Ҷамъбандии арзёбиҳои коршиносони афғонистонӣ аз сӯи Андрей Серенко, таҳлилгари рус ва раиси маркази мутолиоти сиёсии Афғонистон
Манбаъ: телеграм-канали Андрей Серенко
Сенарияи “инкори нисбии Толибон” дар ояндаи Афғонистон/бароварди коршиносони Афғонистон*
1 - Қаблан Русия ва Эрон аз Толибон интиқод карда ва ҳузури онҳоро дар нишасти Маскав таҳрим намуданд.
2 - Амрико эълом кард, ки тамоюл дорад то қудратро аз режими Толибон ба як давлати фарогир дар Афғонистон мунтақил кунад.
3 - Иттиҳодияи Аврупо аз ибтидо Толибонро шоистаи намояндагии мардуми Афғонистон намедонист.
4 - Амрико мумкин аст мутаваҷҷеҳ шуда бошад, ки Толибон аз музокирот розӣ нестанд ва танҳо ягона роҳ тағйири вазъият иборат аз хариди Толибон бо пул аст. Аз ин рӯ, таъмини молӣ (харид) – и фаъоли Толибонро аз тариқи каналҳои мухталиф анҷом медиҳад.
5 - Толибон аз назари сиёсӣ “гир меафтанд ва ғарқ”-и пул мегарданд. Сипас онҳо воқеиятҳои ҷадидро бояд бипазиранд ва бо тақсими қудрат, аз ҷумла хурӯҷ бо пули Амрико аз Афғонистон мувофиқат кунанд.
6 - Ин ҷост, ки сенарияи ҷадид, яъне эҷоди ДОИШ ҷиддӣ мешавад. Ҷангҷӯён ва фармондеҳони гурӯҳи Толибон бо дарки хиёнати раҳбарони худ, тақрибан ба ночор ба ДОИШ - ба сурати фардӣ ва ҷамъӣ - хоҳанд пайваст.
7 - Гурӯҳҳои террористии муташаккил аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Покистон низ шурӯъ мекунанд ба рафтан дар ҳамин масир.
8 - Дар натиҷа эҳтимоли вуқӯъи ҷанги ҷадид бо мушорикати марокизи ҷадиди қудрат, ки иборат аз ДОИШ – и ҷадид хоҳад буд, дар Афғонистон афзоиш меёбад.
*Яке аз нусхаҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи коршиносии Афғонистон матраҳ аст.