Хабари рӯз

Ҷосусе, ки ҳеҷ гоҳ ба ҷурми худ эътироф накард, аммо қасоси худро гирифт.

Манбаъ:  сайти “Гузоришномаи Афғонистон”

Ба ривояти китоби «Ҷанги ашбоҳ» навиштаи Стив Колл, хабарнигори амрикоӣ:

‏”Авоили соли 1994, Муҳаммадқасим Фаҳим, раиси амнияти Аҳмадшоҳ Масъуд, гузорише дарёфт кард, ки Ҳомид Карзай бо созмони иттилооти Покистон (ISI) ҳамкорӣ мекунад. Фаҳим занҷирае аз рӯйдодҳои аҷибро рақам зад, ки дар ниҳоят Карзай ва хонаводаашро ба самти ҳимоят аз Толибон савқ дод.

Монанди аксар фармондеҳони мавриди эътимоди Масъуд, Фаҳим низ тоҷике аз дараи Панҷшер буд. То соли 1994, бисёре аз паштунҳои Кобул, панҷшериҳоро як мафияи низомӣ медонистанд. Ин гурӯҳ, ки беш аз як даҳа таҳти раҳбарии харизматики Аҳмадшоҳ Масъуд ҷангида буданд, мустаҳкам, сарсахт, роздор ва амалан ҳукумате дар дили ҳукумат буданд. Кобинаи Кобул дар зоҳир чандқавмиятӣ буд, аммо бо ташдиди ҷанги дохилӣ, вазоратхонаҳои дифоъ ва иттилоот, ки таҳти контроли панҷшериҳо буданд, рӯз ба рӯз қудратмандтар шуданд ва дар натиҷа, равобит бо раҳбарони паштун башиддат рӯ ба вахомат гузошт.

Яке аз далоили ин шикоф, ҷанги нотамом бо Гулбиддин Ҳикматёр буд. Масъуд ӯро дастнишондаи ислоҳнопазири Созмони иттилооти Покистон (ISI) медонист ва ҳамвора нигарони тавтеаҳои пушти пардаи раҳбарони паштуни таҳти ҳимояти Покистон буд. Дар ин шароит, ки ҷанг, хушунат ва хиёнатҳои мудовим боиси беэътимодии амиқ миёни гурӯҳҳои даргир шуда буд, иттилооти нодуруст ва шоеъоти ҷангӣ бар тасмимоти раҳбарон таъсир мегузошт.

Бо дарёфти гузориши мабнӣ бар тавтеаи Карзай алайҳи ҳукумат, Фаҳим маъмурони иттилоотиро ба хонаи Карзай дар Кобул фиристод. Онҳо ӯро боздошт карда ва ба як маркази бозҷӯӣ дар наздикии кохи раёсати ҷумҳурӣ мунтақил карданд. Чандин соат ӯро мавриди бозҷӯӣ қарор доданд ва ба ҳамкорӣ бо Покистон муттаҳам карданд.

‏Карзай ҳеҷ гоҳ ба таври мустақим дар бораи он чи дар боздоштгоҳ бар ӯ гузашт, сухан нагуфт. Аммо чанд нафар, ки баъдан бо ӯ мулоқот доштанд, гуфтанд, ки ӯ мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва сураташ хунолуд ва кабуд шуда буд. Бархе ривоятҳо ҳатто ҳокӣ аз он аст, ки Муҳаммад Фаҳим шахсан дар ҷараёни бозҷӯӣ ҳузур доштааст. Мушаххас нест, ки Аҳмадшоҳ Масъуд аз ин боздошт иттилоъ дошта ё онро таъйид карда буд, аммо фармондеҳони ӯ ин иддаоро рад карданд.

Бозҷӯии Карзай бо ҳодисаи ғайримунтазира поён ёфт: яке аз мушакҳои Ҳикматёр, ки ба таври маъмул ба самти маркази Кобул шиллик мешуд, дақиқан ба ҳамон сохтмони иттилоотӣ бархурд кард, ки Карзай дар он нигаҳ дошта шуда буд. Дар ҳарҷу марҷи ношӣ аз инфиҷор, Карзай аз сохтмон гурехт ва дар хиёбонҳои Кобул саргардон шуд.

Ӯ ба истгоҳи автобуси шаҳр рафт ва бесарусадо савори автобусе шуд, ки ба самти Ҷалолобод мерафт. Дар он ҷо, яке аз дӯстонаш дар Созмони Милал ӯро дар хиёбон шинохт ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки чеҳрааш кабуду захмӣ шудааст. Ин дӯст ӯро ба хонаи яке аз бастагонаш бурд. Рӯзи баъд Ҳомид Карзай аз тариқи гузаргоҳи Хайбар ба Покистон табъид шуд. Ӯ беш аз ҳафт сол ба Кобул бознагашт.

Дар баҳори 1994 Карзай ба падараш дар Квета пайваст. Чанд моҳ баъд ӯ аз зуҳури Толибон бохабар шуд. Бисёре аз раҳбарони Толибонро аз даврони ҷиҳоди зидди Шӯравӣ мешинохт. Баъдҳо гуфт: "Онҳо дӯстони ман буданд... Онҳо одамҳои хубе буданд."

‏Толибон барои Карзай фурсате барои интиқом аз ҳукумате буд, ки ӯро ба табъид фиристода буд.

Агарчи Карзай аз назари меъёрҳои ғарбӣ фарди сарватманд маҳсуб намешуд, аммо ҳудуди 50 ҳазор доллар аз амволи шахсии худро ба Толибон кӯмак кард, то ташкилоти худро дар атрофи Қандаҳор созмондеҳӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин як анбори бузург аз силоҳҳои захирашудаи худро ба онҳо таҳвил дод ва онҳоро ба раҳбарони барҷастаи қабоили паштун муаррифӣ кард.”


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!