Хабари рӯз

Руёи арманиҳо чӣ гуна барбод рафт?

Нависанда: Тигран Авакян, таҳлилгар (Арманистон)

Агар Ленин ба Мустафо Камол кӯмак намекард ва ба Қафқози Ҷанубӣ ҳамла намебурд, ҷаҳони қарни бистум ба куллӣ мутафовит шакл мегирифт. Сарнавишти Туркия, Қафқоз ва ҳатто Русияи Шӯравӣ масири дигаре мепаймуд. Бидуни тиллои Шуравӣ, силоҳ, нафту афсарони рус, ҷунбиши камолистӣ шансе барои бақо надошт. Дар соли 1920 , Камол бидуни ақибгоҳ, бидуни тир ва бидуни имкони идомаи ҷанги тӯлонӣ алайҳи нерӯҳои юнониву арманӣ мавриди ҳимояти муттафиқин (Антанта) мемонд.

Дарвоқеъ, Ленин ҳудуди даҳ миллион рубли тилло, даҳҳо ҳазор туфанг, садҳо мусалсалу тӯб ва садҳо миллион тир ба Камол мунтақил кард. Ҳамин кӯмак буд, ки ба миллигароёни турк қудрати истодагӣ дод. Агар ин омилро ҳазф кунем, нерӯҳои юнонӣ бо ҳимояти Бритониё дар тобистони 1921 Анқараро тасарруф мекарданду паймони Севр (Treaty of Sèvres) ба таври комил иҷро мешуд.

Арманистон тибқи тасмими раисҷумҳур Вилсон марзҳое аз Карс то Вана ва Битлисро ба даст меовард; Курдистон ба худмухтории таҳти назорати байналмилалӣ даст меёфт; Қустантания ва тангаҳо ба минтақаи байналмилалӣ табдил мешуданд; Юнон Фракияи Шарқӣ ва Измирро барои ҳамеша мегирифт. Туркия ба маҷмӯъае аз таҳтулҳимояҳо тақсим мешуд ва ҷумҳурии камолӣ ҳаргиз шакл намегирифт.

Дар ҳамин ҳол, агар Ленин ба Қафқоз ҳамла намекард, Ҷумҳурии аввали Арманистон истиқлоли худро ҳифз мекард ва тавассути Артиши Сурх ишғол намешуд. Гурҷистон кишваре демокративу сотсиал- демократ боқӣ мемонду Озарбойҷон ба сурати таҳтулҳимояи Бритониё бо иқтисоди нафтии таҳти кантроли ширкатҳои ғарбӣ идора мешуд. Дар Қафқози Ҷанубӣ, иттиҳоди кӯчак, аммо пойдору ғарбгаро шакл мегирифт — чизе шабеҳ ба блоки Балтик — шомили Арманистон, Гурҷистону Озарбойҷони таҳти нуфузи Бритониё, ҷое ки Арманистон нақши марказиро ифо мекард.

Бритониё нафти Бокуро дар даст дошту Амрико дар бозсозии сарзаминҳои арманӣ кӯмак мекард. Бидуни тилло ва нафти Қафқоз, Ленин наметавонист иқтисодро тасбит кунаду қудрати болшевикӣ эҳтимолан то миёнаи даҳаи 1920 фурӯ мепошид. Иттиҳоди Шуравӣ ба шакли шинохташудаи худ ҳаргиз падид намеомад.

Дар чунин ҷаҳони алтернативӣ, императории Бритониё кантроли комили Ховари Миёнаро аз Суетс то Хазар дар ихтиёр мегирифт. Фаронса дар Сурияу Лубнон тасбит мешуд, Юнон дар савоҳили Эгей. Арманистону Курдистон ба унвони манотиқи ҳоил миёни ҷаҳони арабу Эрон амал мекарданд. Маскав бидуни дастрасӣ ба Эрону Туркия, имкони таъсиргузорӣ бар Шарқро аз даст медод. Ҷаҳон ба ҷаҳони инглисӣ–амрикоӣ табдил мешуд, бидуни густариши Шуравӣ ва бидуни ҷанги сарди оянда.

Озарбойҷон дар чунин шароите наметавонист ба унвони кишвари мустақил давом биоварад. Қудрати он бар афсарони турк ва нерӯҳои бритониёӣ муттакӣ буд, аммо бидуни ҳамлаи Шуравӣ ва бидуни Камол, тавозуни қувваҳо тағйир мекард. Ҳукумати мусовотиҳо фоқиди артиши муназзам буд; “давлат”-и онон дарвоқеъ маҷмӯъае аз дастаҳои мусаллаҳи қабилаӣ буд, ки миёнашон ҳеҷ инзиботе вуҷуд надошт. Дар Боку ва Ганҷа арманиҳо то ниме аз ҷамъиятро ташкил медоданд ва дастгоҳи идориву саноатӣ умдатан дар дасти арманиёну мутахассисони рус буд.

Агар минтақаи таҳти ҳимояти муттафиқин (Антанта) боқӣ мемонд, Бритониё нерӯеро ҷустуҷӯ мекард, ки битавонад Қафқозро тасбит кунад ва он нерӯ Арманистон буд — кишвари муназзам, бо афсарони ҳирфаиву машрӯъияти ахлоқӣ ба унвони қурбонии наслкушӣ.

Бад-ин тартиб, Озарбойҷон ё ба таҳтулҳимояи Арманистон табдил мешуд, ё бахше аз конфедерасияи арманӣ–гурҷӣ, ки Ереван дар он нақши марказии сиёсиро бар ӯҳда дошт. Боку ба бандари байналмилалии таҳти мудирияти Бритониё табдил меёфт, аммо бо ҳузури низомии арманӣ. Ду гузинаи муҳтамил вуҷуд дошт: ё илҳоқи мустақим ба Арманистони Бузург тибқи марзҳои вилсонӣ, ё мавқеъияти худмухторӣ таҳти ҳимояти Арманистон. Дар ҳар ду ҳолат, давлати мусовотӣ гум мешуду нафти Боку ба контроли муштараки сохторҳои арманӣ ва бритониёӣ дармеомад.

То соли 1925 Арманистон Зангазур, Қарабоғ, Нахҷувон, Ганҷа ва Бокуро таҳти кантроли худ дошт; маъмурияти бритониёӣ амнияти банодирро тазмин мекард; нухбагони озарбойҷонӣ бахше дар ҳукумати ҷадид идғом мешуданду бахше ба Эрон ё Туркия муҳоҷират мекарданд. Қафқоз ба камарбанди стратегии инглисӣ–арманӣ миёни дарёи Сиёҳу Хазар табдил мешуд.

Бидуни таҳоҷуми болшевикӣ ва бидуни Туркияи камолӣ, Арманистон ба маркази аслии сиёсӣ ва низомии минтақа бадал мешуду амалан Озарбойҷонро аз нақшаи сиёсӣ ҳазф мекард.

Чунин саранҷоме бад-он маъно буд, ки Иттиҳоди Шуравӣ ҳаргиз қудрат намегирифт, Туркия эҳё намешуд, Озарбойҷон ба унвони пружаи таърихӣ аз миён мерафт ва Арманистон нақши кишвари меҳварии шарқи Баҳри Миёназамин ва Қафқози Ҷанубиро ба даст меовард. Як қарни комилан мутафовит, қарни иттиҳоди инглисӣ–арманӣ, ҷое ки ба ҷои Анқара ва Маскав, садои Еревану Лондон шунида мешуд ва дар ҷаҳон на аз камолизм хабарӣ буд ва на аз советизм ва на аз фоҷеъаи баъдии Қафқоз.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!