Хабари рӯз

Полковник Акмал Амир, маъруф ба “Эртуғрули Афғон”, ба Ҷабҳаи озодии Афғонистон пайваст

ҲИНДУКУШ, 30 апрел – Сангар, Ҳасиб Сангар. Вай дар замони ҷанги Панҷшер дар сафи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ҷангида, пас аз суқути дара ба хориҷ аз Афғонистон рафт.

Манобеъи огоҳ аз ҷараён ба Сангар гуфтанд, ки пайвастани Акмал Амир ба Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар пайи як тавофуқ бо фармондеҳи ин ҷабҳа Муҳаммад Ёсин Зиё сурат гирифтааст.

“Зоҳиран, ин тавофуқ дар Эрон, ҷое, ки Акмал Амир қарор дорад, ҳосил шудааст”, - гуфт манбаъ.

Муҳаммад Акмал Амир 23 феврали соли 1991 дар вилояти Кописо ва дар як хонаводаи мутадаййину аҳл маориф ба дунё омад. Давраи ибтидоиро дар мактаби мутавасситаи Эзадёри Шаҳид ва давраи сонавиро дар лисаи олии Мир Масҷидихон ва Ғуломҳайдархони шаҳри Маҳмудроқии маркази вилояти Кописо ба итмом расонд.

Пас аз хатми мактаб шомили риштаи ҳуқуқ ва маслаки низомии қумондонияти Академияи миллии низомии ба номи Маршал Фаҳим шуда, барои таҳсили хуб чанд медал, аз ҷумла аз Тоҷикистону Амрико гирифтааст ва медали биринҷӣ дар риштаи варзиши боксингро дорад.

Соли 1391 пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси прокурори таҳқиқ дар сипоҳи 205 – и Қандаҳор таъйин ва баъдтар ба раёсати кашфи вазорати дифоъи Афғонистон табдил шуд.

Дар соли 1394 дар раёсати ақидатӣ ва фарҳангӣ, баъдтар дар вазифаи ёвари генерал – майор Муҳаммад Амин Насиб, сардори ин раёсат ифои вазифа карда, рутбаи майориро гирифт.

Дар моҳҳои ахири ҷумҳурияти собиқ полковник Акмал Амир мудири амалиётҳои сипоҳи 209 – и “Шоҳин” буд ва дар ҷангҳои Форёбу Бодғис бо Толибон корномаҳоеро ба номи худ сабт кард.

Пас аз суқути Кобул вай ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд пайваст ва дар ҷангҳои Панҷшер фармондеҳии як гурӯҳи низомиёни собиқро бар дӯш дошт.

Пас аз суқути дара қароргоҳи худро ба номи “Қароргоҳи Амир” дар кӯҳистони вилояти Кописо эҷод кард ва ба хориҷ аз Афғонистон рафт.

Ба забонҳои дариву пашту тасаллути комил дорад ва англисиро хуб медонад. Ба шеъру адабиёти форсӣ алоқа дорад ва гоҳ-гоҳе худаш низ дубайтӣ ва шеъри сафед менависад. Суханвари хуб аст.

Ба хотири маҳбубияте, ки дорад, ӯро “генерал” хитоб мекунанд ва барои қотеъияташ ӯро ба номи қаҳрамони силсилафилми туркии “Эртуғрул”, номи падари Усмон, асосгузори Империяи Усмонӣ лақаби “Эртуғрули Афғон” – ро додаанд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон яке дигар аз ҷабаҳоти зиддитолибонӣ аст, ки то ба ҳол фармондеҳӣ ва барномаашро эълон накардааст, аммо нерӯҳояш дар Афғонистон фаъолият мекунад. Фармондеҳи ҷабҳа Муҳаммад Ёсин Зиё, собиқ сардори ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон гуфта мешавад, ки то ба ҳол аз сӯи худи ӯ таъйид нашудааст.

Аммо бино ба бархе ёфтаҳои Сангар, бар сиҳаташон наметавон исрор кард, Ёсин Зиё, фармондеҳи Шимолӣ (вилоятҳои Парвону Кописо) ва Масъуд Андаробӣ, собиқ раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон (РАМ), фармондеҳи нерӯҳои ҷабҳа дар Андаробҳои вилояти Бағлон буда, раҳбари Ҷабҳаи озодӣ дар асл яке аз собиқ фармондеҳони қитъаи 01 – и РАМ будааст, ки ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад ва номаш ҳам маълум нест.


Дин

Тероризм

19-июл-2025 By admin

Саҳюнизм ва толибонизм…

Мӯсо ва Муҳаммад зинда мебуданд, Исроил ва Толибонро лаънат мекарданд

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!