1992-1997), Босния (1992-1995) ва Чеченистон (1994-1996) ҷангҳои дохилӣ бо мушорикати "форғуттаҳсилони мактаби ҷиҳоди Афғонистон" – аъзои "Алқоида" ва дигар созмонҳои террористӣ шомили ин тарҳ мешуданд. Қабл аз онҳо ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ миёни Арманистону Озарбойҷон (1992-1994), ҷое, ки муҷоҳидини Ҳизби исломии Ҳикматёр низ дар он ширкат карданд, низ бахше аз ин тарҳ маҳсуб мегардид.

Бар асоси ин тарҳ қарор буд ҳукумати Раббонӣ дар Кобул бо таблиғоти густурда ва эҷоди ихтилофу даргириҳои мазҳабиву қавмӣ сарнагун шавад. Муҷоҳидин – “радикал”-ҳое, ки дар қудрат бар алайҳи Зоҳиршоҳ буданд, бояд аз саҳнаи сиёсӣ маҳв мешуданд ва Зоҳиршоҳ ба қудрат баргаштонда мешуд. Нерӯе, ки ӯро бояд ба қудрат мерасонд, дақиқан ҳамин Толибон буд.

Дар акс: Робин Рафел, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон – табассуме, ки пешқаровули оҳу афғони Афғонистон аз дасти “лашкари сиёҳ” шуд

Сиддиқ Чакарӣ, муовини Раббонӣ дар ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки шоҳиди дидорҳои Рафел ва Масъуд буд, мегӯяд, замоне, ки Толибон ҳанӯз дар Ҳилманд, Қандаҳор ва Ғазнӣ буданд, хонум Рафел возеҳ гуфт: "Онҳо сарбозони Зоҳиршоҳ ҳастанд, бо онҳо ҷанг накунед".

Амирӣ мегӯяд, дар соли 1994 замоне, ки замзамаҳое мабнӣ бар як нерӯи ҷадид дар минтақа ба гӯш мерасид, барои дидор бо Насруллоҳ Бобур, вазири кишвари ҳукумати Беназир Буто, рафт. “Вақте дар утоқи интизори дафтари Бобур нишаста будам, дар боз шуд ва чанд нафар бо риши баланду амомаҳои бузург берун омаданд. Тааҷҷуб кардам, ки онҳо чӣ мардуме ҳастанд”, - гуфт Амирӣ.

Инҳо Толибон буданд ва Бобур “падархонда”-и онҳо. Амирӣ мегӯяд, вақте он чиро, ки дид ба Масъуд қисса кард, фармондеҳ гуфт: “Дар оянда мо маҳз бо ин нерӯ хоҳем ҷангид”.

Дар поёни он сол, Амирӣ ба Исломобод сафар кард то дар мулоқот бо созмонҳои хайрияи хориҷиву байнулмилалӣ роҳҳое барои ҷазби кӯмакҳои башардӯстона ба паноҳандагони дохилиро пайдо кунад (пас аз суқути Кобул ва Шимолӣ мардуми зиёде ба дараи Панҷшер паноҳ бурда буданд). Вай бо муовини сафири Амрико дар Покистон бо номи хонаводагии Новак дидор кард. Вақте сӯҳбат аз Толибон, ки тоза вориди Афғонистон шуда буданд ва пешрафтҳои чашмгире доштанд, рафт, Новак гуфт: “Онҳо бачаҳои хубе ҳастанд! (They are good guys!)”

ДАР АКС: Зинда ба зинда гӯрондани инсонҳо аз сӯи "бачаҳои хуб"

Вилоёти ҷанубӣ - Қандаҳор, Урузгон, Ҳилманд, Ҳирот, Фароҳ ва Нимрӯз - муҳиммтарин пойгоҳҳои мардумии Зоҳиршоҳ маҳсуб мешуданд. Аз шаҳристони Спинбулдаки Қандаҳор, ки дарвозаи ин вилоёт буд, Толибон дар 12 октябри 1994 вориди Афғонистон шуданд. Аз 5 ноябри 1994 то 5 сентябри 1995 Қандаҳор, Урузгон, Ҳилманд, Пактиё, Пактико, Хуст, Нимрӯз, Фароҳ, Ғазнӣ, Ҳирот ва ду вилояти ҳамҷавори Кобул - Вардак ва Лугарро ишғол карданд. Номи Зоҳиршоҳ пирӯзиҳои барқосои онҳоро осон мекард. Посгоҳҳои пулис ба содагӣ ё дар ивази ришваи ночиз таслим мешуданд.

Агарчи ҳомиёни Толибон - Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Арабистони Саудӣ - тарҳи Зоҳиршоҳро гом ба гом иҷро карданд, аммо “туллоби хашин” пас аз ҷангҳо ва пирӯзиҳои бисёр, ба ин натиҷа расиданд, ки дигар ниёзе ба подшоҳи собиқ надоранд. Дар 4 апрели 1996, Мулло Умар, раҳбари онҳо ҳудуди 1500 шайху олими динро дар Қандаҳор ҷамъ кард ва дар ҳузури онҳо худро дар хирқаи ҳазрати Муҳаммад (с) печид. Ин ба маънои даъвои ӯ натанҳо ба Афғонистон, балки ба тамоми ҷаҳони ислом буд. Ӯро “амирулмуъминин”, яъне амир ё пешвои тамоми муъминон хонд, ки болотарин мақоми мазҳабӣ ва сиёсӣ дар ислом аст.

Дар 19 апрел, хонум Рафел барои рафъи ин “ҳилаи шаръӣ” вориди Қандаҳор шуд. Бар асоси як паём аз сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Покистон, Толибон, ки аз қабл тарфандҳои сиёсатро медонистанд, ба ӯ итминон доданд, ки ба барномаи Созмони Милал барои ташкили ҳукумати муваққат пойбанд хоҳанд буд.

Ҳамчунин тавофуқ шуда буд, ки Толибон вориди Кобул намешаванд. Тарҳи “На Раббонӣ ва на Толибон дар ҳоли таҳаққуқ буд. Маҳмуд Местирӣ гуфт, ки на Толибон метавонад Кобулро бигирад ва на Масъуд қудрати тасарруфи Қандаҳорро дорад. Ҳатто агар Толибон Кобулро ишғол кунанд, бақия манотиқ чигуна исломи навъи дигареро, ки мушаххасаи Толибон аст, хоҳанд пазируфт? – мепурсид ӯ. Дипломат ба дурустӣ ташхис дода буд, ки Афғонистон дар остонаи як ҷанги ҷадид қарор дорад.

Дар чунин бурҳаи ҳассосе аз таърихи ҷангҳои Афғонистон буд, ки қазияи халабонони рус нақши худро ифо кард. Агар Русия дар чунин шароите иқдом намекард ва нақшаҳои Амрикову шарикони онро барбод намедод, Русия набуд ва ҳам намешуд.

Толибон барои тасарруфи пойтахт - Кобул ва Ҷалолобод - шаҳри калидӣ дар ҷанубу шарқи кишвар ба пул ниёз доштанд. Дар Покистон низ инро мехостанд, аммо наметавонистанд чунин маблағи қобили таваҷҷуҳеро фароҳам кунанд ва ҳам касе дар Исломобод намехост бо Амрико ва Арабистони Саудӣ, ки мухолифи тасарруфи Кобул буданд, сар ба сар шавад. Дар ин марҳала Русия ба кӯмаки Покистон ва Толибон омад. Ба гуфтаи Амирӣ, бо миёнҷигарии покистониҳо, тавофуқи маҳрамонае байни Толибон ва ҳайати русӣ ба раҳбарии Замир Кобулов сурат гирифт. Бар асоси он, русҳо ба баҳонаи раҳоии гаравгонҳо мутааҳҳид шуданд то ҳамон маблағи бузурги мавриди ниёзи Толибонро фароҳам созанд.

Дар акс: Селфии Толибон бо ҷанозаҳои Наҷибуллоҳ ва бародараш. Толибон Наҷибуллоҳ, раҳбари Афғонистон ва дастнишондаи Иттиҳоди Шуравро дар ҳамон рӯзи аввал ба дор овехтанд

Амирӣ мегӯяд, ки русҳо 12 тон банкнотҳои даҳҳазорафғонигии пули Афғонистонро дар яке аз фабрикаҳои ширкати Гознак дар Санкт-Петербург чоп карда, дар моҳи августи 1996 бо ҳавопаймо ба Қандаҳор интиқол доданд. Бад-ин тартиб, дар муддати бисёр кӯтоҳе, Ҷалолобод (11 сентябр) ва Кобул (27 сентябр) ва бо ҳамон шеваи қадим – бо ришва додан ба посгоҳҳои пулис – ба дасти Толибон афтоданд. Масъуд низ бидуни ҳеҷ муқовимате пойтахтро тарк кард, шояд ба эҳтироми русҳо, шарикони воқеии худ ва посухе амалӣ ба Робин Рафел. Ин ҳам ҷолиб аст, ки дар 31 август, русҳо муваффақ шуданд, ҳарчанд ба нафъи онҳо набуд, аввалин ҷанги Чеченро мутаваққиф кунанд.

Пас аз суқути Кобул, Салмон Амрӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Афғонистон ба дидори Мулло Ҳасан Охунд, вазири умури хориҷа (ҳоло раисулвузаро)-и Толибон дар қасри Гулхонаи Кобул омад ва тамоми хашми худро бар сари вай рехт ва харобкориву иқдомоти худсаронаи Толибонро маҳкум кард. Амрӣ пеш аз ин бо Мулло Ҳасан ва Мулло Раббонӣ, дувумин раҳбар пас аз Мулло Умар дар силсиламаротиби Толибон, тавофуқ карда буд, ки Толибон вориди Кобул нахоҳанд шуд.

Маълум нест 12 тон коғаз барои русҳо чӣ қадар ҳазина дошт, аммо Русияву Покистон кори худро анҷом доданд ва Амрикову Арабистони Саудиро ғофилгир карданд. Дафтари шоҳи собиқ дар Италия барои ҳифзи боварии онҳо ба “тарҳи Зоҳиршоҳ” бо интишори баёнияе эълом кард, ки шоҳи собиқ ба зудӣ ба Афғонистон боз хоҳад гашт. Аммо то замоне, ки Толибон он ҷо буданд, қадами шоҳ ба Кобул нарасид.

ДАР АКС: Залмай Халилзод - пешвои неотолибонизм

Иёлоти Муттаҳида низ дар ин шикаст гир намонд. Тарҳи ҷиддитаре вуҷуд дошт. Дар соли 1997 - дар замони раёсатиҷумҳурии Бил Клинтон - Залмай Халилзод, яке аз ҳомиёни "тарҳи Зоҳиршоҳ" (падараш мушовири подшоҳи собиқ буд) ва дар он рӯзҳо мушовири ширкати нафти амрикоии "Юнокал", тавонист сафари ҳайати Толибон ба Вашингтонро барои ҷазби онҳо дар пружаи хатти лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд) созмондеҳӣ кунад. Ин пружа шикаст хӯрд ва албатта, на бидуни талоши Масъуд ва муттаҳидонаш - Русияву Эрон.

 Дар 15 июли 1999, дар шаҳри Кветтаи Покистон, Толибон сенатори собиқ Абдулаҳад Карзай, яке аз миллигароёни барҷастаи Афғонистонро террор карданд. Ҳодиса пас аз дидори вай бо Зоҳиршоҳ дар Рим рух дод. Ин амр хашми Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Милалро барангехт, зеро Толибон ба сароҳат эълом карданд, ки "тарҳи Зоҳиршоҳ" дигар набояд мавриди баҳс қарор гирад ва онҳо танҳо қудрати воқеӣ дар Афғонистон ҳастанд.

Аммо Иёлоти Муттаҳида подшоҳи собиқро фаромӯш накард. Абдулаҳад Карзай падари Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон (2001-2014) буд, ки бо кӯмаки амрикоиҳо ва Ҷабҳаи муттаҳиди бозмонда аз Масъуд ба қудрат расид. Ҳукумати муваққат ва пас аз он давлати технократҳову муҷоҳидин, ки ба раҳбарии Залмай Халилзод эҷод шуд, идомаи мантиқии он “тарҳи Зоҳиршоҳ” буд. Амрико ба Русия чунин посух дод. Аммо ҳузури 20-сола ва фирори аҷулонаи Амрико ва НАТО дар Афғонистон нишон дод, ки русҳо низ бекор нанишастанд ва посухи худро доданд.

 

ЧАРХИ ТАЪРИХ

Дар акс: Homo Tolibus – кашфиёти ҷадиди истихбороти ҷаҳонӣ барои Афғонистон.

Дар 18 апрели 2002, Зоҳиршоҳ 29 сол пас аз табъид, аммо ба унвони як афғони одӣ ба ватан бозгашт. Ӯ ҳамчунон таҳдиде барои ҳокимони ҷадиди Кобул боқӣ монда буд, зеро тарафдорону мухолифони бисёре аз низоми салтанатӣ дар кишвар, қабл аз ҳама, ҳамон муҷоҳидин дар қудрат ҳузур доштанд. Аммо ӯ иддаои тоҷу тахт накард, зеро хеле пир шуда буд, ҳатто ба сахтӣ сӯҳбат мекард. Унвони "Бобои миллат" ба ӯ эъто шуд ва дар соли 2007 ин дунёро тарк кард.

Дар 5 апрели 2012 як додгоҳи амрикоӣ Виктор Бутро ба 25 соли зиндон маҳкум намуд. Мушаххас нест, ки ӯ чӣ қадар бо истихбороти Русия дар иртибот буд, аммо ахбори қазияи ӯ нишон медод, ки амрикоиҳо низ ба иртиботи ӯ бо Керемл алоқаманд буданд. Маскав низ ба сарнавишти ӯ бетафовут набуд ва дар ниҳоят - 8 декабри 2022 - ин “молики як ширкати ҳавопаймоии хурд” - ро бо Бритни Грайнер, як зани баскетболбози “чарсӣ” – и амрикоӣ мубодила кард.

Ваха Иброҳимов соли 1996 ба Чечен бозгашт. Вай муддате фиристодаи вежаи ҳукумати Ичкерия дар Иморати исломии Афғонистон буд. Муддате дар ҳукумати Аслон Масҳадов ва Шомил Басаев кор кард. Дар соли 1999 барои созмондеҳии кӯмакҳои молӣ ва пуштибонии луҷистикӣ барои ҷангиёни чеченӣ дар ҷанг алайҳи Русия ба Боку рафт. Дар ҳамон шаҳр дар соли 2003 аз сӯи афроди ношинос кушта шуд.

16 январи 2000, ҳукумати Толибон ба таври расмӣ ҷумҳурии чечении Ичкерияро ба расмият шинохт ва дар 23 январ сафорати он дар Кобул ифтитоҳ ва Салимхон Яндарбиев аввалин сафир мансуб шуд.

Толибон, ки ҳукуматашон дар даври аввал (1996-2001) расман аз сӯи ҷаҳон эътироф нашуд, дар соли 2001 суқут карданд ва дубора 15 августи соли 2022 ба қудрат расиданд. Русия яке аз кишварҳое буд, ки онҳоро дар муқобили Амрико ва НАТО ҳимоят мекард. Аммо ин дафъа низ ҳукумати онҳоро касе омода нест ба расмият шиносад.

Залмай Халилзод ва Замир Кобулов ба сарбозони аслии "Бозии бузурги ҷадид" дар "саҳнаи Афғонистон" табдил шуданд. Пас аз соли 2001 ҳар ду сафирони кишварҳои худ дар Кобул ва баъдтар фиристодагони вижа дар умури Афғонистон буданд. Халилзод бо имзои тавофуқномаи Доҳа дигарбора қудратро ба Толибон, ки яке аз лоббиҳои маъруфашон Кобулов маҳсуб мешавад, баргардонд. Халилзод рафт, Кобулов ҳамоно дар майдон аст, аммо бозӣ идома дорад. Агар Халилзод дубора баргардад, иттифоқи аҷибе намеафтад. Ин ҷо Афғонистон ва ин ҳам "Бозии бузург" аст. 300 сол аст, ки ҳеҷ кас дар ин майдон баранда намешавад...

Аз замони қазияи халабонҳои рус ҷаҳон борҳо тағйир кард, аммо он чӣ тағйир намекунад, Афғонистон ва мардумаш ҳастанд, ки ҳамеша дастхуши ҳаводис ва иттифоқоти ногувори сарнавиштанд.

Аммо агар Толибон дар соли 1996 халабонони русро ба чеченҳо таҳвил медоданд ва сари буридаи хони қазоқ ба дасти онҳо меафтод, оё чархи таърих ба гунае дигар мечархид?

Гузаштаро наметавон тағйир дод, аммо таърихро метавон ба гунаи дигар ривоят кард. Магар танҳо чизеро, ки ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас наметавонад тағйир диҳад ё пинҳон кунад, ҳақиқат аст.

Бо баёни достони фирори халабонони рус нависанда даъвои баёни тамоми ҳақоиқи марбут ба ин қазияро надорад. Чӣ басо аз завоёи ин қазия ҳанӯз ҳам аз дид пинҳон нигаҳ дошта шуда бошад, аммо он завоёи пинҳон низ рӯзе бармало хоҳанд шуд ва ҳеҷ аҷиб нахоҳад буд агар таъйиде бошад бар ривояте, ки мо аз ин ҳодиса ироа кардем.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!