Чӣ гуна инглисҳо ва амрикоиҳо забони форсиро дар Ҳинд нобуд карданд ва дар Афғонистон ба тахриби он идома медиҳанд?
Нависанда: Муҳаммад Усмон Наҷиб, генерали мустафъии артиши Афғонистон
Он чӣ барои ман шигифтӣ дорад, аҳамияти ҳувият дар мусоҳибаи Путин бо Такер Карлсон, рӯзноманигори амрикоӣ буд, ки илова бар ним соати аввал ба гунаҳои мухталиф то поёни мусоҳиба мустақим ва ғайримустақим аз он ёд кард. Корбурди вожаҳои “мардуми мо”, “аз худи мо”, “русҳои мо”, Донбасс, Донетск, наздикиҳои гузаштаи Украина бо Русия ва русҳои муқими Украина ҳама ва ҳама баёни он буд, ки Путин бар иловаи муқобила бо Ғарбу Амрико бештар ба ҳувият, пушти гузаштагароии таборӣ ва решаҳои этникии русӣ натанҳо дар Украина, балки дар ҷаҳон аст.
Мусоҳибаи Путин ва иттикои он барои дифоъ аз русҳову Русия баёни ошкори ҳимояти ӯ аз ҳувияти кишвару мардумаш аст, ки Инглис, Амрико ва Аврупо дар пайи нобудии онанд. Мавриде, ки дар кишвари мо назди арбобони қудрати дохилӣ ва муздурони хориҷӣ аҳамияте надорад. Мо дар ин бора саре ҳам ба гузаштаи форсиситезии Инглис дар Ҳинди бритониёӣ ва ҳоло Амрико, Инглису Аврупо дар кишвари худамон дорем, ки ҷарақаҳои хушунат дар баробари порсизабононро оташин сохтаанд ва сарнавишти миллати моро ба дасти як гурӯҳи террористии ниёбатии худ супурдаанд.
Подшоҳи форсизабони Ҳинд, ноогоҳ аз кунишҳову тарфандҳои сиёсии истихборотӣ ва оҳанги англисиҳо як имтиёзи вижаро пешкаши тозаворидҳои найрангбоз кард. Боздиҳии ин соддаангории шоҳи форсизабони Курагонӣ бисёр сангин тамом шуд.
Пиндорҳои 200 соли пасоҳузури инглисҳо, ки бо сафари Томас Стефан, як кишиши масеҳӣ, аввалин табааи Инглис оғоз ва дар соли 1579 пойи ӯ ба шибҳиқораи Ҳинд расид. Инҳо буданд, ки инглисҳо ба он баҳона, раҳбарии кишваре ба бузургии Ҳиндро ба даст гиранд. Ҳама дар ин андеша буданд, ки 200 нафар бозаргони расида аз Инглис ба Ҳинд дар соли 1600 танҳо бозаргононанду бас.
Аммо санҷиши онон аз сӯи ҳиндиҳо ва шоҳи форсидӯсташон бисёр кӯтаҳнигарона буд. Онон рӯзе гувоҳ буданд, ки Инглис огоҳона зудудани забони форсӣ ва ҷогузини забони англисӣ дар Ҳиндро бисёр содда ва бидуни истодагӣ ё рӯёрӯӣ бо худашон инчунин ва кӯтоҳ пахш карданд.
“Аз имрӯз забони расмӣ англисӣ аст, на форсӣ…”
Ин муҳиммтарин бахши аз бозгӯии куҳане аст, ки то имрӯз дида шуда ва аз байн бурдани забони расмии як кишвар ва ҷогузини забони дигарро ба мо мерасонад. Он гуна, ки нависандаҳо ба мо гуфтаанд: “Шояд рӯзе, ки аввалин киштии ҳомили инглисҳо дар савоҳили Ҳинд паҳлу мегирифт, ҳеҷ кас фикрашро намекард, ки рӯзе тоҷирҳои англисӣ натанҳо ҳокими шибҳиқора мешаванд, балки таъсири ҳамешагиро бар фарҳанги ин кишвар боқӣ мегузоранд”.
- Дудмони Курагонӣ аз соли 1500 мелодӣ бозтоб дорад. Дудмони Темур забони форсиро дар дарборҳояшон чунон рушд доданд, ки то 350 соли фармонравоиашон ҳамаи мардуми Ҳинд забони форсиро омӯхтанд ва забони расмиашон шуд.
- Поринанависон моро аз рӯйкардҳои Акбаршоҳи Курагонӣ миёни солҳои 1556 то 1605 мелодӣ огоҳ месозанд. Он гоҳ забони форсӣ дар Ҳинд фарозҳои баланде доштааст. То ҷое, ки чомасароён, чакомасароён ва сурудсароён аз Хуросону Эрон ҳам тарки ватан карда ба нимҷазираи Ҳинд мезистанд.
- Мегӯянд, ки шоҳи Курагонӣ дастур дода буд, то бархе мотикон ё навиштори ҳиндувон аз забони санскрит ба оростагӣ (назм) ва сухани носуруда (наср)-и форсӣ баргардон шаванд.
- Пажӯҳишгарон дарёфтаанд, ки бо вуруди аввалин киштии таробарии инглисҳои гӯё бозаргон ба Ҳинд, садои пойи душмании Инглис бо забони форсӣ дар Ҳинд ҳам баланд шуд. Забони форсӣ, ки ба гунаи боварнакарданӣ 700 сол реша дар сарзамини Ҳинди паҳновар дошт ва наздик ба 300 сол ҳам забони оинманди он буд.
- Инглисҳо, ки ҳангоми солҳои 1600 мелодӣ то 1800 мелодӣ камубеш бар ҳамаи Ҳинд дастбурд зада буданд, дар соли 1836 тавассути Чарлз Терри Вилян забони англисиро ба унвони ҷойгузини забони форсӣ барои Ҳинд иброз карданд.
- Инглисҳо барои он ки роҳкорашон барои ҳазфи забони форсӣ аз миёни ҳиндиҳо беҳтар натиҷа диҳад, забони урдуро низ дар бархе навоҳии Ҳинд тарвиҷ доданд, то бо решакан кардани забони форсӣ, битавонанд аз ихтилофоти қавмӣ низ барои пешбурди аҳдофашон баҳраманд шаванд.
- Брайен Гарднер, яҳудии инглисӣ, ки гузаштанигори номдоре дар замони худ буда, дар бораи нобудаи фарҳангу забони форсӣ аз сарзамини Ҳинд тавассути инглисҳо менависад: “Шигифтовар нест агар забони форсӣ дар Ҳинд фарогир шуд, вижагиҳои муштараки қавмӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои дерпои ин ду қавми ориёӣ метавонист чунин заминаи таърихиро фароҳам оварад. Ин розест ҷовидона, ки дар забони Фирдавсӣ ва Саъдӣ, пинҳон аст. Розе, ки императори Инглисро ба ҳазф ва нобудии он водошт”.
Бо ин роҳ аст, ки мо дар гузаштаи Афғонистон тайи се соли пасин ҳам барномаҳои ошкори порсиситезӣ ва ғайрипаштунситезиро мебинем, ки бо супурдани кишвари мо ва сарнавишти ғайрипаштунҳо ба дасти террористони толиби умдатан паштунтабор ҳамаро ба нобудӣ мебаранд ва кунун ба рабудани навомиси ғайрипаштунҳо ҳам иқдом кардаанд, ки илова бар дигар зулмҳояшон болои мардумони мо аст.