Қадамшоҳ Шаҳим, собиқ раиси ситоди Артиши миллии Афғонистон, раиси Кумитаи низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъин шудааст.
ДУШАНБЕ, 15 апрел – Сангар, Фирдавси Низом. Фармони таъйиноти ӯ аз сӯи Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат ба имзо расидааст.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар таъйиди ин хабар гуфт, чандин номзад барои ин вазифа вуҷуд доштанд, ки ниҳоят интихоби ҷабҳаву раҳбараш сари Қадамшоҳ Шаҳим қарор гирифт.
“Ин кас як генерали варзида ва маслакӣ ҳастанд, ки ҳам дар даврони ҷиҳод ва ҳам муқовимат мубориза кардаанд ва дар ҳукумати қаблӣ низ аз генералҳои муҷарраби артиши Афғонистон ба ҳисоб мерафтанд”, - гуфт Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ.
Генерал Қадамшоҳи Шаҳим, тоҷик, мутаваллиди 1962, дар шаҳраки Тишкони вулусволии Кишми вилояти Бадахшон ба дунё омада, аз литсеи вулусволии Кишм соли 1982 фориғ шудааст.
Солҳои 80 пас аз хатми мактаб, ки ба замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рост омада буд, ба нерӯҳои таҳти фармони Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, аз фармондеҳони ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва дар замони ҳукумати Устод Раббонӣ дар Кобул ба Урдуи миллии Афғонистон пайваста, аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи Афғонистон фармондеҳи ҳанги 82 –и Қарғаи вазорат таъйин шуд.
Вай унвони туран - генералиро низ аз Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 1997, замоне гирифт, ки Муқовимати аввал алайҳи Толибон (1996-2001) идома дошт. Вай аз фармондеҳони хеле ҳушёру ҷангии Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб мерафт.
Даврони пурҳаводиси зиндагии ӯ ба 20 соли ҳукуматҳои рӯ ба Амрикои Афғонистон рост меояд. Соли 2001 вай фармондеҳи типи 37 – и таковарон буд ва ағлаб бо нерӯҳои хориҷӣ сару кор дошт. Соли 2007 фармондеҳи ливои якум, соли 2011 фармондеҳ сипоҳи 111 – и Кобул таъйин шуд.
Июли соли 2014 дар пайи як ҳамла дар майдони ҳавоии Кобул захмӣ ва дар шифохонаи Сардор Довуд бистарӣ шуд. Баландтарин унвони низомиаш раёсати Ситоди кулли артиши миллии Афғонистон буд, ки дар соли 2015 таъйин шуд ва дар пайи ҳамлаи террористӣ ба маркази қулли урдуи “Шоҳин” 209, ки беш аз 100 сарбози командуи вазорати дифоъро кушта ба ҷой гузошт, истеъфо дод.
Ҳамон сол аз тими Доктор Абдулло ва аз сӯи Ашраф Ғанӣ сафири Афғонистон дар Қазоқистон муқаррар шуд ва пас аз як сол аз ин вазифа озод ва сафири Афғонистон дар Уммон таъин шуд, ки то ба ҳол дар ин симмат аст.
Қадамшоҳ Шаҳим бо таъйин шуданаш ба раҳбарии Кумитаи низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчун як тоҷики бадахшӣ ва ҷамъиятӣ дигарбора ба ибтидои моҷароҳои бузурги зиндагиаш баргашт.