Хабари рӯз

Хатари ҷиддӣ Осиёи Миёнаро таҳдид мекунад; Чин камокон дар тиррас аст. Даҷҷоли толибонӣ рухашро намоён мекунад

Нависанда: Абдунаср Нурзод, таҳлилгар

Иттилооти дарзкарда аз тариқи матбуоти Афғонистон ва дафтари расонаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ҳокӣ аз он аст, ки ба тозагӣ Толибон 16 узви раҳбарии гурӯҳҳои хориҷиро дар шимолу шарқ мустақар карданд.

 Ин ҳаракат хезе ба ҷилав барои татбиқи проекти ноамнсозии кишварҳои ҳавзаи (Созмони ҳамкории) Шонгҳой аст. Дар ҳоли ҳозир, таҷаммуъи неруҳои террористии чандмиллиятӣ дар шимол ва шимолшарқи Афғонистон, барои ҳамин ҳадаф, тартиб шудааст. Чандин гурӯҳи террористии пурқудрат ҳастаҳои интиҳорӣ ва ҳавориюнашон дар талошанд, то заминаҳои нуфузро ба хоки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоид созанд.

Агар ба анҷоми ин кор муваффақ шаванд, аввалин шикофро дар хутути дифоии сарҳадоти ҷануби Русия ва ғарби Чин эҷод хоҳанд кард. Ин кор бо тахминҳои дақиқи иттилоотӣ сурат гирифта ва интисоб ва фиристодани ин ҳаракат дар як табонии наздик бо Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, Ансоруллоҳи Тоҷикистон, Ҷунбиши толибони тоҷикистонӣ ва ӯзбекистонӣ, арабҳои боқимонда аз шабакаи Алқоида, ба воситаи созмондиҳӣ ва тасҳилсозии имконоти лужистикӣ тавассути шабакаи Алқоида сурат гирифтааст.

Дар гоми баъдӣ, талош мешавад, то як ҳаҷми васее аз воҳидҳои тактикаи ҷангӣ, ҷуға (отряд) - ҳои интиҳорӣ ва воҳидҳои амалиётҳои террористӣ, дар як иқдоми барқосо амнияти минтақаро мухтал созанд. Дар марҳилаи охир саъй бар он аст, то ин воҳидҳо бо пуштибонии мустақим ва ҳимояти бедареғи шабакаи Алқоида ва Шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар Афғонистон қудрати бе қайду шарт дорад, хутути дифоии ақиби ҷабҳаро бо илҳом аз пирӯзиҳои эҳтимолии ин ҳаракат мусоид созанд.

Иттилооти дарзкарда нишон медиҳад, ки Толибон бо ин кор натанҳо ин ки ба тааҳҳудоташон бо Чин, Русия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Миёна амал накардаанд, балки қарори тахминҳои қаблӣ ба ночор бояд мошини ҷангии худро, ки аксарият ҷангҷуёни хориҷӣ ҳастанд, фаъол нигаҳ доранд ва ба ҳар тартибе шуда, ризояти онҳоро ҳосил намоянд. Толибон ва ҳомиёнашон ба хубӣ ташхис додаанд, ки кӯчактарин таҳаррук дар баробари ҳампаймонони террористон хориҷиашон, эҷоди чанддастагӣ дар даруни мошини ҷангиашон хоҳад буд.

Аз сӯйи дигар, иттихози чунин тасмим дар марҳалаи кунунӣ, ки шароит ва авзои сиёсиву ҷангӣ дар даруни Афғонистон, ба шиддат муташанниҷ аст, нишон медиҳад, ки Толибон барои бақояшон, ҳозир ба ҳар коре ҳастанд. Аммо ин ки Толибон 16 узви раҳбари гурӯҳҳои ҳаросафканро ба вилоятҳои шимолу шарқи кишвар (Ҷузҷон, Форёб, Балх, Сарипул, Кундуз, Тахор, Бадахшон) мустақар кардаанд ва талош мекунанд, то соҳаи фаъолиятҳои террористӣ ва ҷуғрофияи террористиро густариш диҳанд, метавонад чанд паёми муҳимме дошта бошад:

Аввал, Толибон маҷбуранд барои бақои худ роҳҳои таъминоти молиро ҷустуҷӯ кунанд. Дар раъси ин кор Покистон қарор дорад ва манбаи аввал ахзи пул барои муқобила бо терроризми минтақавӣ ба дӯши ин кишвар аст. Агар ин 16 раҳбари гурӯҳҳои террористӣ муваффақ шаванд, то ҷангро ба дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ бикашонанд ва ё ҳам ҳадди ақал, заминаи ҳамалоти террористиро мусоид созанд, дастоварди бузурге барояшон хоҳад буд;

Дуюм, фиристодани 16 раҳбари гурӯҳҳои террористӣ ба вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, нишон медиҳад, ки ин бор барнома ҷиддӣ аст ва талош мекунанд, то ба воситаи як фармондеҳи муассир кори кишварҳои Осиёи Миёнаро яксара кунанд. Фиристодани Ҳоҷӣ Фурқон, раҳбари Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Мавлавӣ Иброҳим, масъули Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон, Шайх Зокир, масъули Таҳрики исломии Ӯзбекстон ва Абдулҳақ Уйғурӣ, масъули шохаи Алқоида дар шимоли кишвар, ба вазоҳат нишон медиҳад, ки терроризми байналмилалӣ таҳти ҳимояти Толибон, дар талош аст, то ҷуғрофияе ба худ берун аз хоки Афғонистон, пайдо кунад ва онро ба мурури замон густариш диҳад. Бо ин кор Толибон ва Покистон аз мавҷудияти терроризм дар хоки Афғонистон табраа хоҳанд шуд ва тамоми тамаркуз бар меҳвари Осиёи Миёна хоҳад буд.

Барои ин кор, ин 16 раҳбари террористони хориҷӣ ба рӯзи сешанбе, 20 августи соли 2022, ба Кобул омаданд ва дар сараки 11-и Вазир Акбархон дар ҳавлии Ҳоҷӣ Афзал, ки дар ихтиёри Шабакаи Ҳаққонӣ қарор дорад, се рӯзро сипарӣ карданд. Барномаҳо хеле васеъанд ва ҷамъ шудани 16 раҳбар ва се рӯзи мулоқот нишон медиҳанд, ки ҳазинаҳои кофӣ барои татбиқи ин проект дар ихтиёри Толибон ва ин гурӯҳҳо қарор дода шудааст. Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимат, ин раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон, дидор карда ва тавофуқ кардаанд, ки то шаш моҳи оянда 50 дарсад аз тамом ҷангҷуёни хориҷӣ ба Осиёи Миёна эъзом шаванд.

Бар бунёди файсалаҳои суратгирифта, дар ин дидорҳо миёни Толибон ва 16 раҳбари гурӯҳҳои террористӣ дар Кобул, қарор аст, шумори зиёде аз ҷангҷуён аз кишварҳои арабӣ ва кишварҳои минтақа вориди хоки Афғонистон шаванд, ки бо вуруди онҳо на танҳо замина барои сарбозгирӣ саҳлтар хоҳад шуд, балки фазои ҳаётӣ барои густариши вусъати ҷуғрофияи терроризми байналмилалӣ дар минтақа низ бозтар хоҳад шуд. Қарори иттилоот, Толибон мехоҳанд ба унвони аввалин проекти берунмарзӣ ин аввалин барномаи тахрибӣ ва террористиро бо диққати тамом ва барномарезии муассир анҷом диҳанд, то аз озмуни пешорӯ, муваффақ берун шаванд. Ба ҳамин лиҳоз, Толибон Мавлавӣ Иброҳими тоҷикро аз сӯйи Шабакаи Ҳаққонӣ, масъули умумии шабакаи ҷангҷӯён хориҷӣ таъйин намудаанд.

Мавлавӣ Иброҳими тоҷик талош дорад, то аввалан ҳамоҳангии лозим миёни гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистонро, ки қарор аст ҷузъи ин барнома бошанд, басиҷ кунад ва ҳамоҳангиҳои лозимро миёнашон ба вуҷуд оварад ва аз сӯйи дигар, ҳамоҳангии лозимро барои тамвили молии он аз сӯйи кишварҳои дигар дошта бошанд. Дар ҳоле ки Тоҷикистон ва Покистон аз ҳузур ва таҷаммӯи густурда террористон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд, ин ҳаракат наметавонад як ҳаракати ҳисобношуда ва ба дур аз чашми Амрико бошад. Набояд инкор кард, ки чашми тезбини Амрико қавитар аз диди иттилоотии Чин ва Русия нест ва омодагии лозим дар ин росто гирифта шудааст. Кори баъдӣ ин аст, ки кишварҳои Чин, Русия ва Эрон бо Толибон як файсала кунанд: ё ба таври воқеӣ, бо гурӯҳҳои террористӣ бибуранд ва иҷоза надиҳанд аз хоки Афғонистон бар зидди ҳамсоягони Афғонистон, истифода сурат гирад ё ин ки Толибонро минҳайси як гурӯҳи террористӣ бишносанд ва муроқиби ҳаракатҳои баъдии ин гурӯҳ, ки абзоре барои ноамнсозии минтақа аст, бошанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!