Миллионҳо тоҷику ҳазора ва ӯзбек аз зулму табъизи қавмии толибони паштун дар Эрон паноҳанда шудаанд.
Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Ҳамид Хуросонӣ пешмаргаи паштунизми толибонӣ боз бо интишори видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ, як ғалати бузург карда ва алайҳи эрониҳо ва мақомҳои эронӣ даҳон ба иҳонат, такфир ва тафсиқ гушудааст.
Дар ин бора чанд нукта қобили ёдоварӣ аст:
1 - Хуросонӣ, ки гуфта мешавад таҳти ҳимояти Сироҷуддин Ҳаққонӣ қарор дорад, як одами моҷароҷӯ, фурсатталаб ва шӯҳратталаб аст, ки хуш дорад сари забонҳо бошад ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
2 - Хуросонӣ дар низоми толибонӣ корае нест. Ӯ башиддат таҳти фишори ҳалақоти мутаассиби Толибон қарор дорад ва дидем, ки чанд вақт пеш аз рафтори қавмии Толибон шикоят дошт ва муддаӣ шуд, ки ба хотири табъизи қавмӣ аслиҳаи худро замин гузоштааст.
3 - Ба эҳтимоли зиёд Хуросонӣ ДОИШ-и пинҳон дар сафи Толибон бошад. Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҳам муттаҳам аст, ки раҳбарии шохаи Хуросони ДОИШ-ро ба ӯҳда дорад. Чун адабиёти зиддиэронӣ ва зиддишиаъи ӯ адабиёти мавриди истифодаи ДОИШ аст.
4 - Ба эҳтимоли зиёд изҳороти зиддиэронии ахири Хуросонӣ дар табонӣ ва ба таҳрику ташвиқи Ҳаққониҳо сурат гирифтааст. Паштунҳо ҳамеша бо маҳорат душмании худ бо Покистон ва Эронро тавассути тоҷикҳои нафаҳм пеш бурдаанд. Он чӣ Хуросонӣ дар бораи Эрон мегӯяд, ҳарфҳои ногуфтаи паштунҳо дар бораи Эрон аст, ки аз забони як тоҷик баён мешавад. Маънои пешмарга будан ҳамин аст. Касе, ки паштуни ҳилмандиро бар номуси тоҷики панҷшерӣ мусаллат карда, онро дар таҳти номи исломият тавҷеҳ мекунад, метавонад ба Эрон ҳам битозад. Инҳо дарке аз таърих, тамаддун, фарҳанг ва забон надоранд ва пайвандҳои роҳбурдии форсизабон ва эронитаборонро дарк намекунанд. Инҳо дар як сатҳи исломзадагӣ ҳастанд ва дар сатҳи дигар паштунзада.
5 - Ман шакке надорам, ки ҳаққониҳо бо истинод ба ҳарфҳои Хуросонӣ, ба эрониҳо бигӯянд, ки нигоҳ кунед, ин тоҷикон ҳастанд, ки алайҳи шумо ҳастанд, на мо паштунҳо. Мо паштунҳо бо эрониҳо муштаракот дорем ва ҳамсоядорӣ дорем ва... Ҳадаф дарвоқеъ ҳамин аст, ки тоҷикро дар нигоҳи эрониҳо бад бисозанд. Мисле ки Толибон тоҷикро ба ҳамла ба берун аз марзҳо мефиристанд то номи неки таърих, тамаддун ва фарҳанги тоҷикиро бад кунанд ва дар минтақа нисбат ба мо сӯъизанн эҷод кунанд.
6 - Эрониҳо бидонанд ва огоҳ бошанд, ки Ҳамид Хуросонӣ як шахси манфур дар байни тоҷикон аст. Нафрат аз он ҷо сарчашма мегирад, ки ӯ дар қадами аввал бо туфанги паштун бар қавми худ зулм кардааст. Ӯ як худфурӯхтаву нодон аст ва ҳарфи ӯ ҳарфи тоҷикон дар бораи Эрон нест. Тоҷикон худро эронӣ медонанд ва паштунҳо низ ҳамеша тоҷиконро ба хотири эрондӯстӣ “ҷосуси Эрон” мехонанд.
7 - Хуросонӣ инро хуб медонад, ки миллионҳо тоҷику ҳазора ва ӯзбек, ки дар Эрон муҳоҷиранд, аз зулму табъизи қавмии толибони паштун паноҳанда шудаанд. Аммо ӯ таҷоҳул мекунад. Ӯ дурӯғ мегӯяд, ки муҳоҷиринро ба баргашт ба ватан фаро мехонад. Ӯ медонад, ки садҳо ҷавони тоҷик ба маҳзи баргашт аз Эрон аз сӯйи Толибон боздошт ва кушта шудаанд. Хуросонӣ худ ҳамин акнун думболи як кишвари амн аст, то аз зиндагии пур аз маҳдудияту таҳқир дар зери риши паштунҳо наҷот пайдо кунад. Ӯ ин ҳарфҳоро ҳам ба хотири хушии паштунҳо мегӯяд, то мавриди эътимоди онон қарор гирад.
8 - Хуросонӣ дурӯғ мегӯяд, ки аз рафтори таҳқиромези эрониҳо бо муҳоҷирини Афғонистон мутаассир шудааст. Хуросонӣ вақте аз рафтори таҳқиромези паштунҳо бар мардуми худаш мутаассир намешавад, чӣ гуна барои муҳоҷирин ашки тимсоҳ мерезад?
9 - Хоҳиши мо аз эрониҳои азиз ин аст, ки таҳти таъсири таблиғоти ҳоким, афкор ва андешаҳои инсонҳои расисту муҳоҷирситез нарафта ва изҳороти афроде мисли Хуросониро дастовези рафтори азияткунанда бо муҳоҷирон қарор надиҳанд. Муҳоҷирини мо дар Эрон мазлумтарин ва маҷбуртарин муҳоҷирон дар сатҳи ҷаҳон ҳастанд. Онон ё аз тарси гуруснагии шадид ё аз тарси ваҳшати Толибон ба кишвари ҳамзабони худ паноҳ бурдаанд ва паноҳгоҳи дигаре надоранд. Ҳисоби иддае аз афроди муҷрим ва авбош ҷудо, ки ҳоло ба ҳар далеле (шояд ба дастури созмонҳои истихборотӣ) дар Эрон даст ба ҷурму ҷиноят мезананд. Инҳоро пулис метавонад боздошту муҷозот кунад.
10 - Аз расонаҳои мӯҳтарами Эрон хоҳишмандем, ки масъулияти иҷтимоии худро дар назар гирифта ва ҷилави рушди муҳоҷирситезиро бигиранд. Ин амр хеле таъсир дорад. Расонаҳо дасти кам набояд дар хидмати нашру пахши афкору андешаҳои муҳоҷирситезона қарор бигиранд.