Онҳо фақат барои ҷиҳоди никоҳ заруранд ва мисли мол як ғанимати ҷангӣ маҳсуб мешавад.
Нависанда: доктор Мавлавӣ Бурҳонуддин Муҳаммадӣ
Дар ҷавомее, ки ифротгароии мазҳабӣ ҳоким аст, нахустин қурбониён ағлаб занон ҳастанд. Гурӯҳҳои ифротӣ, монанди Толибон ва ДОИШ намунаҳои боризи ин воқеиятанд. Дар ҳар ду низом, зан ба ҷои он ки ба унвони як фарди мустақил бо ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ шинохта шавад, ба абзоре барои таҳаққуқи идеология, истимрори насл ва тақвияти сохтори мардсолорона табдил шудааст. Ҳарчанд мумкин аст дар бархе шеваҳои иҷроӣ тафовутҳое миёни ин ду гурӯҳ дида шавад, аммо дар моҳияти саркӯбгарона ва занситезонаашон, тамоюзе наметавон қоил шуд.
Занон мавҷуде дар зиндони идеология
Толибон ва ДОИШ ҳар ду занро мавҷуде таҳти қаймумияти мард медонанд, ки ҳаққи тасмимгирӣ ва ҳузури фаъол дар ҷомеаро надорад. Дар ҳар ду сохтор, зан на фарди мустақил, балки тобеият аз мард, падар, шавҳар ё бародар талаққӣ мешавад. Ҳар гуна мушорикати зан дар арсаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, амре номашруъ ва таҳдиде алайҳи низоми хилофатӣ ва иморати исломии мавриди назари онҳо маҳсуб мегардад.
Ҷойгоҳи занон дар сохтори ДОИШ
Дар идеологияи ДОИШ зан дорои ду коркарди аслӣ аст: нахуст дар қолаби модар ва ҳамсари ҷиҳодӣ ва дувум ба унвони сарбози номаръӣ дар арсаи ҷиҳоди никоҳу таблиғот. Занон дар манотиқи таҳти контроли ДОИШ аз ибтидоитарин ҳуқуқи инсонӣ, назири озодии тараддуд, ҳаққи таҳсил ва кор маҳруманд ва дар аксари маворид ба унвони ғаноими ҷангӣ мавриди баҳракашии ҷинсӣ қарор мегиранд. ДОИШ бо таҳрифи шадиди мутуни динӣ, бардадории ҷинсиро машрӯъият бахшида ва занонро амалан ба абзори ҷангӣ табдил кардааст.
Ҳамзамон, бархе занон низ дар қолаби нерӯҳои таблиғотии ДОИШ ба кор гирифта мешаванд, то аз тариқи фазои маҷозӣ, дигар занонро ба пайвастан ба хилофати исломӣ тарғиб кунанд. Ин истифодаи абзорӣ аз зан дар ҷиҳати бозтавлиди қудрат ва густариши идеологияи ДОИШӣ сурат мегирад.
Занон дар чанголи Толибон
Ҳарчанд Толибон бар хилофи ДОИШ аз систематиза кардани ҷиҳоди никоҳ парҳез мекунанд, аммо аз назари фалсафаи ҳоким бар зан, тафовути асосӣ бо ДОИШ надоранд. Дар даврони ҳокимияти аввал ва дувуми Толибон занон амалан аз арсаи омӯзиш ва иштиғол ҳазф шудаанд. Макотиби духтарона таътиланд ва бисёре аз занон аз ҳаққи кор дар идороти давлатӣ ва ҳатто созмонҳои башардӯстона маҳрум шудаанд, аз занон ҷуз бардаи ҷинсӣ ва абзори суъистифодаи шахсӣ чизе бештар қоил нестанд. Дар ин авохир Толибони бешумореанд, ки барои чандумин бор ҷиҳати ирзои шаҳавоти ҷинсиашон издивоҷ кардаанд.
Толибон пӯшиши иҷборӣ, манъи тараддуди бидуни маҳрам ва ҳазфи занон аз арсаи умумиро ба унвони сутунҳои низоми исломии худ аъмол мекунанд. Дар ин низом зан танҳо бояд дар хона бимонад ва ба тарбияти фарзандон ва итоат аз мард бипардозад.
Мушобеҳатҳои бунёдин
Баррасии татбиқӣ нишон медиҳад, ки Толибон ва ДОИШ дар саркӯб, зиндонӣ кардан ва таҳқири занон ҳамназаранд. Ҳар ду гурӯҳ якеанд:
- Занро аз ҳуқуқи инсонӣ, монанди таҳсил, кор ва ҳузури иҷтимоӣ маҳрум кардаанд.
- Пӯшиши иҷборӣ, контроли рафтуомад ва вобастагии комил ба мардро бар зан таҳмил кардаанд.
- Нақши занро ба хонадорӣ, зоиш ва тарбияти насли ифротӣ маҳдуд кардаанд.
Тафовутҳои мавҷуд бештар дар шакли иҷрост: ДОИШ занонро ба таври фаъол вориди майдони ҷанг ва таблиғ мекунад, дар ҳоле ки Толибон саъй доранд занро аз ҳар гуна фаъолияти иҷтимоӣ ва ҳатто расонаӣ дур нигоҳ доранд.
Толибон ва ДОИШ ду рӯйи як сиккаанд. Сиккаҳое, ки арзиши он бо нафйи инсонияти занон санҷида мешавад. Ҳар ду бо идеологияе, ки занро тобеъ, мутеъ ва бесадо мехоҳад, на танҳо ҳуқуқи занонро саркӯб мекунанд, балки ояндаи ҷавомеи таҳти султаи худро низ дар торикӣ нигоҳ медоранд. Ҳазфи зан аз арсаи иҷтимоӣ, на танҳо аз манзари инсонӣ фоҷиабор аст, балки аз лиҳози тавсеа ва адолати иҷтимоӣ низ мухарриб ва нобудгар аст.
Дар ниҳоят, фаҳми муштарак аз ин саркӯбҳо гоме муҳим дар шинохти моҳияти воқеии ҷараёнҳои ифротӣ ва зарурати муборизаи фикрӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бо ДОИШ ва Толибон аст.