Он дар Ҳинд ва аз сӯи як ҳиндӣ нашр шуда буд.
Нависанда: Обид Шакурзода, пажӯҳишгар (Тоҷикистон)
«Мир’оту-л-ахбор» дар ду саду шаш соли пеш – 20 апрели соли 1822, дар Калкатта рӯйи чопро дид. Ин ҳафтанома дар оғози кор ба забони инглисӣ нашр шуд, вале ба сабаби ривоҷи форсӣ дар Ҳиндустон ва камистифода мондани нашрияи инглисӣ, ноширон пас аз ду моҳ, ночор соҳибқаламони форсигӯйро барои интишори он даъват карданд.
Форсӣ дар Ҳиндустон он солҳо забони расмӣ ва забони фарҳехтагону таҳсилкардагон буд. Зимнан, бино бар пажӯҳишҳо, бояд 4 марти соли 1784-ро зодрӯзи матбуоти форсӣ донист. Дар ин рӯз ҳафтаномаи «Калкатта Газет» бо ибтикори яке аз афсарони кампании «Ҳинди Шарқӣ», ба номи Фронсис Глодвин интишор ёфт ва он як сутуни хешро ба форсӣ оро дода буд.
Аммо ҳафтаномаи «Мир’оту-л-ахбор» саросар форсӣ буд ва ҳамчун бозтобкунандаи таҳаввулоти мубрами рӯз, бо матолиби хубу хонданияш берун аз Ҳиндустон, дар шаҳрҳои форсизабони Кобул, Ҳирот, Теҳрон, Самарқанду Бухоро паҳн мешуд ва хонандагони сершумор дошт.
«Мир’оту-л-ахбор» дар рӯзҳои ҷумъа, дар чаҳор сафҳаи дусутунӣ мунташир мешуд. Ношир ва сардабири он Ром Муҳан Рой, донишманд, ислоҳгари динӣ, поягузори омӯзишу парвариши навин дар Ҳинд ва нависандаи китоби «Туҳфату-л-муваҳидин» дар боби тасаввуф ва фалсафаи илоҳӣ дар Ҳинд буд.
Ром Муҳан ҳамчунин ба забонҳои санскрит, форсӣ ва арабӣ тасаллути комил дошт ва аз бунёдгузорони матбуоти Ҳиндустон ба шумор меояд. Ӯ бо бисёре аз рӯзномаҳои он замон ҳамкорӣ дошт ва фаъъолияти рӯзноманигорияш бо наҳзати ислоҳи динияш тавъам буд, ки бо ин ақоид гурӯҳҳои мутаассиб аз ӯ нохушнуд мегаштанд. Муҳан Рой нахуст ҳафтаномае бо номи «Сомбод Коумудӣ» (ба забонҳои инглисӣ ва банголӣ) таъсис дод, аммо ин нашрия ба зудӣ эътирози рӯномаҳои инглисӣ ва муҳофизакорони ойини ҳинду ва бархе мубаллиғони масеҳиро барангехт. Сипас, тасмим гирифт, то «Мир’оту-л-ахбор» -ро ба забони босаводони Ҳинд (форсӣ) ба зевари чоп орояд.
Дар «Мир’оту-л-ахбор» сармақолаи аслӣ муҳиммтарин бахш буд ва дар ин мақолаҳо андешаву ормону маромҳои Муҳан Рой ба огоҳии хонандагон мерасид. Муҳан Рой дар нахустин шумораи «Мир’оту-л-ахбор» аҳамият ва ҷойгоҳи волои забони форсиро дар Ҳинд ёдовар шуд ва навишт, ки ҷиҳати тарвиҷи афкори худ ба ин забони ҳикмату адаб рӯ оварда, чопи нашрияеро роҳандозӣ кардааст. Ҳамчунин ӯ дар рӯзномаи худ ба густариши умури мазҳабӣ ва ислоҳоти ҳамагонӣ мепардохт ва шумораҳое аз нашрияаш ба дасти бозаргонону мусофирону ҷаҳонгардон берун аз Ҳинд, ба Хуросону Варорӯду Эрон роҳ пайдо мекард.
Аз сӯе ҳам «Мир’оту-л-ахбор» мақолоти тунде алайҳи Инглиси мутаҷовиз мунташир мекард. Чунончи нашри мақолае истеҳзоомез бо номи «Салисат ё сегонаи якто», ба муносибати марги усқуфи ъзами Калкатта дар тобистони соли 1822, хашми мақомоти инглисӣ ва мубаллиғони диниро бар зидди Муҳан Рой ва нашрияаш барангехт.
Соли 1823 ҳукумати инглисии Ҳинд қонуни сахтгиронае ба зиёни озодии матбуот ба марҳалаи иҷро гузошт, ки ба «Қонуни Ҷон Адамс барои матбуоти дохилӣ» маъруф аст. Ром Муҳан Рой бо интишори мақолае бар зидди ин қонун зери фишор монд ва нашрияи «Мир’оту-л-ахбор» низ баста шуд.