Ҳадафи аслӣ густариши нуфуз дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Манбаъ: Хабаргузории “Бозгашт”
Матлаби аслӣ: اتحاد مخفی طالبان و داعش
Гурӯҳи таҳқиқи “Бозгашт”: Дар пайи афзоиши фаъолияти шохаи ДОИШ-Хуросон дар Осиёи Марказӣ ва нигаронии мақомҳои аршади амниятии ин кишварҳо, иттилооти тоза аз сӯи созмонҳои иттилоотӣ нишон медиҳанд, ки решаи аслии ин фаъолиятҳо дар иттиҳоди пинҳону ҳимояти ҳадафманди гурӯҳи Толибон дар Афғонистон нуҳуфтааст.
Бар бунёди иттилооти нашршуда, гурӯҳи Толибон на танҳо барои маҳори шохаи Хуросони гурӯҳи ДОИШ дар қаламрави хеш иқдоми воқеӣ анҷом надода, дар мавориде, ба таври пинҳонӣ аз ин гурӯҳ ҳимоят ва заминасози таҳаррукоти фаромарзии аъзои он шудаанд. Боздошти машкуки аъзои ин гурӯҳ дар кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ахиран Қирғизистон ва интишори иттилооти сохтагӣ аз манобеъи ҷаълӣ тавассути гурӯҳи Толибон, гувоҳи талоши ҳадафманд аз тариқи сенарияҳои иттилоотие аст, ки барои инҳирофи афкори ҷаҳонӣ аз воқеиятҳои аслии ин гуруҳ бо шохаи Хуросони ДОИШ анҷом мешавад.
Эҷоди ҳисобҳои корбарии ҷаълӣ бо номи мақомоти баландпояи амниятии минтақаӣ -- монанди генерал Баҳодур Қурбонов, раиси сервиси амнияти давлатии Ӯзбекистон, нишондиҳандаи абзорҳои пинҳонкори гурӯҳи Толибон барои мудирияти афкори умумӣ ва бознависии воқеиятҳои майдонии ин гуруҳ дар ҳимоят аз шохаи Хуросони ДОИШ аст.
Истихбороти гурӯҳи Толибон ахиран ҳисоби ҷаълиро ба номи аршадтарин мақоми амниятии Ӯзбекистон роҳандозӣ намудааст, ки ба забони русӣ дар шабакаи иҷтимоии Икс фаъолият мекунад. Охирин посте, ки аз ин ҳисоби ҷаълӣ мунташир шуда, дар робита ба боздошти аъзои ДОИШ-Хуросон дар Намангон аст. Матни мунташиршуда аз адреси ин мақоми аршади амниятии ӯзбек нишон медиҳад, ки ӯ навишта, аъзои боздоштшудаи ДОИШ бо Тоҷикистон ва Покистон иртибот доштаанд, аммо ҳеҷ ишорае ба маркази шохаи Хуросони ин гуруҳ дар Афғонистон нашудааст.
Зоҳиран гурӯҳи Толибон бо роҳандозии чунин ҳисобҳои ҷаълӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вежа Телеграм ва шабакаи Икс, талош доранд, воқеиятҳои гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон ва иртиботи онро бо гурӯҳи Толибон пинҳон намуда, Тоҷикистон ва Покистонро ҷуғрофияи густариш ва нуфузи ин гуруҳ ба Осиёи Марказӣ ва минтақа қаламдод намоянд.
Коршиносони амниятӣ мегӯянд, тактикҳои инҳирофии гурӯҳи Толибон дар мавриди шохаи Хуросони ДОИШ на танҳо амнияти минтақаро бо таҳдид мувоҷиҳ карда, балки бозии печида ва хатарноки истихборотиро дар қалби Осиёи Марказӣ рақам зада, ки мустақиман суботи ин минтақаро таҳдид мекунад.
“Барномаи ДОИШ дар Афғонистон, нуфуз ба Осиёи Миёна аст”
Русия ва аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба рағми равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ бо гурӯҳи Толибон, ҳамчунон нигарони амнияти марзҳояшон ва вуруди гурӯҳҳои ифротӣ ва таслиҳот аз Афғонистон ба хоки худ ҳастанд. Муовини Дабири Шӯрои амнияти Русия пас аз боздоштҳои мукаррари аъзои гурӯҳи ДОИШ-Хуросон дар Осиёи Миёна, гуфтааст, Маскав башиддат нигарони барномаҳои гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон аст. Ба гуфтаи ӯ, барномаи ДОИШ дар Афғонистон, нуфуз ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аст. Юрий Коков, бо ишораи ғайримустақим ба Толибон ва ҳимояти онон аз гурӯҳи ДОИШ-Хуросон, бо рӯзномаи “Российская” гуфтааст:
“Нигаронии вежа аз барномаҳои ҳомиёни созмони террористии байналмилалии ДОИШ аст, ки дар ин минтақа фаъолият мекунанд то терроризмро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас ба Русия содир кунанд”.
Ин мақоми русӣ Афғонистонро манбаъи бесуботӣ ва таҳдид барои кишварҳои ҳамсоя, бавежа Осиёи Марказӣ хондааст. Муовини дабири Шӯрои амният Русия ҳамчунин гуфтааст:
“Хатароти тақвияти мавозеъи исломгароёни радикал дар минтақа ва густариши доманаи нуфузи онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар дараҷаи аввал ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст”.
Пеш аз ин Андрей Белоусов, вазири дифоъи Русия гуфта буд, бесуботии мудовим дар Афғонистон манбаъи аслии ҷароими фаромиллӣ ва таҳдиди террористӣ дар қаламрави Созмони ҳамкории Шонгҳой аст.
Тазоди ошкор бо тааҳҳудоти байналмилалӣ
Толибон ба рағми тааҳҳудот мукаррар дар қиболи кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар қолаби нишастҳои амниятӣ ва тавофуқҳои чандҷониба бо бозигарони минтақаӣ, на танҳо ҳеҷ гуна иқдоме барои маҳори терроризм, бавежа гурӯҳи ДОИШ ва Алқоида накардаанд, балки Афғонистонро ба паноҳгоҳи чандлоя барои гурӯҳҳои террористӣ мубаддал сохтаанд.
Юсуф Ориёӣ, устоди донишгоҳ ва огоҳи равобити байналмилал мегӯяд, Толибон, бо тақвияти зерсохтҳои идеологӣ ва логистикии ифротгароён – аз ҷумла аз тариқи мадориси мавсум ба “мадрасат ул-ҷиҳод” – заминаи тавлиди насли тозае аз нерӯҳои вафодор ба проектҳои ҷаҳонии терроризм, аз ҷумла гурӯҳи ДОИШ ва шабакаи Алқоидаро фароҳам кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир солона ҳазорон донишомӯзи мадрасаҳои ҷиҳодии гурӯҳи Толибон бо тафаккуроти комилан ифротӣ аз ин мадрасаҳо фориғ мешаванд, аммо гурӯҳи Толибон омор намедиҳанд, ки онон дар куҷо ва барои анҷоми чӣ амале гумошта мешаванд.
Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Русия; Майдони тозаи тохтутози ДОИШ таҳти чатри Толибон
Дар тозатарин маврид, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти як ҷавони 22-сола дар Бишкек ба иттиҳоми ҳимоят ва фаъолият дар чорчӯби гурӯҳи ДОИШ-Хуросон хабар додааст. Ба нақл аз манобеъи амниятии ин кишвар, фарди боздоштшуда бо саркардаи гурӯҳи ДОИШи шохаи Хуросони мустақар дар Афғонистон байъат карда ва аз назди ӯ мӯҳтавои таблиғотии идеологӣ – аз ҷумла нусхаҳое аз китобҳои ифротие чун “Ал-масоил ал-марзия ало ал-ақида ал-авсатия” асари Ибни Таймия ба даст омадааст.
Дар ҳафтаи гузашта, чандин мавриди мушобеҳ аз Ӯзбекистон ва Русия низ гузориш шуда, ки онон ҳастаҳои зерзаминии вобаста ба ДОИШ-Хуросон буданд. Ҳафтаи гузашта идораи амнияти давлатии Ӯзбекистон, эълом кард, ки як шабакаи махфии муташаккил аз аъзои гурӯҳи ДОИШ-Хуросон дар шаҳри Намангон муталошӣ шудааст. Раҳбари ин шабака, духтаре 19-сола аз ноҳияи Давлатобод буд, ки пас аз гузарондани давраҳои омӯзиши ифротгароӣ дар Истамбули Туркия, ба ин гурӯҳ пайваста буд ва пас аз бозгашт ба тарвиҷи густурдаи омӯзаҳои ҷиҳодгароёна бо аҳдофи гурӯҳи ДОИШ-Хуросон дар Телеграм мепрдохт.
Манобеъи расмӣ тасреҳ кардаанд, ки дар ин каналҳо, мафоҳими бунёдгароёна монанди “шаҳодат”, “такфир” ва “ҷиҳод ҷаҳонӣ” (маводе, ки ҳамакнун дар мадориси Толибон низ зери номи мадрасат – ул-ҷиҳод, ба кӯдакон ва навҷавонон тадрис мешавад), бо иқтибос аз омӯзаҳои раҳбарони фикрии ДОИШ, Толибон ва Алқоида мунташир мешудааст; Гуфта мешавад ин каналҳо дасти кам 121 узв доштаанд ва дар ҷараёни амалиёти боздошт 16 тан, аз ҷумла як устоди донишгоҳ, шиносоӣ ва дастгир шудаанд.
Мадориси ҷиҳодӣ, хатти тавлиди ифротият барои Алқоида ва ДОИШ
Дар ҳамин ҳол ёфтаҳои гурӯҳи таҳқиқии хабаргузории “Бозгашт” дар ин гузориш нишон медиҳанд, ки яке аз меҳварҳои аслии густариши гурӯҳи ДОИШ, шабакаи Алқоида ва гурӯҳҳои террористии дигар дар Афғонистон ва минтақа, низоми омӯзишии идеологии мадориси динӣ таҳти мудирияти гурӯҳи Толибон аст.
Он чи таҳти унвони “мадориси ҷиҳодӣ” дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир фаъол аст, амалан ба сурати ҳадафманд ба “маркази тарвиҷи ифротият” мубаддал шуда, ки ҳадафи аслии онон на омӯзиши улуми динӣ, балки тарбияти наслҳои ояндаи ифротгароён барои иҷрои маъмуриятҳои террористӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон, бавежа Осиёи Марказӣ аст.
Мадориси ҷиҳодӣ ва динии гурӯҳи Толибон, бо адабиёти бунёдгароёна, таҳти назорати шабакаҳои муртабит бо ниҳодҳои истихборотии гурӯҳи Толибон ва Шабакаи Ҳаққонӣ, ба сурати фаъол ва ҳадафманд ҷавононро шустушӯи мағзӣ дода, аз тариқи шабакаҳои тадорукотӣ, ононро ба майдонҳои ҷанги фаромарзӣ эъзом мекунанд.
Толибон таҳдид хомӯш ва бепоён
Боздошти аъзои гурӯҳи ДОИШ ахиран дар кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия нишондиҳандаи он аст, ки гурӯҳи Толибон танҳо дар ҳошияи рӯйдодҳои ифротгароӣ нестанд, балки гузашти замон ва адами таваҷҷуҳи ҷаҳон ба Афғонистон дар чаҳор соли гузашта ононро ба меҳвари созмонёфтае барои мудирият, ҳамоҳангӣ ва судури терроризми ҷаҳонӣ табдил кардааст.
Вазъияте, ки на танҳо Афғонистон, балки Осиёи Марказӣ ва тамоми минтақаро бо таҳдиди ошкори бозгашт ва басти ифротгароӣ мувоҷиҳ сохта; Ва сарчашмааш дар садҳо мадрасаи ҷиҳодии Толибон ва ғайра марокизи омӯзишии онон дар саросари Афғонистон, нуҳуфтааст.