Хабари рӯз

Як свотии тоҷик аз таърих мардумаш чӣ медонад?

Нависанда: Муҳаммад Ориф Ҳасан Охундзода, таҳлилгар

Дар акс: оромгоҳи ҷадди ман - Мирсаид Комилшоҳ (Охунд Зафар Бобо) воқеъ дар рустои Панҷпоу дар Шабқадар.

Агар касе аз як свотии огоҳ дар мавриди бархе аз ҳақоиқи асосӣ дар мавриди подшоҳи Свот (Свод-Габр), ки аз 1190 то 1520 вуҷуд доштааст, савол шавад – инҳо посухҳое аст, ки ӯ ба эҳтимоли зиёд дар посух медиҳад:

ҚАЛЪАҲО ВА ҲИСОРҲОИ СВОТӢ:

1 - Манглавар, воқеъ дар маркази дараи Свот.

2 - Қалъаи Габркут дар Боҷавур.

3 - Қалъаи Ҳисори Беғам дар рустои Ҷалола шаҳристони Мардон.

4 - Қалъаи Ҳисори Баҳлул, дар Сари Баҳлул, Мардон.

5 - Қалъаи Лоҳур, дар дараи Ниҳог, дар Дир.

6 - Қалъаи Ҳисори Ҳаштнагар, наздик Умарзай, шаҳристони Чорсада (дар бораи ин қалъа гуфта мешавад, ки аз шаҳри Пешовар дар як рӯзи равшан то замони ҳукумати Бритониё қобили мушоҳида будааст).

Чандин сохтмони барҷастаи дигар дар сартосари Кашмир вуҷуд дорад, аз замони ҳукумати Шоҳмирӣ.

[Манобеъ: китобҳои Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Раҳматхон Барич, саргурд Раверти]

СИККА ВА АРЗИ СВОТӢ: Свотиҳо аз сиккаҳои мухталифи тило, нуқра ва мис истифода мекарданд, ки аз Ғӯриён, салтанати Деҳлӣ ва салтанати Шоҳмирии Кашмир гирифта шуда буд [Манобеъ: ҳамон тур, ки дар боло зикр шуд. Ҳамчунин Рафиқӣ]

ЗАБОНИ РАСМИИ ДАВЛАТ ДАР ПАКҲЛИ-САВОД-ГАБР форсӣ буд [ҳамон тур, ки дар номаҳо ва мукотибот байни салотини свотӣ, мақомот ва Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дида мешавад]. Тоифаи салтанати свотӣ ба шакли бостонии дарии пеш аз ислом ба номи габрӣ сӯҳбат мекарданд.

Бархе аз ШАХСИЯТҲО, МАҚОМОТ ВА БУЗУРГОНИ МУҲИМ дар замони охирин Подшоҳии Свотӣ – Султон Увайс (1520) [аз манобеъи суннатӣ]: Мир Ҳиндо Додал, Мир Фаррухзод, Мир Раис, Мир Ҳашмолӣ, Мир Аҷун, Мир Ҷамол, Малик Ҳайдаралии Габрӣ ва ғайраву ғайра.

МУҲИМТАРИН ВА БАРҶАСТАТАРИН ОЛИМ ВА ШАХСИЯТИ ДИНИИ муртабит бо Саводи Габр Ҳазрати Амири Кабир, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд, ки акнун дар Хатлони Тоҷикистон мадфун аст. Ў аз назари нажоди свотӣ набуд.

РАҲБАРОН ВА УЛАМОИ БАРҶАСТАИ МАЗҲАБИИ МУРТАБИТ БО СВОТИҲО ВА РЕШАҲОИ СВОТӢ – ПАС АЗ СУҚУТИ САВОД-ГАБР ДАР СОЛИ 1520 [манобеъи суннатӣ]:

1 - Охунд Панҷу Бобо (дар қарни 16 шукуфо шуд).

2 - Охунд Солик Дурронӣ (дар қарни 17 шукуфо шуд; Ў свотӣ набуд).

3 - Бобо Ҳорурии Свотиён.

4 - Миё Усмон ибни Ҳазрат Охунд Дарвеза (дар қарн 17 шукуфо шуд; Ў турктабор буд).

5 - Гул Вафо Свотӣ.

6 - Охунд Абдулғанӣ.

7 - Сайид Ҷалол Бобо Тирмизӣ (дар қарни 17 шукуфо шуд; Ў свотӣ набуд).

8 - Ҳоҷӣ Муҳаммад Қосим Шилмонӣ ва шогирдаш, ҷадди ман Ҳазрат Охунд Зафар Бобо Папинии Шабқадар (ҳар ду дар қарни 18 шукуфо шуданд).

9 - Шиммар Алӣ Бобо.

10 - Мир Абдуллоҳ Свотӣ (дар қарни 19 шукуфо шуд).

11- Мир Луч.

- Мир Алишер.

ҲАККОКИҲО ВА ОСОРИ МАРБУТ БА САВОДАБР: Ба гуфтаи муаррихи афғон Аллома Абдулҳай Ҳабибӣ, ҳаккокиҳо ва катибаҳои марбут ба Султон Пакҳал, подшоҳи бунёнгузори Подшоҳии Свот, дар дараи Печи вилояти Кунари Афғонистон пайдо шудааст.

Бархе афроди ғайримасъул иддао кардаанд, ки дар соли 1520 як китобхонаи азими Свотӣ ба дастури муҳоҷими Темурӣ Заҳируддин Бобур ба оташ кашида шуд, аммо ба далели адами вуҷуди манобеъи мӯътабар ва қобили қабул дар ин замина наметавон бо қатъият чизе гуфт.

МАҚБАРАҲО ВА ҚАБРҲОИ САЛОТИНИ СВОТӢ – АЗ ДАВРОНИ АВВАЛИЯ: инҳоро метавон дар маконҳои мутафовите монанди шаҳристони Малоканд пайдо кард. Гӯре, ки ба таври қобили эътимод гумон меравад дувумин подшоҳи свотӣ, Султон Баҳром (даргузашт ҳудуди 1200) бошад – дар Батикути вилояти Нангарҳори Афғонистон вуҷуд дорад.

 

ВАЗЪИЯТИ ВОҚЕИИ ФЕЪЛИИ КЛАНҲОИ СВОТӢ

Қабоили мухталифи ҷомеаи свотӣ, ки акнун дар Мансеҳраи Покистон мутамаркиз шудаанд – аз назари таркиби қавмӣ бисёр хос ҳастанд ва барои ин манзур шаҷараҳои хонаводагии худро бо диққат ҳифз мекунанд, ҳатто агар истифода аз забони аслӣ ва бештари ҳувияти тоҷикии худро аз даст дода бошанд.

Теъдоди бисёр каме – агар аслан вуҷуд дошта бошад – аз он замон дар 500 соли гузашта аз замони вуқӯъи фоҷиа ва берун рондани мардуми мо аз зистгоҳи аслӣ ва воқеии худ ба макони аслии худ дар Свот ва дигар нуқоти он сӯи рӯдхонаи Синд бозгаштаанд. Иддае ҳастанд, ки ақиб монданд ва тарҷеҳ доданд ҳувияти худро аз даст бидиҳанд.

Хонаводаи Охундзодаи Папинии худи ман дар Шабқадар як истиснои бисёр нодир ва бисёр шинохташуда аз ин қоида аст… Шаҷараи қабилаи ман дар асноди моликияти замин ва даромад, илова бар озмоиши генетикие, ки дар бист соли гузашта анҷом шудааст, собит мешавад. Достон бозгашти мо ба макони кунунӣ низ комилан шинохта шуда,  мустанад ва комилан бозсозӣ шудааст.

Аз замоне, ки шаш соли пеш кори азими худро барои бозгардондан ҳувияти свотӣ оғоз кардем, бисёре аз афрод дар ҷоҳои дигар, ба вежа дар Свот ва Дир, пайдо шуданд, ки иддао мекунанд, свотиҳо ҳастанд (хориҷ аз Мансеҳра). Аммо инҳо шайтанаткунандагон ва ҷаълкунандаҳои дастаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва қавмӣ ҳастанд, ки барчаспи Свотиро бесоҳиб ва мубҳам ёфта, мехоҳанд соҳиби чунин шаҷараномае шаванд.

Бо гуфтан ин матлаб, талоши мо ба унвони муаррихон ва муҳаққиқини воқеӣ ва ҳамчунин ворисони барчасби Свотӣ муддаиёни воқеии ин мероси мӯътабарро, ки хориҷ аз Мансеҳра зиндагӣ мекунанд, радёбиву шиносоиву эҳё ва онҳоро ба дурустӣ роҳнамоӣ кунем.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!