Хабари рӯз

Таърих дар Афғонистон ҳамеша такрор мешавад.

Нависанда: Муҳаммад Абдуллоҳ, рӯзноманигор, махсус барои “Сангар”

Ҳафизуллоҳ Амин дар рӯзҳои ахир сардамдориаш дастуроте дод, ки: гаштугузори шабона мамнуъ гардад (вазъи қуюди шаб), чароғҳои хонаҳо аз тарафи шаб хомӯш бошанд в ё пардаҳои захим бар килкинҳо насб кунанд то равшанӣ маълум нашавад, таблиғ алайҳи инқилоби ҷазо дар пай дорад ва…

Табсира дар бораи ҳукумат ва шунидани радиои BBC ҷурми машҳуд буд ва ҳатто мардум дар дохили хонаҳояшон аз тарси коммунистҳо оҳиста сӯҳбат мекарданд.

Ашрор, зиддиинқилоб, иртиҷоъ, нӯгари империализм, ихвонушшаётин ва чанд вожаи дигар аз ҷумла барчаспҳои коммунистҳо алайҳи боздоштшудагон буд.

Ин дастурот дар ҳоле буд, ки шумори зиёде аз шаҳрвандони Кобул зиндонӣ ва нопадид шуда буданд ва шуморе аз мардону ҷавонон махфӣ зиндагӣ мекарданд.

Падарам дар Панҷшер буд, хонаводаи мо ва фомилҳое чанд момоям дар болои кӯҳи Деҳафғонон зиндагӣ мекардем. Момоям Ҳоҷӣ Абдулқадир, писари бузургаш Ҳоҷӣ Ҷалил ва ду тан аз меҳмонҳоямонро, ки аз Ҷалолобод буданд. Чанд ҳафтаи пеш аз ин дастурот шабҳангом аз хона боздошт карданд, шуморе аз матанаффизини маҳал ба шумули доктар Салом ва имоми масҷиди маҳалламон пештар аз момоям зиндонӣ шуда буданд.

Ҳамзамон бо он фазои мухтанақ парвозҳои ҳавопаймоҳои бузург борбарӣ аз тарафи шаб дар майдони ҳавоии Кобул шунида мешуд ва шоеъот буд, ки дар майдони ҳавоии Багром низ ҳавопаймоҳои борбари нишасту бархост доштанд.

Телевизиони давлатӣ танҳо расонае буд, ки ҳамарӯза баъд аз 6-и шом нашарот дошт ва дар шабҳои ҷумъа филми ҳиндӣ пахш мекард. Дар ҳавлии мо, ки чанд фомил зиндагӣ мекардем, сирф як телевизиони сиёҳу сафед буд, ки дар меҳмонхона гузошта шуда буд.

Ман ва чанд тан аз писарони момоҳоям аз ахбори телевизионӣ нафрат доштем, аммо талош мекардам, ки барномаи атфол ва филмҳои ҳиндии шабҳои панҷшанбе ро бубинем ва ҳатто кӯдакони бастагон мо, ки дар наздикиамон зиндагӣ мекарданд, шабҳои панҷшанбе дар меҳмонхонаи муштарак ҷамъ мешуданд. Модарам ва хонумҳои момоҳоям бо вуҷуде ки ғамдор буданд ва ҳамарӯза ашк мерехтанд, аммо ба рухи моён намекашиданд ва монеъи телевизион дидани мо намешуданд.

Панҷшанбешаби 6 ҷаддйи 1358 (шаби ҷумъа) ҷараёни нашароти телевизион қатъ шуд ва мо сарусадо кардем. Писари момоям (Мавлоно Абдураҳмон Кабирӣ, волии собиқи Панҷшер дар он замон мутааллими мактаб буд) аз утоқи дигар омад ва моёнро таҳдид кард, ки хомӯш бошем ва худаш ба суфٌаи ҳавлӣ баромад ва ман ба думболаш рафтам.

Чанд рӯз пештар барф зиёд борида буд, аммо он шаб сарду осмон соф буд ва садои файрҳои шунида мешуд. Тарафи Хоҷа Буғро ва Чаҳорқалъаи Вазиробод дар чанд ҷой мармиҳои расом дида мешуд.

Фардои он рӯз дар ҷодаи Осмоӣ ва муқобили вазорати маориф гурӯҳҳои афроди мусаллаҳ бо болопӯшҳои баланд, кулоҳҳои замистонии пӯсти рӯбоҳ ва бозубандҳо бо тиккаи сафед гаштугузор мекарданд в мардум мигуфтанд, ки: “Ин мардумон бо бозӯбанди сафед мусаллаҳ парчамиҳои тарафдори Бабрак Кормаланд, қувваҳои Шӯравӣ дар Афғонистон омада, Ҳафизуллоҳ Амин кушта шуд ва Бабрак Кормал қудратро гирифтааст, зиндониёни Пули Чархӣ раҳо шуданд ва…”

Чанд кӯчагӣ ва момоям дар ҷумлаи раҳошудагон аз зиндон буданд, аммо аз муллои масҷид, доктар Саломи ҳамсоя ва соири кӯчагиҳоеро, ки бурда буданд, то кунун асаре нест, ки нест.

Касоне, ки дар ҷаддйи 1358 озод нашуданд ва лодарак гардиданд, ворисинашон аз полидану талош кардан монданд, зеро дар замони Ҳафизуллоҳ Амин ба шумори зиёде аз ворисини онҳо гуфта мешуд, ки: “Бандиатон пушти собуни Шӯравӣ рафтааст”.

Ихтиноқ, истибдод ва ҷиноёти кунунӣ тавассути гурӯҳи Толибон, қатъи интернет ва иттилоърасонӣ, мабоҳиси вуруди қувваҳои Амрико ба Багром ва ихтилофоти дарунии сарони гурӯҳ ҳоким аз шабоҳатҳои ҷиддӣ бо истибдод ва ҷиноёти коммунистҳо, вуруди қувваҳои сурхи Шӯравӣ ба Афғонистон ва ихтилофоти дарунии сарони Ҳизби демократики халқ мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки баъд аз қиёми 3 ҳути 1358 мавҷи дигаре аз боздоштҳои мардуми мусулмони Кобул ва соири вилоёт оғоз шуд ва шуморе аз раҳошудагони 6 ҷаддй дубора зиндонӣ шуданд.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!