Ветнамиҳо рӯйи парчами Амрико роҳ намераванд, вале то дилатон бихоҳад рӯи аъсоби Амрико роҳ мераванд.
Муаллиф: Муҷтабо Лашкарӣ
Ҷанги Амрикову Ветнам 1955 оғоз шуд ва бист сол баъд дар 1975 поён ёфт. Ҷанге, ки лақаби “тӯлонитарин ҷанги қарни бистум”-ро ба худ ихтисос дод. Амрико дар он бист сол аз ҳеҷ ҷинояте алайҳи мардуми ин кишвар фурӯгузор накард. Теъдоди бомбаҳое, ки Амрико бар сари мардуми Ветнам рехт, аз теъдоди кулли бомбаҳое, ки муттаҳидин ва муттафиқин дар Ҷанги ҷаҳонии дувум алайҳи ҳам истифода карда буданд, бештар буд...
Сарбозони амрикоӣ барои ин ки монеъ аз махфӣ шудани сарбозони Ветконг дар зери шоху барги дарахтон шаванд, аз маводи заҳрии омили норинҷӣ истифода карданд. Фақат дар соли 1969, як миллион гектар аз ҷангалҳо бо истифода аз ин омил нобуд шуд. Омили обӣ низ яке дигар аз маводи химиёвӣ буд, ки барои аз байн бурдани захоири ғизоии Ветнами Шимолӣ бар рӯи маҳсулоти кишоварзӣ пошида мешуд.
Ҷудо аз се миллион кушта, то се насл аз ветнамиҳо бо мушкилоте, аз қабили ҷанинҳои норас ё мутаваллидини маълул мувоҷеҳ буданд. Дар музейи ҷанги Ветнам, чанд нафар аз ин маълулони модарзод, ки қади ҳудуди панҷоҳ сантиметр доштанд, бо дастҳои кӯтоҳ ва суратҳои харобшуда саноеъи дастӣ дуруст мекарданд ва ба туристҳо мефурӯхтанд. Онҳо бахши зиндаи музей буданд.
Агар як кишвар дар саросари ҷаҳон вуҷуд дошта бошад, ки бихоҳад то абад бо Амрико қатъи робита кунад, ҳар рӯз парчамашро ба оташ бикашад, қатъан он Ветнам аст. Аммо Ветнам чӣ гуна бархурд мекунад? Ба ҷои он ки рӯи парчами Амрико роҳ биравад, рӯи аъсоби Амрико роҳ меравад? Чӣ гуна?
Бо рушди беназири иқтисодӣ, тавлиди маҳсулоти содиротии фавқулодда, бо табдил шудан ба кишваре амн барои касбу кор, зиндагӣ ва сармоягузорӣ, бо тамаркуз бар ҳавзаҳои пешрафта, монанди интернет ва бо табдил шудан ба шарики тиҷории ширкатҳои амрикоӣ он қадар муҳити ҷаззобе барои касбу кор фароҳам кардаанд, ки ширкатҳои амрикоӣ он ҷоро аз байни дусад кишвари ҷаҳон барои тавлид интихоб мекунанд!
Ветнамиҳо ҷанге, ки 43 сол тамом шудаастро истгоҳе барои таваққуф дар гузашта накардаанд, балки онро манбае барои даромадзоӣ кардаанд. Тури ҷангу ҷангал баргузор мекунанд ва аз гардишгарони хориҷӣ маблағи пул мегиранд ва тунелҳои замони ҷанг, абзоролоти размии он даврон, филми мустанаде аз шуҷоатҳои ветконгиҳо ва ...ро нишонашон медиҳанд.
Ҳеҷ кишваре дӯст ва душмани доимии ҳеҷ кишвари дигари дунё нест. Ин манофеи миллӣ ҳастанд, ки доимӣ ҳастанд. На дӯстӣ ва на душманӣ бо дигарон. Муҳим он аст, ки дар ҳар робитаи дӯстонае бояд манофеи миллии мардум таъмин гардад ва ҳар робитаи хасмонае набояд мунҷар ба нақзи манофеи миллии мардум шавад.