Хабари рӯз

Мундариҷаи таърихӣ ва чолишҳои муосир ба амнияти Осиёи Марказӣ

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Терроризми байналмилалӣ имрӯз яке аз масъалаҳои доғ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ягон кишвар ба танҳоӣ бо ин чолиш мубориза бурда наметавонад, аз ин рӯ, кишварҳои минтақа кӯшиш мекунанд, ки бо шарикони стратегии худ ҳамкорӣ карда, дар мувофиқа бо ҳамдигар чораҳои зарурӣ андешанд.

 

ТАЪСИРИ ЧАНДИНСОЛА АЗ БЕРУН

Дар мавриди ҳамоҳангсозии амалҳо дар самти мубориза бо терроризм сухан ронда, бояд ёдовар шуд, ки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи чолишҳои замони муосир ва усулҳои мубориза бо онҳо тасаввуроти умумӣ доранд.

Ҳамчун кафили амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва комплекси назорати фазои кайҳонии «Окно» (Тиреза) баромад мекунанд. Пӯшида нест, ки хатари асосӣ аз Афғонистон бармеояд ва инро мақомоти амниятии кишварҳои ИДМ низ тасдиқ мекунанд. Иттиҳодияҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилот тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳанд.

Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон 86 ҳамлаи террористӣ ва сӯиқасдҳо ба амал омадааст. Дар тӯли 10 сол қариб 6700 ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ ба қайд гирифта шудааст.

“Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи амният хеле авлавият дорад. Ҳангоми дар бораи саъю кӯшишҳои муштараки кишварҳо дар доираи ташкилотҳои алоҳида сухан рондан, албатта, бояд ёдовар шуд, ки дар асл кишварҳои минтақа зиёда аз 45 сол инҷониб бо манбаи таҳдидҳои бузург ба амнияти худ рӯбарӯ ҳастанд. Махсусан, Афғонистон. Амалиётҳои низомие, ки соли 1979 оғоз шуда буданд, дар тӯли 45 сол қариб ки қатъ нашудаанд. Ин бешубҳа ба Осиёи Марказӣ таъсири амиқ гузошт. Маълум аст, ки ҳар як кишвар пеш аз ҳама дар бораи таъмини амнияти шаҳрвандон ва марзҳои худ фикр мекунад. Бо назардошти он, ки дар давоми 15-20 соли аввали даврони истиқлолият кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбур буданд на танҳо масъалаҳои амният, балки масъалаҳои мавҷудияти давлат, ташаккули давлатдорӣ, иқтисодиёт ва мушкилоти иҷтимоиро низ ҳал кунанд, метавонем дарк кунем, ки то чӣ андоза ин мушкилот муҳим аст. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ дар самти амният байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бисёр муҳим аст”, - мегӯяд Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ.

Вай афзуд:

«Барои Тоҷикистон масъалаҳои таҳдидҳои амниятӣ тағйир ёфта, шаклҳои нав пайдо мекунанд. Онҳо на танҳо ба намуди гурӯҳҳои алоҳидаи радикалӣ бармеоянд, балки гурӯҳҳои хурди роҳзанона ва кибертеррористҳо ташаккул меёбанд, ки ба амнияти кишварҳо таҳдид мекунанд. Бо назардошти ин вазъ, маълум аст, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои наздик байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, инчунин бо бозигарони дигари минтақа барои ҳифзи субот дар минтақа хеле муҳим мебошад”.

Айни ҳол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон лагерҳо барои омодакунии ҷангҷӯён ташкил карда шудаанд, ки ин як мушкили ҷиддӣ аст. Дар ин бора сохторҳои гуногуни амниятии СПАД ва СҲШ чандин бор иттилоъ дода буданд. Бо назардошти ихтилофҳои таърихии байни Русия ва кишварҳои ғарбӣ ҷойдошта, хуб дарк карда метавонем, ки кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд дар қаламравҳое, ки ба таври анъанавӣ дар доираи нуфузи Федератсияи Русия қарор доранд, мабдаи бесуботӣ эҷод кунанд. Дар ин раванд амнияти дигар кишварҳо ба назар гирифта намешавад.

Барои мисол, дар Афғонистон беш аз 40 сол инҷониб ҷунбиши “Толибон” амал мекунад ва ин кишвар ба як манбаи бузурги бесуботӣ табдил ёфтааст. Ин ҷунбиш бо дастгирӣ ва маблағгузории кишварҳои ғарбӣ таъсис ёфтааст. Ва имрӯз низ ҳамкории онҳо бо ин гурӯҳҳо идома дорад.

Қаблан дар Афғонистон гурӯҳи “Ал-Қоида” амал мекард, ки он низ аз ҷониби Амрико бо дастгирии хадамоти махсуси Бритониёи Кабир таъсис дода шуда буд. Бар ивази “Ал-Қоида” ташкилоти “Давлати Исломӣ” пайдо шуд, ки он низ бо дастгирии дастаҷамъонаи Ғарб ташкил ёфт. Аз соли 2011, бо оғози баҳори араб, дар кишварҳои Ховари Миёна пайи ҳам ташкилотҳо пайдо шуданд, ки ин боиси афзудани фаъолияти (ҳузури) гурӯҳҳои тундрав гардид. Ин низоъ беш аз дувоздаҳ сол инҷониб идома дорад ва гурӯҳҳои тундрав ҳанӯзам дар минтақа ҳузур доранд.

Имрӯз Ғарб кӯшиш дорад ҳузури худро дар Сурия ва Ироқ таҳким бахшад. Амрико ба хотири манфиатҳои худ метавонад манфиатҳои иттифоқчиёни худро эътино накунад. Масалан, дар қаламрави Сурия муддати тӯлонист, ки байни Туркия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаи дастгирии сохторҳои гуногун ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ё амалҳои Исроил нисбат ба Фаластин, ки онро ҳамчун террористӣ маънидод кардан мумкин аст, - идома медиҳад коршинос.

Вай афзуд:

Амрико ва Британияи Кабир бо назардошти манфиатҳои геополитикии худ, гурӯҳҳои мухталифи радикалиро таъсис дода, онҳоро дастгирӣ мекунанд, ки ин ба амнияти минтақаҳои ҷаҳон таъсир мерасонанд.

Ба гуфтаи вай, мақсади асосии кишварҳои абарқудрати ғарбӣ эҷод кардани бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо роҳи ташкил кардани гурӯҳҳои мухталиф мебошад.

«Кишварҳои мо, аз нуқтаи назари амнияти умумӣ, бояд дарк кунанд, ки имрӯз байни Русия ва кишварҳои ғарбӣ марҳилаи фаъоли мубориза барои минтақаҳои таъсиррасонӣ ҷараён дорад. Дар ин самт ҳамкории мутақобила ва таъсис додани сохторҳое, ки ҳадафашон таъмини амнияти минтақа ва кишварҳои мо мебошад, хеле муҳим аст. Федератсияи Русия шарики асосии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои таъмини амният маҳсуб меёбад.

       Дар тӯли чандин солҳо сарҳадчиён ва низомиёни Русия кӯшишҳои зиёди гурӯҳҳои тундравро барои убури марзи давлатии Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд. Инчунин ба шарофати кӯшишҳои онҳо муяссар гардид, ки назорат аз болои марзҳо ва оромӣ дар минтақа таъмин карда шавад. Сарфи назар аз таҳдидҳои мавҷуда сарҳади Тоҷикистон боэътимод ҳифз карда мешавад ва имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки амнияти кишвар таъмин карда шудааст. Аз ин рӯ, идома додани ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия хеле муҳим аст”, - хулоса мекунад Фаридун Усмонов.

Вай афзуд:

"Русия таҳдидҳои ба Тоҷикистон нигаронидашударо ҳамчун таҳдид ба амнияти худ медонад ва барои таъмини амнияти мо кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад."

 

МАРКАЗИ УНИВЕРСАЛИИ СҲШ

Барои боз ҳам фаъолтар мубориза бурдан бо терроризм, чанде пеш дар нишасти сарони СҲШ тасмим гирифта шуд, ки Маркази универсалии муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъсис дода шавад. Он дар заминаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар Тошканд, Маркази муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили байналмилалӣ дар Бишкек ва Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе ташкил хоҳад шуд.

“Маркази муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ амалҳои кишварҳоро дар мубориза бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои муташаккил ҳамоҳанг мекунад. Барои Тоҷикистон, ки аз ҳама дарозтарин марз бо Афғонистон дорад, пайваста таҳдидҳо аз фаъолияти тоҷирони маводи мухаддир вуҷуд доранд. Таъсис додани чунин Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар қаламрави Тоҷикистон маънои онро дорад, ки созмон хуб дарк мекунад, ки ҷумҳурии мо дар сафи пеши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир қарор дорад ва талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт ба кишварҳои минтақа  маълум аст.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Русия, Чин, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа дар таъмини амният натиҷаҳои назаррас хоҳад дод. Русия, Чин ва дигар кишварҳои абарқудрат дар таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозанд”, - мегӯяд коршинос.

Вазифаи Маркази универсалӣ аз ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳар се сохтор барои муқовимати муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа иборат хоҳад буд. Он мубодилаи фаврии иттилоотро байни кишварҳои узви СҲШ барои вокуниши фаврӣ ба чолишҳо таъмин хоҳад кард. Ҳамчунин дар назди ин марказ гузаронидани амалиётҳои муштарак, машқҳо ва корҳои таҳлилӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар хотима бояд гуфт, ки барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, бояд ба ин масъала ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард ва иқдомҳои ҳамоҳангшударо пеш гирифт. Таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармеоянд ва аз ҷониби баъзе кишварҳои ғарбӣ дастгирӣ меёбанд, барои тамоми минтақа ҳамчун як чолиши ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Аз ин лиҳоз, таъсиси Маркази универсалии муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таҳти сарпарастии СҲШ як қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин марказ вазифадор аст, ки дар ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккил, ки ба амнияти минтақаи мо таҳдид мекунанд, нақши калидӣ бозад. Русия ҳамчун шарики деринаи стратегии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот дар минтақа кӯмаки назаррас мерасонад, ки ин аз аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои иттифоқчиёна ва иқдомҳои муштараки кишварҳои мо барои ояндаи дурахшон гувоҳӣ медиҳад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!