Хабари рӯз

Интиқоди ИМА аз Тоҷикистон ба хотири ҳуқуқҳои динӣ аст ё фишори сиёсӣ?

 Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динӣ (USCIRF) дар гузориши нави худ Тоҷикистонро ба нақзи ҳуқуқи диндорон муттаҳам кардааст. Аз ҷумла дар “саркӯбкунии” гурӯҳҳои мазҳабӣ, аз қабили ТЭТ “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” (ҲНИТ) ва Шоҳидони Яҳво. USCIRF хостори ҷорӣ кардани таҳримҳои шахсӣ алайҳи як қатор мансабдорони тоҷик шуд. Оё хулосаҳои чунин ташкилотҳои амрикоиро инъикоси боэътимоди вазъияти ҳақиқӣ ҳисобидан мумкин аст?

 

Изҳороти ихтилофнок

Тоҷикистон ба “рӯйхати сиёҳ”-и Департаменти давлатии ИМА ҳамчун кишваре, ки гӯё мунтазам ҳуқуқҳои диниро поймол мекунад, ворид карда шудааст. Дар қатори даъвоҳо манъи рафтани ноболиғон ба масҷид, маҳдудият дар таҳсилоти динӣ, шарт ва маҳдудияти синнусолӣ барои адои ҳаҷ ва талаботҳо ба мувофиқкунии мавъизаҳоро ном бурдан мумкин аст. Вале бояд дар хотир дошт, ки Тоҷикистон бо як вазифаи муҳим - мувозинат байни мубориза бо ифротгароӣ ва риояи озодиҳои динӣ рӯбарӯ аст. Дар кишваре, ки бо Афғонистон - яке аз манбаҳои асосии радикализм дар ҷаҳон ҳаммарз аст, таъмини субот ва пешгирии ифротгароӣ вазифаи авлавиятноки давлату ҳукумат мебошад.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар масъалаи озодии динӣ ва ҳамзистии мазҳабҳои гуногун ба пешравиҳои назаррас ноил гаштааст. Тоҷикистон ҳамчунин, иттиҳомҳоро дар мавриди табъизи мазҳабӣ рад кард ва қайд намуд, ки маҳдудият барои намуди зоҳирӣ дар муассисаҳои давлатӣ – ин қоидаҳои дохилии созмонҳои алоҳида мебошад, на сиёсати давлат.

Ба андешаи коршиноси масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов, баҳодиҳии амрикоиҳо ба вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон на ба ҳифзи ҳуқуқи диндорон, балки бештар ба ҳадафҳои сиёсати хориҷии Амрико вобастагӣ дорад: “Бори аввал нест, ки кишвари мо ба “рӯйхати сиёҳ”-и Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои озодии динӣ дохил карда мешавад. Ин кор пас аз дар моҳи октябри соли 2007 дар Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти ташкилоти “Шоҳидони Яҳво” оғоз гардид. Ин ташкилот тӯли 10 сол дар кишвари мо фаъолият бурдааст. Дар қатори сабабҳои расмии манъи ин ташкилот фаъолияти зиддиқонунӣ ва миссионерии он, инчунин даъватҳои он барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ қайд шудааст.

Аз он давра Тоҷикистон ба таври худкор ба гузоришҳои Амрико ҳамчун кишваре, ки гӯё озодиҳои мазҳабиро нақз мекунад, ворид карда мешавад. Аммо ин қарори Амрикоро одилона номидан мумкин нест, ин дахолат ба корҳои дохилии кишвари мост. Бояд ба назар гирифт, ки “Шоҳидони Яҳво” як падидаи барои ҷомеаи Тоҷикистон комилан бегона аст, зеро беш аз 96 фоизи аҳолии кишвари мо дини исломро пайравӣ мекунад. Фаъолияти миссионерӣ, ки ба тағйир додани мансубияти динӣ равона карда шудааст, метавонад боиси сар задани низоъҳо ва ихтилофҳои динӣ гардад. Барои пешгирии чунин хатарҳо қарор дар бораи манъ кардани фаъолияти ин ташкилотҳо қабул карда шуд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар масъалаи озодии динӣ ва ҳамзистии мазҳабҳои гуногун ба пешравиҳои назаррас ноил гаштааст. Тоҷикистон ҳамчунин, иттиҳомҳоро дар мавриди табъизи мазҳабӣ рад кард ва қайд намуд, ки маҳдудият барои намуди зоҳирӣ дар муассисаҳои давлатӣ – ин қоидаҳои дохилии созмонҳои алоҳида мебошад, на сиёсати давлат.

Соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯйхати 29 ташкилоту ҷунбишҳо, равияҳо, гурӯҳҳову иттиҳодияҳоеро, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчун   террористӣ ва ифротгаро эътироф шудаанд, нашр кард, аз ҷумла: Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ал-Қоида, Толибон, Гурӯҳи 24, Pamir Daily News, Тоҷикистони нав - 2, “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Вилояти Хуросон” – ДОИШ.

Агар ба таърихи “Шоҳидони Яҳво” назар андозем, маълум мешавад, ки онҳоро бо ҳаракатҳои анъанавии мазҳабӣ баробар кардан номумкин аст. Ташкилот дар асри XIX ҳамчун як маҳфили хониши Китоби Муқаддас (Таврот ва Инҷил) ба вуҷуд омад ва баъдтар ба як ҳаракати алоҳида дар дохили масеҳият табдил ёфт. Имрӯз пайравони он дар зиёда аз 210 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд, ки аз ҷиҳати ҳузури ҷуғрофӣ пас аз католикҳо ва пантикостолҳо дар ҷои дуюм қарор доранд. Дар баробари ин, шумораи умумии пайравони гурӯҳи “Шоҳидони Яҳво” дар ҷаҳон тақрибан 9 миллион нафарро ташкил медиҳад - барои муқоиса танҳо дар ИМА тақрибан 4 миллион мусулмон ҳаст, яъне шумораи умумии пайравони “Шоҳидони Яҳво” дар ҷаҳон хеле ночиз аст. Дар баробари ин шумораи пайравони нав бахусус дар кишварҳои ғарбӣ ҳамасола кам мешавад. Масалан, дар муқоиса бо соли 1996, соли 2013 шумораи пайравони фаъол дар Белгия, Олмон, Дания, Ҳолланд, Ҷумҳурии Чех, Словакия, Швейтсария, Шветсия ва Финландия коҳиш ёфтааст. Дар Канада дар даҳ соли охир шумораи одамоне, ки худро ба гурӯҳи “Шоҳидони Яҳво” мансуб медонанд, 8% кам шудааст.

Афзоиш асосан дар кишварҳои рӯ ба тараққии Африқо, Осиё, Амрикои Лотинӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ ба назар мерасад. Дар ҳоле ки дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” манъ ё маҳдуд аст – ин созмон дар ҳама кишварҳо ҳамчун миссионерӣ ва ба пояҳои иҷтимоӣ таҳдидкунанда ҳисобида  мешавад. Дар Тоҷикистон шумораи пайравони “Шоҳидони Яҳво” ниҳоят кам аст - на бештар аз сад нафар ва эҳтимолан камтар. Аз ин рӯ, дар ин вазъият аз нақзи васеи ҳуқуқи динӣ ҳарф задан нодуруст аст. Ин масъала бештар сиёсӣ аст: Департаменти давлатии ИМА гурӯҳи “Шоҳидони Яҳво”-ро ба як абзори таъсиррасонӣ ва фишор ба давлатҳои номатлуб табдил додааст.”

Соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯйхати 29 ташкилоту ҷунбишҳо, равияҳо, гурӯҳҳову иттиҳодияҳоеро, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчун   террористӣ ва ифротгаро эътироф шудаанд, нашр кард, аз ҷумла: Ҳизби наҳзати Исломӣ, Ал-Қоида, Толибон, Гурӯҳи 24, Pamir Daily News, Тоҷикистони нав - 2, “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Вилояти Хуросон” – ДОИШ.

 “Шоҳидони Яҳво” ба як абзори таъсиррасонии ИМА табдил ёфтааст: бо манъ кардани фаъолияти ин созмон кишвари мо ба рӯйхати сиёҳи Департаменти давлатии ИМА дохил шудааст ва Додгоҳи Аврупо гоҳ - гоҳ нисбати баъзе кишварҳо ҳукмномаҳо мебарорад.

Аҷибаш он аст, ки ҳуқуқҳои “Шоҳидони Яҳво”-ро намояндагони сохторҳои низомии Амрико фаъолона ҳимоя мекунанд. Масалан, чанде пеш роҳбари намояндагии НАТО дар ИМА аз вазъ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Дар ин ҳангом, пайравони “Шоҳидони Яҳво” аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, дар интихоботҳо иштирок намекунанд, рамзу хусусиятҳои давлатиро эътироф намекунанд ва хидмат ба давлатро хилофи таълими динии худ меҳисобанд. Аз ин рӯ, хоҳиши ИМА барои дастгирии маҳз ҳамин ҳаракати динӣ ва таъмини фаъолияти он дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон аҷиб ба назар мерасад, зеро ин ташкилот ба ҷонибдории беҳокимиятиву бесарусомонӣ баромад мекунад.

Гузашта аз ин, стандартҳои дугонаи ИМА ва Аврупо маълуманд. Дар худи кишварҳои ғарбӣ ақаллияти мусалмонон бо табъиз рӯ ба рӯ ҳаст: дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан 65% мусулмонон мегӯянд, ки ба далели муносибати манфӣ дар ҷомеа маҷбуранд, ки эътиқоди худро пинҳон кунанд, дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ пӯшидани ҳиҷобу ниқобро манъ мекунанд, Қуръонро таҳқир мекунанд, барои душманӣ байни мусалмонон ва насрониён замина фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки пеш аз танқид кардани кишварҳои дигар, бояд аввал ба сиёсати дохилии худ назар андозанд, мушкилоти ҷомеаи худро омӯзанду ҳал кунанд, ва баъдан, агар барои ин сабаб ва ё имконият бошад, ба мушкилоти кишварҳои дигар дахолат кунанд” – мегӯяд коршиноси масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

 

Дахолати радикалӣ

Дар як қатор кишварҳои пасошӯравӣ дастгирии гурӯҳҳои радикалию исломгаро ва ташкилотҳои динии тахрибкор кайҳост, ки ҳамчун василаи таъсиррасонӣ ба сиёсати дохилии кишвар истифода мешавад. Чунин сохторҳо ақидаҳои радикалиро паҳн карда, мехоҳанд дар муҳити таълимии кишвар мақеи худро мустаҳкам ва ҷавононро ба сафи худ ҷалб кунанд.

Ба андешаи USCIRF, имсол ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рӯйхати вайронкунандагони озодиҳои динӣ шомил карда шуданд.

Дар даҳ соли ахир Тоҷикистон аз USAID - оҷонсие, ки дар замони роҳбарии Доналд Трамп барҳам дода шуда буд, ҳудуди 395 миллион доллар маблағ гирифтааст. Қисми зиёди ин маблағ барои дастгирии созмонҳои ғайриҳукуматии бо сохторҳои радикалӣ ва тахрибкор алоқадошта  равона карда шудааст.

“Шоҳидони Яҳво” ба як абзори таъсирасонии ИМА табдил ёфтааст: бо манъ кардани фаъолияти ин созмон кишвари мо ба рӯйхати сиёҳи Департаменти давлатии ИМА дохил шудааст ва Додгоҳи Аврупо гоҳ - гоҳ нисбати баъзе кишварҳо ҳукмномаҳо мебарорад” - мегӯяд коршиноси масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Махсусан муносибати Амрико ва иттифоқчиёнаш ба як қатор ҷунбишҳои исломӣ, аз қабили “Ҷамоати Таблиғ”, қобили таваҷҷӯҳ аст. Ин ташкилот, ки дар солҳои 1940 бо дастгирии молиявии Бритониё таъсис ёфта буд, дар як қатор кишварҳо зери пардаи фаъолияти миссионерӣ амал мекунад, гарчанде ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамчун ифротгаро эътироф шудааст.

Дар ин пасманзар, чунин омор махсусан ҷолиб ба назар мерасад: дар давоми даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ беш аз 6600 ҷинояти террористию экстремистӣ, аз ҷумла 86 кӯшиши ташкили ҳамлаҳои террористӣ ошкор карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумотҳои манбаҳои гуногун, то 1900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДИИШ ҳамроҳ шуда, дар амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ иштирок карданд. Дар солҳои охир шаҳрвандони мо дар 24 ҳамлаи террористӣ дар 10 кишвари мухталиф ҳамдаст буданд. Дар чунин шароит суст шудани назорат аз болои ташкилотҳои динӣ метавонад ба оқибатҳои фалокатовар оварда расонад.

Афзоиши таҳдидҳо, аз ҷумла таҳдидҳои аз ҷониби Афғонистони бесубот бароянда, аз мақомоти кишвар на танҳо ба кор андохтани захираҳои дохилӣ, балки ҷалб кардани шарикони санҷидашудаи беруниро талаб мекунад. Дар ин шароит Русия ҳамчун шарики доимӣ баромад карда, дар доираи СПАД, СҲШ ва созишномаҳои дуҷониба ба Тоҷикистон кӯмакҳои таҳлилӣ, модӣ-техникӣ ва кадрӣ мерасонад.

Тавре USCIRF иттилоъ медиҳад, имсол ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рӯйхати вайронкунандагони озодиҳои динӣ шомил карда шуданд.

Ба фарқ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар чунин ҳолат масоили озодии динро дар маркази нутқи сиёсии худ қарор медиҳад, Русия ба чолишҳои воқеии амнияти минтақа тамаркуз мекунад. Русия барои дахолат кардан ба корҳои дохилии Тоҷикистон кӯшиш намекунад, балки барои таҳкими субот ва соҳибихтиёрии кишвари мо мусоидат мекунад. Маҳз ҳамин муносибат кӯмаки Русияро омили асосии таъмини муборизаи босамар бо ифротгароӣ, терроризм ва радикализми идеологӣ мегардонад.

Пайвастшавии ҳифзи ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон бо муборизаи самаранок алайҳи радикализм сиёсати баркашидашуда (мутавозин) ва ҳамкориҳои масъулиятноки байналмилалиро тақозо мекунад. Барои Тоҷикистон интихоб кардани он шариконе, ки ба масъалаҳои воқеии амният тамаркуз карда, масъалаҳои динро дар ҳадафҳои сиёсии худ истифода намебаранд, бисёр муҳим аст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!