Хабари рӯз

Чӣ гуна амрикоиҳо сарбозони Урдуи миллии Афғонистонро аз байн бурданд?

Нависанда: “Сарбози Гумном”, тахаллуси собиқ афсари қитъаоти хоси Афғонистон

Таҳияи Ҳасиби Сангар, хабарнигори “Сангар” дар Ҳиндукуш

Дар акс: Яке аз пойгоҳҳои Урдуи миллии Афғонистон дар Мангалҳо

Барномаи пойгоҳсозии Амрико барои Толибон дар вилояти Бағлон моҳи августи соли 2018 шурӯъ шуд. Толибон дар минтақаи минтақаи Аловуддини шаҳристони Бағлони Ҷадид ба як тулай (рота)-и Урдуи миллии  Афғонистон ҳамла бурданд, ки дар пайи он беш аз 50 ҷавони сарбоз, ки аксаран тоҷику ӯзбек буданд, ба шаҳодат расиданд. Бештар аз 50 нафари шаҳидонро ба дасти худ аз мутарҳо поён карда будам.

Пас аз се рӯзи ин воқеа аз тарафи нерӯҳое, ки дар Бағлон мустақар буданд, як амалиёт рӯи даст гирифта шуд. Ба минтақаи Аловуддин, ки ман худам шомили ин вазифа будам, рафтем ва ҳамаро тасфияву талошӣ кардем.

Аммо тибқи барнома, ки аз тарафи раҳбарии хойини ҷанг таҳия шуда буд, нерӯҳои амалиётӣ аз Баҳоуддин берун оварда шуд ва чанд километр ақиб омада, дар рустои Мангалҳо се пойгоҳи нав эҷод кардем - яке аз хезишҳои мардумӣ, дигаре, пулиси миллӣ ва чаҳорумӣ – урдуи миллӣ, ки бузургтар ва болои як теппа мустақар шуд. Аксари кулли бачаҳое, ки дар пойгоҳҳо мустақар шуданд, тоҷикону ӯзбекҳо аз Бадахшон, Бағлон ва Тахор буданд.

Таҳкимоти пойгоҳҳо тақрибан як моҳ вақт гирифт. Нерӯҳои давлатӣ ҳам зиёд буд, аз ҷумла генерал Ҷалол Яфталӣ низ шомили ин вазифа буд. Ҳудуди 40 нафар аз Урдуи миллӣ, ба теъдоди камтар пулис ва хезишҳои мардумӣ низ дар пойгоҳҳо ҷойгир шуданд, ки дар умум беш аз 100 нафар буд.

Вақте ҳама такмил шуд, нерӯҳои дигар аз соҳа хориҷ ва дар Пули Баширхон чанд километр ба самти маркази шаҳристон мустақар шуданд. Он ҷо як тулайи Урдуи миллиро мустақар карда, гуфтанд, ки бақияи нерӯҳо бояд ба Пули Хумрӣ раванд. Тасмим бар ин шуд, ки 5 тонк аз қитъаоти хоси пулис, 8 тонк аз урду ва 4 тонк ҳам аз пулиси маҳаллӣ барои ҳимояти пойгоҳҳои Мангал як – ду шаб ҳузур ёбанд ва баъдан аз соҳа бароянд.

Баъд дар ҷаласаи фаврӣ файсала шуд, ки бояд ман бо як теъдод сарбозони қитъаи хоси пулис ба ҳимояи пойгоҳ дар соҳа боқӣ бимонам. Дигарон ҳаракат карданд тарафи Пули Хумрӣ.

Асри ҳамон рӯз ду бол тайёраи дучархаи амрикоӣ аз болои сари мо парвоз карда, ба тарафи кӯҳҳои минтақаи Аловуддин рафт. Яке аз дӯстон ба мо гуфт, ки ин тайёраҳо хеле машкуканд. Инҳо куҷо мераванд дар ин вақт? Плони инҳо чӣ аст? Дақиқан суолбарангез буд. Он дӯстамон бо манобеъи худ дар Аловуддин тамос гирифта, маълум кард, ки дар ҳудуд 50 нафар беш ё кам нерӯҳои амрикоӣ дар пушти кӯҳҳои Аловуддин десант шудаанд.

Соатҳои 9 – и шаб бо ман аз марказ тамос гирифтанд, ки омодагӣ бигиред ва барои ҳимояти пойгоҳҳо ба Мангалҳо биравед. Вақте ман бо 5 тонк ҳаракат кардам, аз 8 тонки урду фақат як адад ҳозир ба вазифа шуду бас. Аз 4 тонки пулиси маҳаллӣ ҳам ду тонк қабл аз мо ба Мангалҳо рафта, ҷобаҷо шуданд ва ду тонки дигар лодарак буданд.

Вақте дар ҳоли ҳаракат будам, яке аз дӯстонам аз маркази савқу идора ба ман занг зада, гуфт, ки қумандон соҳиб, туро муомила карданд, имшаб сари худат барнома ҳаст, шояд худатро бизананд ва ин охирин шабу охирин амалиётат аст. Дар ин маврид як каме таваҷҷӯҳ дошта бош. Аммо дар дохил рафиқони ман ҳузур доштанд ва дар интизори мо буданд. Гуфтам, ҳар чӣ ояд аз Худо!

Ман барномаро қисме танзим карда будам, ки вақте вориди соҳа мешавем, набояд пушти сари мо қатъ шавад. Ба ин манзур нерӯҳоро ҷобаҷо кардем.

Тақрибан соатҳои 1 – и шаб даргирӣ шурӯъ шуд. Болои мо – нерӯҳои кӯмакӣ, пойгоҳҳои пулис ва хезишҳои маҳаллӣ ҳамла карданд. Баъдтар огоҳ шудам, ки дар он ҳамла Толибони рустоҳои тамоми вилояти Бағлон, шаҳристонҳои Чаҳордара ва Қалъаи Золи вилояти Кундуз, Самангон ва дигар вилоёт ва ҳам террористони хориҷӣ ширкат доштаанд.

Дар акс: Саид Ҳаким, сарбози қитъаоти хос, ки он шаб дар Мангалҳо ба шаҳодат расид

Мутаассифона, нерӯҳоеро, ки пушти сар ҷобаҷо карда будем, Толибон таҳти ҳамлаи шадид қарор дода, онҳоро маҷбур ба ақибнишинӣ карданд ва аксари онҳоро шаҳид сохтанд. Мо дар муҳосира афтодем. Толибон соҳаро таҳти контрол гирифтанд.

Вақте дар як хона паноҳ бурдем, аз он тарафи девор ва ҳамчунин аз мухобира садои афроди хориҷиро мешунидем, ки бо як забони барои мо тамоман ноошно – на пушту, на дари, на инглисӣ, на панҷобӣ – ҳарф мезаданд. Онҳо террористони хориҷӣ буданд, ки зоҳиран ба забонҳои туркӣ сӯҳбат мекарданд.

Ним соат нагузашт, ки пойгоҳҳои хезишҳои мардумӣ ва пулис суқут кард. Аммо медидем, ки дар пойгоҳи урду дар болои теппа ҳеҷ навъе даргирӣ нест ва аз он ҷо ҳам моро кӯмак намекунанд. Мо ба ин умед будем, ки вақте ин пойгоҳ ҷӯр асту ҳамла сараш сурат нагирифтааст, метавонем худро ба он ҷо расонем ва аз он ҷо даргириро бо кӯмаки сарбозони урду идома диҳем.

Ин танҳо роҳи наҷоти мо буд. Талош кардем, ки бо онҳо васл шавем. Аммо он замон дарёфтем, ки ҳеҷ тамоси телефонӣ ва мухобира ҳам вуҷуд надорад. Ҳамаро қатъ карда буданд. Бақия нерӯҳое, ки дар русто буданд, ё фирор карданд ва ё ҳам кушта шуданд.

Ман монда будаму чаҳор нафари дигар аз қитъаи хоси пулис. Бо равишу тактике, ки доштем, то намози субҳ ҷангидем ва худро ҳифз кардем. Тамоми афроде, ки бо мо буданд, ҳудуди 20 нафари дигар ҳама шаҳид шуда буданд.

Дар ниҳоят бо тонке, ки доштем, ҳаракат кардем ба сӯи пойгоҳи урду. Ҳангоми ҳаракат аз чандин истиқомат сарамон шиллик мекарданд ва мо ҳам муқовимат карда, пеш мерафтем. Душман сахт талош мекард, ки моро нобуд кунад. Бо мутарсиклету васоиле, ки дошт, моро таъқиб мекард. Бар асари асобати рокет тонкамон тахриб шуд ва онро зери теппа гузошта, худ ба пойгоҳ боло шудем. Хушбахтона, Худованд моро кӯмак кард ва аз соҳа хориҷ шуда, ба пойгоҳи урду расидем.

Аммо, кош, мемурдему он ҳамаро намедидем!

Вақте ба пойгоҳ расидем, манзараи ваҳшатнокеро дидем. Тамоми васоиле, ки берун аз пойгоҳ буд, тахриб ва сарбозон ҳама дар хун оғуштаву шаҳид шуда буданд. Дарвоза боз буд. Вақте ворид шудем, дидем, ки ҳама ба шаҳодат расидаанд ва касе зинда набуд.

Чун дидем, ки ҳама шаҳид шудаанд ва истодани мо дар пойгоҳ баробар ба марг аст, ба кӯҳ боло шудем. Бо як ҳаракати мӯъҷизаосо аз роҳи кӯҳҳо соҳаро тарк кардем ва дар роҳ як ҷавони захмиеро вохӯрдем, ки дар бехи як санг афтида буд. Вай аз ноҳияи дасту пойи ҷароҳат бардошта, дида мешуд, ки хун дар либосаш шах шудааст. Ӯро бо худ гирифтем ва аз ӯ пурсидем, ки чӣ воқеа рух дод? Чаро шумо моро ҳимоят накардед? Чаро сарбозони шумо бидуни ҷанг шаҳид шуданд?

Ривояте, ки ӯ кард, хеле такондиҳандаву боварнокарданӣ буд ва ҳам даҳшати моро даҳчанд кард. Вай ба ман чунин қисса кард, ки айнан меоварам:

“Тақрибан соати 1 – и шаб, замоне, ки Толибон ба пойгоҳҳои қитъаи хоси пулис ва хезишҳои мардумӣ ҳамла карданд, мо ду шиллики рокет сари душман кардем ва мехостем шуморо ҳимоят кунем. Аммо ду норинҷак ё рокет дар даруни пойгоҳи урду асобат кард, ки оташи сурх дошт ва дуде аз он паҳн шуд. Як дақиқа нагузашта, тамоми персонале, ки дар дохили пойгоҳ буданд, масмум шуданд ва ҳама аз по афтоданд. Касе даст ба силоҳ бурда наметавонист, то шиллик кунад. Ҳама кунду карахт ва беҳаракат мехобиданд. Дар ҳамин лаҳза як гурӯҳи то дандон мусаллаҳ аз қисмати болоии пойгоҳ, аз тарафи кӯҳ вориди пойгоҳ шуд. Ман бо ду чашми худ дидам, ки тамоми онҳо амрикоӣ ҳастанд ва силоҳҳои лайзерӣ ва м4 доранд, дирешии низомии амрикоӣ дар танашон, кулоҳи эминӣ дар сарашон буд, дурбини шаб доштанд, дар умум, мукаммал мусаллаҳ ва байкҳову чонтаҳое ҳам ба пушташон як-як вориди пойгоҳ шуданд ва шуруъ карданд ба тирборони сарбозони мо. Як – як ба ҳамсангарони ман тир мезаданд, аммо ҳеч як аз мо ба онҳо шиллик карда наметавонист. Фақат тамошо мекардем, ки чӣ гуна моро мекушанд. Ба онҳо нигариста, худ ҳайрон монда будам, ки чаро сари онҳо шиллик карда наметавонам. Мо масмум шуда будем ва заҳр ба ҳадде моро мадҳуш карда буд, ки фақат чашмонамон боз буд ва дасту поямон кор намекард. Болои ман ҳам шиллик карданд ва ман оҳиста худро ба даруни хандақе, ки дар канораш будам, андохтам. Тир ба дасту поям хӯрд. Ҳамон лаҳзаҳо тамоман аз ҳуш рафтам. Баъдтар аз садои шиллики туфангу рокет ба худ омадам ва гуфтам, худро бояд аз ин ҷо берун кунам”.

Сарбоз як ҷавони хушқаду қомат ва аз шаҳристони Кишми Бадахшон буд. Номашро фаромӯш кардаам. Қисса мекарду аз сари эҳсос мегирист ва чиғ мезад: “Ба лиҳози Худо, ба лиҳози Қуръон, моро амрикоиҳо куштанд, на толиб. Мо фақат тамошо мекардем, ки чӣ тур моро мекушанд!”

Дар акс: Сарбозони пулиси маҳаллӣ, ки иддае ҳамон шаб низ дар Мангалҳо ба шаҳодат расиданд 

Мо ки дар поён будем ва аз ин иттифоқот бехабар, ба ин натиҷа расидем, ки амрикоиҳо ҳамон рӯз бо тайёраҳо дар кӯҳҳо фуруд омада, ин сарбозони урдуро қатли ом карда буданд. Ҳамон қисме, ки даромада буданд, аз ҳамон роҳ ақибнишинӣ карданд. Онҳо ягон силоҳи сарбозонро бо худ набурданд, ё ягон воситаи нақлия ё сохтмони пойгоҳро хароб накарданд. Ҳама чиз – шуруъ аз пойгоҳҳое, ки бо харҷи калон сохта будем, то тонку силоҳҳо ба дасти Толибон афтод.

Мо аз роҳҳое, ки балад будем, пинҳонӣ ба самти маркази шаҳристон – Бағлони Марказӣ ҳаракат кардем. Дар роҳ бо як гурӯҳи сарбозони урду рӯ ба рӯ шудем ва он ҷавонро таслим кардем. Ман дигар ӯро надидам. Ба эҳтимоли зиёд вазифаро тарк карда буд, зеро қасам мехӯрд, ки дигар барои ин низоми фосиду раҳбарони хойин ва амрикоиҳои ваҳшӣ, ки пеши чашмонаш ҳамсангаронашро шаҳид карда буданд, хизмат нахоҳад кард.

Баъд аз як шабу як рӯз ба маркази шаҳристони Бағлони Ҷадид расидем ва худам аз дӯстонам хабари шаҳид шуданамро шунидам. Бештар аз 100 нафар шаҳид дар соҳа боқӣ монда буд... Фаромӯш нашавад, ки ба мо ваъдаи кӯмак шуда буд, аммо нерӯҳои қитъаоти хоси пулис ва ҳам урду қадаме аз Пули Баширхон ба самти мо набардоштанд. Моро амрикоиҳову генералҳои муздурашон аз ҳукумати Ашраф Ғанӣ бо Толибон муомила карда буданд.

Аммо Толибон фақат бо пойгоҳҳое, ки аз мо гирифтанд, иктифо накарданд. Рӯзҳои дигар онҳо дар умум 15 пойгоҳи нерӯҳои давлатиро бо тамоми имконоту васоил дар пайи ин муомила ба даст оварданд. Пойгоҳҳо бидуни кадом даргирӣ бо тамоми таҷҳизот ба онҳо таслим шуданд. Ҳашт русто, ба шумули Мангалҳо, Қайсархел, Кӯкчанор, Арабҳо, Ғуломбой ва ғайра дар шаҳристони Бағлони Ҷадид таҳти назорати онҳо даромад.

Толибон дар яккилометрии маркази шаҳристон хат андохтанд ва дигар ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ накарданд. Ҳукумати Ғанӣ ҳам ҳеҷ амалиёте барои бозпас гирифтани онҳо накард, то ин ки тамоми Афғонистон ба Толибон таслим дода нашуд.

Рустои Мангалҳо ба номи қавми паштуни “мангал” ва сокинонаш ҳам ноқилини вилоятҳои ҷанубии Пактикову Пактиё ҳастанд, ки дар замони Зоҳиршоҳ ба манотиқи Бағлон интиқол ёфта буданд. Онҳо бо Толибон ҳамкорӣ мекарданд ва як далели реша гирифтани ин гуруҳ дар минтақа маҳз ҳамкории қавми мангал бо он буд. Аз сӯи дигар, Мангалҳо ва рустоҳои давру бараш дар Бағлон дар як масири убуру мурури гуруҳҳои террористӣ аз ҷануб ба шимол қарор доштанд. Амалан ин масирро аз Ҳилманду Самангону Бағлон то Қундузу Бадахшон ҳам барояшон амрикоиҳо фароҳам сохтанд. Террористони хориҷие, ки дар ин минтақа паноҳ бурда буданд, ҳоло ба “Инҳисорот” –и шаҳри Пули Хумрӣ, Дашти Келагайи вилояти Бағлон ва вилоятҳои Қундузу Бадахшон кӯч карда, озодона фаъолият доранд.

Ду нуктаи дигар: аввал, ҳеҷ як аз расонаҳои Афғонистон ва ғарбӣ ба ин фоҷиа таваҷҷӯҳ накард; дуввум, аз ману ҳамраҳонам ягон мақоми давлатӣ напурсид, ки чӣ иттифоқ афтод, зеро ҳама дар ин тавтиа ва хиёнати миллӣ даст доштанд ва тибқи барномаи Амрико амал мекарданд. Бад-ин тартиб, Амрико ва дастнишондааш _анӣ, террористҳоро аз Вазиристони Покистон ба шимоли Афғонистон дар марзи Осиёи Марказӣ мунтақил карданд.

Ин чашмдиди худам буд, ки Амрико дар Афғонистон чӣ гуна бозиро пеш мебурд. Гапи шахсӣ дар миён нест. Амрико моро фурӯхт, аммо мо Афғонистонамонро бармегардонем. Болои Амрико ҳеҷ гоҳ эътимод накунед.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!