Хабари рӯз

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, роҳе ҷуз муқовимат барои мардум намондааст

Нависанда: Мухтор Вафоӣ,

Манбаъ: Индепенденти форсӣ

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, султаи Толибон бар Афғонистонро “ҳокимияти тарсу ваҳшат” тавсиф кард.

Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон, дар мусоҳиба бо хабарнигорони шабакаи телевизионии «Арти» (Arte) , ки як расонаи аврупоӣ аст, набарди Ҷабҳаи муқовимати миллиро на фақат алайҳи Толибон, балки алайҳи терроризми байнулмилалӣ донист. Масъуд дар ин мусоҳиба бо ишора ба шеваи давлатдории Толибон, гуфт, ки бо густариши зулм, куштор, шиканҷа, истибдод ва беадолатӣ, роҳе ҷуз муқовимат барои мардуми Афғонистон намондааст.

Хабарнигорони шабакаи телевизионии “Арти” нахустин бор дар авоили фарвардин аз сангарҳои низомиёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар кӯҳистонҳои Панҷшер дидан карданд ва мусоҳиба бо Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, низ ба тозагӣ анҷом шудааст. Ин мусоҳиба, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, анҷом шудааст, рӯзи ҷумъа, 30 урдибиҳишт (20 май), пахш шуд. Ин нахустин мусоҳибаи Аҳмади Масъуд, пас аз суқути маркази Панҷшер ба дасти Толибон дар сентябри 2021 аст. Ӯ пеш аз ин, чанд баёнияи савтӣ ва тасвирӣ пахш кардааст.

Аҳмади Масъуд дар ин мусоҳиба гуфт, замоне, ки давлати пешини Афғонистон дар 15 августи 2021, фурӯ пошид, ҷамъе аз низомиён ва мардум алайҳи султаи Толибон истодагӣ карданд ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар натиҷаи басиҷи худҷӯши мардум шакл гирифт. Ў афзуд: “Қарор нест мо аз сӯи як қудрати хориҷӣ ҳимоят шавем, мо шаҳрвандони Афғонистонем ва барои озодиву ҳуқуқи асосии худ меҷангем”.

Масъуд бо ишора ба музокирот миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар авохири августи 2021 гуфт: “Паёми мо ба Толибон равшан буд. Мо гуфтем, биёед аз фурсати пешомада истифода кунем ва ҷанг поён ёбад. Мо возеҳ гуфтем, ки бояд давлати фарогир, ҳамашумул ва мавриди пазириши мардуми Афғонистон шакл бигирад ва ба арзишҳову интихобҳои мардум низ эҳтиром гузошта шавад. Аммо Толибон ҷангро оғоз карданд ва мо ҳам чорае ҷуз дифоъ надоштем”.

Масъуд ҷанг Ҷабҳаи муқовимати миллиро бо Толибон набард алайҳи терроризми байналмилалӣ хонд ва афзуд, ки ин ҷабҳа на фақат дар баробари Толибон, балки дар баробари ҳама созмонҳову сохторҳое, ки бахше аз терроризми байналмилалӣ ба шумор мераванд, меҷангад. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон аз давлатҳои ҷаҳон хост, ки ба Толибон фишор оваранд то ба хостҳои мардум тан диҳанд. Ў тасреҳ кард, ки агар Толибон ба арзишҳои мардуми Афғонистон эҳтиром бигузоранд ва ба баргузории интихоботу ташкили давлати ҳамашумул ва фарогир тан диҳанд, ниёзе ба идомаи ҷанг нест, аммо султаи кунунии ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба мардум таҳмил шудааст ва мардум худро дар назм ҳоким намебинанд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ султаи Толибон бар Афғонистонро “ҳокимияти тарсу ваҳшат” тавсиф кард ва афзуд, ки мардум тасмим гирифтаанд дар баробари поймол шудани арзишҳои худ боистанд. Ӯ ҳамчунин бо ишора ба набардҳо миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон, гуфт: “Бештарин нируҳои моро аъзои ниҳодҳои низомӣ ва дифоъии давлати пешини Афғонистон ташкил медиҳанд, ки бо фурӯпошии давлат, тасмим гирифтанд дар чаҳорчӯби Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар баробари Толибон биразманд.”

Ҳамчунин, дар гузорише, ки аз шабакаи “Арти” дар мавриди сангарҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер пахш шуд, фармондеҳони ин ҷабҳа гуфтанд, 22 қароргоҳи низомии мустақар дар дили кӯҳистонҳои Панҷшер, ки аз замони муқовимат ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд, дар баробари неруҳои Шӯравӣ ва давлати нахусти Толибон ба ҷо мондаанд, дубора фаъол шудаанд ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар онҳо ҳузур доранд.

Дар замони таҳияи ин гузориш, Мавлавӣ Қудратуллоҳ, устондори Толибон дар Панҷшер, гуфта буд, ки фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, сирфан “онлайн” аст ва амалан нерӯи низомӣ надорад. Дар беш аз ду ҳафтаи гузашта, даргириҳои сангине миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар бахшҳои мухталифи Панҷшер ҷараён доштааст ва гузоришҳое аз ворид шудани талафоти сангин бар неруҳои Толибон мунташир шудааст, аммо Толибон ҳамвора ин гузоришҳоро рад мекунанд.

Дар ду ҳафтаи гузашта даҳҳо шаҳрванди ғайринизомӣ низ дар Панҷшер, Бағлон ва Тахор ба дасти неруҳои Толибон боздошт, шиканҷа ва кушта шудаанд. Дар бархе аз рустоҳои маҳалли даргирӣ, монанди шаҳристони Деҳсалоҳ дар устони Бағлон ва шаҳристони Варсаҷ дар устони Тахор, бастагони неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, водор ба тарки хонҳаҳои худ шудаанд. Шуморе аз хонаводҳҳое, ки аз шаҳристони Деҳсалоҳ кӯчонда шудаанд, дар гуфтугӯ бо Индепенденти форсӣ гуфтанд, ки Толибон ба онон гуфтаанд, ки ҳаққи зиндагӣ дар устонҳои шимоли Афғонистонро надоранд ва бояд ба самти ҷануб кӯч кунанд. Ба ин хонаводаҳо иҷоза дода нашудааст то маводи хӯрокӣ ва лавозиме, ки ниёз доранд, бо худ бубаранд. Гуфта мешавад, ки хонаҳои тахлияшудаи онон низ ба марокизи низомии Толибон табдил шудаанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!