Як намунаи сирояти толибонизм ё чаро мардум таърихи худро бояд донанд?
Нависанда: Сабриддин Бадахш, муаррих, махсус барои Сангар
Бархе аз рӯйдодҳое, ки дар Украина ва кишварҳои соҳили Балтика рух дод, маро ба ёди гузашта меандозад. Савол ин ҷост, ки чаро мардум аз гузашта ибрат намегиранд? Чаро таърихро шиканҷа мекунанд?
Ва ман афкорамро бо ин савол шурӯъ мекунам: чаро афроди одӣ дӯст доранд гузаштаи худро мутолиа кунанд? Эҳтимолан ба ҳамин далел аст, ки фарде, ки ҳангоми давидан ба замин афтодааст, пас аз хестан ҳамеша ба маҳалли суқути худ нигоҳ мекунад. Ӯ ин корро мекунад то дубора наафтад. Таърих ба мардум меомӯзад, ки иштибоҳотро такрор накунанд, таърих ба инсон қудрати маънавӣ медиҳад, онҳоро муттаҳид ва шикастнопазир мекунад. Аммо ин савол пеш меояд: “Оё ҳама ба мардуми воҳид ва муттаҳид ниёз доранд, ки гузаштаи худро бишносанд ва ояндаи орому равшан барои худ бисозанд?”
Толибони* Афғонистон аввалин касоне буданд, ки дар таърихи муосир осори таърихиро ошкоро ва аз фарти барбарияту девонагӣ тахриб карданд. Савмааҳои буддоӣ дар 200 километрии шимолу ғарби Кобул дар қарни аввал то дувуми мелодӣ сохта шуданд, ки то қарни ҳаштум дар он ҷо вуҷуд дошт, то замоне, ки буддизм дар натиҷаи исломшавӣ аз қаламрави Афғонистон берун андохта шуд. Беш аз ҳазор сол гузашт, аммо савмааҳои матруки буддоӣ ва муҷассамаҳои ғӯлпайкари маъруфи Буддо дастнахӯрда боқӣ монданд - на фотиҳони араб, на ҳокимони маҳаллии форсу паштун, на туркҳо ва на муғулҳо онҳоро вайрон накарданд. Ва танҳо дар 8 ҳути 1379 (26 феврали 2001), раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар дастури тахриби маҷмӯаи меъмории маъруфро, ки ба унвони як бинои таърихӣ аз мероси фарҳангии ҷаҳон ба ҳисоб меомад, содир кард. Бо вуҷуди эътирозоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, Толибон ин шоҳкори таърихиро тахриб кард.
Таҷрибаи Толибон тавассути ДОИШ* раҳгирӣ шуд. Тасмими тахриби комили амокини таърихӣ ва мазҳабӣ дар Сурия, Ироқ ва Либия пас аз зуҳури ифротгароии мазҳабие, ки аз сӯи созмонҳои иттилоотии ғарбӣ мавриди ҳимоят қарор гирифт, гирифта шуд. Танҳо дар Мосул, яке аз қадимитарин шаҳрҳои Ироқ, ҷангиёни ДОИШ аз июни 2014 то феврали 2015, 28 макони мазҳабиро тахриб карданд. Осори таърихии онҳо ба манзури фурӯш аз Ироқ хориҷ шуд ва ифротиён бо даромади ҳосил аз тиҷорати осори бостонӣ фаъолиятҳои худро таъмини молӣ карданд. Дар феврали 2015, террористон Китобхонаи марказии Мосулро инфиҷор доданд, ки дар натиҷаи он байн 8000 то 10000 китоб аз ҷумла нусхаҳои хаттии нодири бостонӣ дар заминаи фалсафа ва таърих барои ҳамеша аз даст рафт. Ситеза ҷуён оташе аз китобҳоро дар ҳавлии китобхона барпо карданд.
Дар соли 2014, расонаҳо аз тахриби чандин масҷид (ҳам суннӣ ва ҳам шиа) ва зиёратгоҳ дар манотиқи таҳти ишғоли ДОИШ хабар доданд. Аз ҷумла ДОИШ масҷиди Алқуббаи Ҳусайния, масҷиди Шайх Ҷавод Алсодиқ, масҷиди Арнаут, масҷид Қадо, масҷиди Аскари Мулло ва ҳамчунин мазору мақбараи сӯфӣ Аҳмад Алрифоӣ ва мазори Шайх Иброҳим, ду сохтмон дар маҷмӯаи ҳарами Фатҳӣ Алқоинро дар июни 2014 бо булдозер тахриб кард. Дар 25 июли 2014, ҳарами қарни сездаҳуми Имом Авнуддин дар Мосул, яке аз нодиртарин биноҳое, ки аз ҳамлаи муғул дар қарни сездаҳум ҷони солим ба дар бурд, низ тавассути ДОИШ вайрон шуд. Дар 24 сентябри 2014, масҷиду мақбара Арбаини Валӣ дар Тикрит, ки машмули чиҳил мақбара аз даврони Умар буд, мунфаҷир шуд. Дар 26 феврали 2015, ДОИШ Масҷиди Сабзи қарни дувоздаҳумро дар маркази шаҳри Мосул бомбаборон кард. Дар марти 2015, ДОИШ масҷиди Ҳаму Алқоду дар ин шаҳрро, ки дар соли 1880 сохта шуда буд, бо булдозер ба замин ҳамвор кард. Дар соли 2017, ДОИШ масҷиди бузурги Нурӣ ва манораи шебдори онро аз байн бурд. Ин масҷиде буд, ки Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ДОИШ, се сол пеш аз он, таъсиси хилофати ба ном Давлати исломиро эълом карда буд.
Дар ҳол ҳозир бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба таъриху мероси фарҳангии худ эъломи ҷанг кардаанд. Мақомоте, ки дар Украина фаъолият доранд, бо адами дастёбӣ ба муваффақиятҳои низомӣ дар майдони набард, сиёсати ҷудосозии таърихи худро аз ҳар чизе, ки бо Русия муртабит аст, думбол мекунанд. Киев тахриби систематики биноҳои ёдбуди нависандагону шоирон, биноҳои ёдбуди сарбозони озодибахши Шӯравиро, ки шуҷоъона алайҳи муҳоҷимони нозӣ дар тӯли Ҷанги бузурги меҳанӣ ҷангиданд ва ҷони худро аз ҷумла барои сарзаминҳои Украина доданд, оғоз кард. Бинобарин, дар шаҳри Харков, ифротиён нимтанаи маршали Шӯравӣ Жуковро аз байн бурданд ва шиорҳои неонозиро рӯйи пояи он навиштанд. Дар Ивано-Франковск қарор аст номи ҳудуди 20 хиёбони ба номи нависандагону донишмандони Шӯравӣ ва русӣ тағйир ёбад. Дар Одесса, навиштаҷоти шаҳрҳои хоҳархонда (Маскав, Волгоград, Ростови лаби Дон ва ғайра) аз як тоблуи ёдбуд воқеъ дар марказ шаҳр барчида мешаванд. Рафтори мушобеҳе тавассути кишварҳои Балтика думбол мешавад, ҷое, ки мақомоти Латвия дар ҳоли тасвиби қонуне дар мавриди тахриби бинои ёдбуди сарбозон озодибахш дар шаҳри Рига ҳастанд.
Аз ин хотир, посух ба суоли фавқ ин аст: "Ҳама ба мардуми муттаҳид ва воҳид ниёз надоранд, ки гузаштаи худро бишносанд ва ояндаи орому равшан барои худ бисозанд." Касе воқеан мехоҳад рӯзе бедор шавад дар ҷаҳоне, ки дар он Ҷанги бузурги меҳанӣ алайҳи муҳоҷимон нозӣ вуҷуд надоштааст, ҷое, ки омӯзиш истиқбол намешавад ва мардум ба Худо имон доранд, Худое, ки тавассути ҷангиёни созмонҳои террористӣ, ки бо туфангҳои таҳоҷумии Калашников ин тарафу он тараф медаванд, ихтироъ шудааст. Саволи дигаре матраҳ мешавад: "Чӣ касе аз ин ҳама суд мебарад ва чӣ гуна метавон дар баробари он муқовимат кард?"
Украина ва кишварҳои Балтика ба назар кишварҳои аврупоӣ ҳастанд. Давлатҳои онҳо бо инкори иртибот бо фашизм, чаро осори зиддифашистиро нобуд мекунанд? Онҳо фикр мекунанд, ки аз ин тариқ метавонанд равобити худро бо Русия ва мардум он қатъ кунанд. Шумо метавонед аз ҳама чиз фирор кунед, аммо на аз худтон. Қудрати Аврупо бояд аврупоӣ ё мутамаддин бошад на мисли Толибон ва ДОИШ. Агар ҳама ин корҳоро онҳо барои ҷалби ризояти Амрико анҷом диҳанд, ин чизе ҷуз нӯкарӣ нест ва таърих ҳаргиз инро нахоҳад бахшид, ҳамон тур, ки дар Афғонистон низ моро намебахшад. Украина аз ҳар назар дар ҳол табдил шудан ба як Афғонистони ҷадид аст.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.