Раҳбари мухолифони Тоҷикистон аз “гӯристони озодӣ садои озодихоҳӣ” баланд мекунад!
Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Дар акс: Бархе бар ин боваранд, ки Гадоев бо амирулмуъминини Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ мулоқот кардааст, ки эҳтимолан як шӯхӣ аст
Яке аз рӯйдодҳои ҷолиб, ки камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳузури Шарофуддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва тавсеаи Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони сиёсии мухолифи давлати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар Кобул аст.
Бар асоси баёнияе, ки Ҷунбиши ислоҳот ва тавсеаи Тоҷикистон нашр карда, сафари оқои Гадоев ба Кобул “бахше аз талошҳо барои тақвияти амнияти минтақаӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи маданӣ ва муқобила бо таҳдиди ифротгароӣ” аст.
Гуфта мешавад, ки ин чеҳраи сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон ба даъвати Фазлраҳмон Урё, раиси Маркази гуфтумони “Саҳар” ба Кобул сафар кардааст.
Фазлраҳмон Урё қаблан аз афроди наздик ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба шумор мерафт ва акнун низ дар Кобул аст ва фаъолиятҳои сиёсии мармузеро анҷом медиҳад. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки оқои Урёхел равобити пинҳоне бо Толибон дорад ва ба иҷозаву ишораи ин гурӯҳ фаъолиятҳои сиёсии мушаххасеро бидуни сарусадо анҷом медиҳад.
Ҷунбиши ислоҳот ва тавсеаи Тоҷикистон ҳадафи сафари Шарофуддин Гадоев раиси ин ҷунбиш ва ҳайати ҳамроҳаш ба Кобулро “эҷоди созукорҳои муштарак барои тақвияти субот, тавсеаи таомули созанда бо ниҳодҳои маданӣ ва ҳамчунин тасҳили барқарории гуфтугӯи мустақим ва маънодор байни ҷавомеъи мадании Тоҷикистон ва Афғонистон барои тақвияти равобити бародарона байни мардумон”-и ду кишвар унвон кардааст.
Дар баёнияи матбуотии марбут ба сафари Шарафуддин Гадоев ба Кобул омадааст: “Ҷунбиши ислоҳ ва тавсеаи Тоҷикистон нигаронии амиқи худро аз таҳдиди террористии ношӣ аз Давлати исломии Хуросон (ДОИШ) иброз мекунад, таҳдиде, ки фаъол шудани он ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои ҷомеаи байналмилалӣ ба таври куллӣ хатари ҷиддӣ маҳсуб мешавад.”
Оқои Гадоев гуфта, ки нигарони афзоиши нуфузи “қобили таваҷҷуҳ”-и ДОИШ дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Ӯ сиёсатҳои давлати Тоҷикистонро омили тақвияти ДОИШ унвон кардааст.
Вай афзудааст: “Талошҳои мо бо ҳадафи эҷоди шароити ҳамзистии мусоламатомез, табодули озоди андешаҳо, муборизаи муштарак алайҳи чолишҳои замона ва сохтани ояндаи одилона аст. Мо мутақоид шудаем, ки танҳо аз тариқи ваҳдат, дарки мутақобил ва кори муштарак метавонем ба таври муассир бо радикализатсия муқобила кунем, сулҳро тақвият кунем ва умедро ба миллионҳо нафар дар минтақаи муштараки худ бозгардонем.”
Чанд нукта дар мавриди сафари оқои Гадоев ба Кобули таҳти идораи Толибон қобили тааммул аст.
Нуктаи аввал, чароғи сабзи Толибон ба мухолифони давлати Тоҷикистон
Дар ин ҳеҷ тардиде вуҷуд надорад, ки сафари оқои Гадоев ба Кобул на танҳо ба иҷоза ва ишораи Толибон, ки ҳатто ба дастуру ҳидояти мустақими ин гурӯҳ сурат гирифтааст. Зеро дар Афғонистон ҳеҷ ниҳоди сиёсӣ ва мадании мустақил вуҷуд надорад, ки ба фаъолияти сиёсиву мадании озод ва мустақил бипардозад ва аз нуфузу таъсири Толибон дар амон бошад. Толибон тамоми ниҳодҳои маданӣ ва сиёсиро мулғо эълом карда ва бо ҳар навъ фаъолияти сиёсиву маданӣ берун аз чорчӯби гурӯҳи Толибон бархурди хашин ва қотеъ мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, возеҳ аст, ки Маркази гуфтумони «Саҳар», ки оқои Урёхел раёсати онро ба ӯҳда дорад, низ зермаҷмӯаи ниҳодҳои махфӣ ва истихборотии Толибон аст. Дарвоқеъ Маркази гуфтумони «Саҳар» аз Толибон дастур гирифта то мухолифони сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро ба Кобул фаро бихонад.
Нуктаи дувум, ангезаи Толибон ба даъват аз мухолифони давлати Тоҷикистон
Ангезаи Толибон барои даъват аз мухолифони сиёсии Эмомалӣ Раҳмон низ возеҳ аст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар наздик ба чаҳор соли ахир, ба ҷои таомул бо Толибон тақобул бо ин гурӯҳро дар пеш гирифт. Оқои Раҳмон бо ҳимоят аз мухолифони мусаллаҳи Толибон, ба сароҳат эълом карда, ки ҳокимияти Толибон дар Кобул машрӯъ нест ва машрӯъияти он машрут ба ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми ақвом, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон аст. Дарвоқеъ Эмомалӣ Раҳмон тарҷеҳ дода, ки дар ин шароити душвор дар канори ҳамтаборони тоҷики худ дар Афғонистон бимонад ва ҳокимияти мутлақаи паштуниро, ки тоҷиконро аз тамоми сохторҳои сиёсиву идорӣ ва ҳукуматӣ тард карда, ба расмият нашиносад.
Далели дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба тақобул бо Толибон водошта, моҳияти террористии Толибон аст. Оқои Раҳмон борҳо гуфта, ки бо баргашти Толибон ба қудрат хатари густариши терроризм аз Афғонистон бештар шуда ва Толибон амалан гурӯҳҳои террористии хатарнок барои Осиёи Миёнаро мавриди ҳимоят қарор медиҳанд. Бояд гуфт, ки далоил ва ангезаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳамкорӣ накардан бо Толибон дуруст ва машрӯъ аст. Ҳеҷ мантиқе инро намепазирад, ки давлати Тоҷикистон бо як давлати зиддитоҷикӣ ва террористӣ дар ҳамсоягии худ ҳамкорӣ ва таомул кунад.
Дарвоқеъ Толибон дар посух ба сиёсати тақобули Тоҷикистон дар қиболи ин гурӯҳ, тасмим гирифта, ки иқдоми билмисл анҷом диҳад. Яъне мухолифони давлати Тоҷикистонро мавриди ҳимоят ва навозиш қарор диҳад. Он ҳам ба шакли бисёр урён ва фаротар аз ҳимоятҳое, ки давлати Тоҷикистон аз мухолифони Толибон анҷом медиҳад. Тоҷикистон бо вуҷуди ҳимоят аз мухолифони Толибон, ҳамвора аз мухолифони ин гурӯҳ хоста, ки дар расонаҳо зоҳир нашуда ва алайҳи Толибон аз Тоҷикистон садо баланд накунанд. Толибон аммо дар иқдоми билмисли худ алайҳи Тоҷикистон, поро фаротар гузошта ва аз мухолифони сиёсии давлати Тоҷикистон даъват карда, ки бо ҳузур дар Кобул, дар телевизион низ зоҳир шуда ва сиёсатҳои дохилии Эмомалӣ Раҳмонро бо сароҳат мавриди тохтутоз қарор диҳанд. Ин иқдоми Толибон мисдоқи ин зарбулмасал аст: «Мазан ба дари касе ба ангушт, ки мезананд ба дарат ба мушт.”
Нуктаи севум, хушбоварӣ ё бехабарии раиси Ҷунбиши ислоҳот ва тавсеаи Тоҷикистон
Ин ки Толибон ба ҷомеаи маданӣ, фаъолияти маданӣ, озодӣ, демократия, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи башар, ислоҳоти демократӣ ва арзишҳову падидаҳои модерни сиёсӣ сареҳан бовар надоранд ва балки душмани ин арзишҳо ҳастанд, ҳеҷ тардиде вуҷуд надорад. Зиддияти Толибон бо ин арзишҳо мисли офтоб равшан аст. Толибон ба унвони як гурӯҳи террористӣ дар ҳамдастӣ бо терроризми байналмилалӣ баъд аз бист соли қатлу куштори садҳо ҳазор инсони бегуноҳ, дар натиҷа як тавтиаи печида ба кӯмаки шабакаҳои истихборотии махуф ба қудрат баргаштонда шуданд. Ин гурӯҳ пас аз баргашт ба қудрат, тамоми дастовардҳои демократии ҷомеаи Афғонистонро нобуд кард ва кишварро ба панҷоҳ сол ақиб баргаштонд.
Бо ин ҳама, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва тавсеаи Тоҷикистон, дар Кобул аз тақвияти равобити ҷомеаи маданӣ, аз ислоҳоти демократӣ, аз дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сухан мегӯяд. Ин суханон барои касоне, ки андаке ба авзоъи Афғонистон ишроф доранд ва андаке Толибонро мешиносанд, бисёр аҷибу хандадор аст.
Бино бар ин, бо сароҳат метавон гуфт, ки агар оқои Гадоев шинохте аз Толибон ва аз Афғонистон надорад, салоҳияти ӯ ба унвони раҳбари ҷараёни сиёсии мухолифи давлат дар Тоҷикистон ба сурати худкор салб мешавад. Чӣ гуна як одаме то ин ҳад бехабар аз дунё, метавонад ҷараёни мухолифони сиёсии як давлатро раҳбарӣ ва ҳидоят кунад? Ин саволи муҳиммест. Имрӯза ҳатто кӯдакон дар Афғонистон медонанд, ки Толибон то чӣ андоза душмани озодиву ҳуқуқ ва арзишҳои маданӣ ва демократианд. Пас вақте як раҳбари сиёсӣ инро надонад, чӣ гуна метавонад иддаои раҳбарӣ дошта бошад? Ишроф ба авзоъи як кишвар ва перомуни он аз ибтидоитарин муаллифаҳои раҳбарии ҷараёнҳои сиёсӣ аст.
Нуктаи чаҳорум, нақши ниҳодҳои мармуз ва пинҳонкори ғарбӣ дар ақиби ин сенария
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ошкори Толибон дар зиддият бо арзишҳои маданӣ ва бо таваҷҷуҳ ба изҳороти аҷиби раҳбари мухолифони сиёсии давлати Тоҷикистон, нуктаи дигаре, ки эҳтимолан зеҳни инсонро даргир мекунад, нақши восити ниҳодҳои мармузу пинҳонкори истихборотӣ дар ақиби ҳамчу иқдомоту барномаҳо аст. Ниҳодҳое мисли Маркази гуфтумони «Саҳар». Ба назар мерасад, ки оқои Гадоев аз сӯи ҳамчу ниҳодҳо иғфол шудааст. Ба эҳтимоли зиёд, шуморе аз лобигарон ва ҳомиёни Толибон, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, Шарофуддин Гадоевро иғфол карда ва дар гӯши ӯ хондаанд, ки Толибон як ҷунбиши озодибахшу маданӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар аст. Чизе, ки моҳияти Толибон ошкоро дар тазод бо он қарор дорад. Дар ин ҷо мо дарвоқеъ натанҳо бо корҳои истихборотӣ мувоҷиҳ ҳастем, балки ниҳодҳои зоҳиран маданӣ ва пажӯҳишӣ низ ҳузурашон дар ҳамчу равандҳо машҳуд аст. Ин ниҳодҳо бо ановину аҳдофи эъломшуда бисёр дилфиреб фаъолият мекунанд, аммо аҳдофи пинҳони созмонҳои истихборотиро амалӣ месозанд. Аммо дар назар гирифтани ин эҳтимол, бехабарии Шарофуддин Гадоевро тавҷеҳ намекунад. Балки ин шоеъаро халқ мекунад, ки худ оқои Гадоев бахше аз равандҳои мармузи истихборотӣ аст, ки таҳти унвони мухолифони сиёсӣ ва аҳдофи эъломии ислоҳотӣ фаъолият доранд. Зеро бисёр як эҳтимоли баид аст, ки раҳбари мухолифони сиёсии як кишвар то ин ҳад аз перомуни кишвараш бехабар ташриф дошта бошад.
Нуктаи панҷум, Афғонистон худ ниёзи ҷиддӣ ба эҳёи озодӣ ва ҷомеаи маданӣ дорад
Оқои Гадоев агар бахше аз проектҳои истихборотӣ нест ва воқеан барои озодӣ, адолат, ҳуқуқи башар ва демократия мубориза мекунад, бидонад ва огоҳ бошад, ки рафтанаш ба Кобули зери идораи Толибон, нанги бузурге ба як фард ва ҷунбиши озодихоҳу маданӣ аст. Аз вақте Толибон ба қудрат дар Кобул баргаштаанд, ба ин шаҳри матрук фақат истихборотӣ ва ҳомиёни берунии Толибон сафар мекунанд. Сафари озодихоҳон ба Кобул мамнуъ ва ҳар инсони озода ва озодихоҳ бо сафар ба ин шаҳр боздошт мешавад.
Имрӯза Афғонистон ба андозаи кулли ҷамъияти Тоҷикистон муҳоҷир ва овора дорад. Ин муҳоҷират ва оворагӣ тасодуфӣ ва ҳавасона нест. Миллион инсони озодихоҳ, ки барои озодӣ, демократия ва маданият дар давраи бистсолаи ҷумҳурият дар Афғонистон кору пайкор карданд, бо баргашти Толибон ба қудрат, маҷбур ба фирор аз кишвар шуда ва ҳазорон тан аз онон дар ин наздик ба чаҳор сол кушта ва нопадид шуданд. Ба ин эътибор, Афғонистони таҳти контроли Толибонро метавон гӯристони озодӣ ном ниҳод. Оё метавон бар фарози гӯри ҳазорон инсони озодихоҳ, суруди озодӣ хонд ва барои озодӣ дар сарзаминҳои ҳамсоя кору пайкор кард? На хайр!
Оқои Гадоев, ки ба эҳтимоли зиёд мавриди иғфол қарор гирифта, бояд ҳарчи зудтар ба худ биёяд ва мавзӯъро дарк кунад. Зеро агар ӯ бахше аз проектҳои истихборотӣ набошад, ҳузураш дар Кобул, ба аҳлият ва шахсияти ӯ барои раҳбарии ҷараёни ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон садамоти ҷуброннопазир ворид мекунад.
Ин нукта ҳам ёдоварӣ шавад, ки ҷудо аз масоили дохилии Тоҷикистон, сиёсати давлати Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи Толибон, яке аз беҳтарин ва шуҷоъонатарин сиёсатҳои хориҷии кишварҳои минтақа аст ва имрӯза равандҳои сиёсӣ дар минтақа дар ҷиҳате дар ҳаракат аст, ки дар ниҳоят ба таъйиду исботи дурустии сиёсати давлати Тоҷикистон меанҷомад. Имрӯза бисёре аз кишварҳои минтақа, пас аз солҳо таомул бо Толибон ба ин натиҷа расидаанд, ки таомул бо ин гурӯҳ натанҳо ба суди сулҳу субот дар минтақа нест, балки мӯҷиби тақвияти нохостаи терроризм мешавад, ки дар оташи он солҳои зиёде минтақаи мо хоҳад сӯхт.