Парчами Амрико ҳанӯз дар асри 19 бар фарози Ҳиндукуш барафрошта шуда буд.
Нависанда: Вартан Григорян, арманитабори эронӣ-амрикоӣ, китоби “Зуҳури Афғонистони навин”, баргардони Алӣ Олам Кирмонӣ
Аввалин амрикоӣ, ки ба Афғонистон омад, Юшаъ Ҳарлан (Josiah Harlan), машҳур ба Шаҳзодаи Ғӯр (Ғӯри Бағлон) буд. Вай аҳли Ню Лин Тауншипи Пенсилвания, аввалин амрикоие буд, ки дар рикоби шоҳони борикзайӣ дохили Афғонистон гардид. Номбурда шахси моҷароҷӯ буд. Нахуст дар сафи нерӯҳои Бритониё дар қитъаи тӯпхонаи Бангол ба ҳайси ҷарроҳ муваззаф буд. Баъдан бо Ранҷит Сингҳ пайваст ва дар хидмати ҳоким қарор гирифт. Дар соли 1835-и милодӣ бо амир Дӯстмуҳаммад пайваст. Аввал ба сифати як афсару ёвари махсуси амир Дӯстмуҳаммад муваззаф буд, то ин ки ба унвони сипаҳсолор иртиқо намуд. Ба қавли худи Ҳарлон, номбурда ӯро ба фармондеҳии кулли неруҳои мусаллаҳ иртиқо намуд.
Аз мушовирони дигари Дӯстмуҳаммад Кампбелл (Сampbell) як афсари бритониёӣ буд. Ба сифати мушовири махсус дар умури низомӣ ва мураббии тӯпхона кор мекард, то ин ки ба сифати сипаҳсолор дар артиши Дӯст Муҳаммад муқаррар шуд. Баъдан бо тағйири ном ба Шермуҳаммадхон ба сифати фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳ дар Балх мансуб шуд. “Ҳамин Кампбелл ё Шермуҳаммадхон буд, ки баъдҳо мураббии шахсии Абдураҳмон дар навҷавонияш гардид. Абдураҳмон дар “Тоҷуттаворих” аз он ба сифати наҷибзодагони ангрез (инглис) ёд карда” (1).
Аз мушовирони аврупоии дигари Дӯстмуҳаммад яке колонел (полковник) Лесли ё Ротрои “Фидомуҳаммадхон” ва дигаре Аргу, моҷароҷӯи фаронсавӣ буданд. Ҳамзамон дар фармондеҳии қитаъоти артиши қавмии қабилаи дурронии Дӯстмуҳаммад вазифа доштанд, албатта, бо тағйири ҳувият ва ба зоҳир қабули Ислом.
Бар иловаи аврупоиён теъдоде ҳиндиҳо, ки машҳурашон Солеҳ Муҳаммад ном дошт, ки дар артиши Ҳинд рутбаи поинсубадор дошт, аммо дар артиши Дӯст Муҳаммад омӯзгори низомӣ ва ба фармондеҳ иртиқо намуд. Як фирории эронӣ ба номи Абдусамад ба унвони як генерал дар созмондиҳии тӯпхона вазифа дошт.
Марҳум Ғубор дар китоби “Афғонистон дар масири таърих” дар қисмати лашкаркашии амир Дӯстмуҳаммад ба самти Шимол фармондеҳи лашкарро Муҳаммад Акрам, писари Дӯстмуҳаммад муаррифӣ карда, дар ҳоле, ки Ҳарлан дар ёддоштҳояш ба номи “Ёддоштҳои Ҳинду Афғонистон” менависад, ки Муҳаммад Акрам фақат камтар аз ҳаждаҳ сол дошт.
Ҳарлан воқеияти мавзӯъро таври дигаре баён карда, менависад, ки ҳаракат ба тарафи Шимол ғарази саркӯбии Мирмуродбеки Кундуз бо тасарруфи Қафқози Ҳинд – “Кӯҳи Њиндукуш” ба охир расид. Болои кӯтали Хорзор ба иртифои 12 ҳазору 500 фут байрақи Амрикоро барафрошта ва тавассути асокир бисту шаш файри ташрифотӣ ҳам анҷом гирифт.
Ногуфта намонад, Ҳарлани амрикоӣ ба эҳтимоли қавӣ яҳудӣ буд.