Хабари рӯз

Чӣ гуна Шӯравӣ ва Амрико Ҳикматёрро эҳтиёт мекарданд?

Нависанда: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон

Иштибоҳ нагиред, ин гург аст ва на саг.

Баъзе вақтҳо барои ҳифзи таодулу идомаи моҷаро ва зинда нигаҳ доштани қазияву ҳифзи масолеҳ ба дур назаре ниёз аст, ки ҳатто душмани худро бояд ҳифз намуд.

 Абдулвакил, вазири хориҷаи доктор Наҷиб, дар китоби хотироти худ меннависад, ки дар замоне ки ман вазири молия будам ва Наҷиб раиси ХОД (Хадамоти амнияти миллӣ) –и Афғонистон буд, ман якҷо бо мушовири Иттиҳоди Шӯравии вақт, ҷадвали будҷаро тартиб медодем. Доктор Наҷиб тақозои издиёди будҷаи ХОД-ро намуд. Мушовири Шӯравӣ гуфт:

"Чаро?"

Наҷиб гуфт:

"Плони дақиқро барои террори Ҳикматёр рӯи даст дорам".

Мушовири Шӯравӣ гуфт:

"Вуҷуди Ҳикматёр барои мо муҳим ва муфид аст. Агар Ҳикматёр аз байн биравад, ихтилофоти ашрор аз байн меравад ва муттаҳид мешаванд".

Ҳамчунон Абдуллҳодӣ Холид, муовини аршади амнияти вазорати дохилаи ҳукумати Карзай шабеҳи ин амрро ривоят кардааст, ки ҳоло дар Лондон ба сар мебарад:

"Гузориши дақиқи истихборотӣ барои мо расид, ки Ҳикматёр дар вилояти Кунар вуҷуд дорад. Мо ин амрро ба мушовири амрикоӣ иттилоъ додем ва иҷозаи амалиёти ҳавоиро хостем. Мушовири амрикоӣ таҷоҳул кард. Боз дубора бо ӯ дар тамос шудем. Мушовир ба қаҳр ба мо гуфт:

"Шумо вазифаи худро анҷом додед, дигар ба Шумо рабт надорад".

Таҷоруб ҳам нишон додааст, ки ишғолгарон ва истихбороти онҳо баъзе найрангҳои буғранҷ ва дар зоҳир ғайримафҳум ва ғайри қобили даркро анҷом медиҳанд. Баъдҳо ошкор мешавад, ки онҳо пушти чӣ аҳдофе будаандд. Чӣ қадар дӯст дар чеҳраи душман ва чӣ қадар душман дар чеҳра дӯст зоҳир шудааст.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!