Ҷанги чаҳоррӯзаи Панҷшер бо Толибон*, ки бо аввалин шикасту талафоти бузургтарин ва фирори Қорӣ Фасеҳуддини Бадахшӣ, сардори ситоди кулли артиши Толибон ба поён расид, аз сӯи Аминҷони Ҳисорак, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мудирият мешуд
Нависанда: Фарид Аҳмад
Генерал Муҳаммад Амин Амонӣ, маъруф ба Аминҷони Ҳисорак ё Ҳисоракӣ, ки дар рустои тоҷикнишини Мараштони дараи Ҳисораки вулусволии Рухаи вилояти Панҷшер таваллуд шудааст, ҳамчунин ба номи Аминҷони Мараштон низ ёд мешавад.
Вай болотар аз 55 сол син дошта, аз садҳо наврасе буд, ки дар айёми ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва режими коммунистии Кобул ба Ҷабҳаи Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст. Баъдтар ӯ ба яке аз ёрон ва фармондеҳони вафодори ӯ табдил ёфт. Вай фармондеҳи қароргоҳи Ҳисорак, яке аз 22 қароргоҳи Масъуд дар Панҷшер ва масъули амалиётҳо дар ин дара таъйин шуд.
Дар замони ҳукумати Устод Раббонӣ дар Кобул (1992-1996) фармондеҳ Аминҷон ба Урдуи давлати исломӣ пайваста, фармондеҳи аркони ғунди яке аз кандакҳои вазорати дифоъи Афғонистон буд.
Дар замони муқовимати аввал (1996 – 2001) вай ҳамоно дар хатти муқаддам ва дар канору таҳти амри Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва дар хатти шимоли Кобул, ки аз вилоятҳои Парвону Кописо мегузашт, масъулиятҳое дошт. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, баъдтар вазири дохилаву дифоъи Афғонистон дар даврони ҷумҳурият, он замон масъули умумии ҷабҳаи шимолӣ таъин шуда буд.
Пас аз суқути режими нахустини Толибон Аминҷони Ҳисорак ба Урдуи миллии Афғонистон пайваста, дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай (2001-2014) дар бархе аз ҷузву томҳои вазорати дифоъ вазифа анҷом дод ва унвони бридман-генералиро камоӣ кард. Дар ин миён вай дар ҷангҳои алайҳи Толибон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон ширкат дошт.
Дар замони Ашраф Ғанӣ, дар қатори даҳҳо фармондеҳи артиш ба нафақа фиристода шуд. Ҳоло маълум мешавад, ки Ғанӣ барномаи ҳазфи фармондеҳони зиддитолиб аз артиши Афғонистонро пеш гирифта буд, то замоне расаду ин артишро мунҳал кунад, силоҳу муҳимоти онро комилан дар ихтиёри Толибон қарор диҳад ва Афғонистонро ба ин гуруҳ таслим созад.
Фармондеҳ Аминҷон дар замони хизмат дар Урдуи миллӣ риштаи ҳуқуқу сиёсати Донишгоҳи Кобулро ба анҷом расонд ва забони инглисиро низ фаро гирифт. Ҳамзамон ду маротиба барои фаро гирифтани курсҳои мушаххаси низомӣ барои таҳсил ба Амрикову Аврупо рафт, чанд курсеро ҳам бо ширкати мураббиёни НАТО дар худи шаҳри Кобул фаро гирифт.
“Вай як ҷавонмарди хеле шикастанафс аст, ахлоқи хеле боло дорад ва даст ба фасоду ришват ҳеҷ гоҳ назада, ҳамеша як зиндагии мутавассит дошт. Як пайрав ва таълимдидаи воқеии Аҳмадшоҳи Масъуд аст”, - гуфт яке аз афроде, ки бо Аминҷони Ҳисорак ошност.
Аминҷони Ҳисорак пас аз суқути ҷумҳурият ба дасти Толибон ба Панҷшер омад ва ба Ҷабҳаи муқовимат пайваст. Дар ҷангҳои моҳи сентябр, ки бо шикасти нерӯҳои муқовимат ва вуруди Толибон ба дараи асосии Панҷшер анҷом ёфт, вай дар хатти Дарбанд меҷангид.
Пас аз шикасти хатти муқаддами ҷанг фармондеҳ Аминҷон бо нерӯҳои таҳти фармонаш ба зодгоҳаш – дараи Ҳисорак паноҳ бурда, дар Пне, аз дараҳои канории Ҳисорак, яке аз 26 қароргоҳи Ҷабҳаи муқовиматро эҷод кард.
Лаҳзае аз набарди дараи Пнеи дараи Ҳисорак
Ҷанге, ки рӯзҳои 2 ва 3 апрели соли равон дар дараи Пнеи дараи Ҳисорак иттифоқ афтод, шояд яке аз корнамоҳои камназири сафаҳоти зиндагии Аминҷони Ҳисорак аст, ки барои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аввалин пирӯзии бузург бар Толибонро ба армуғон овард.
Нерӯҳои ӯ, иборат аз 30 нафар, дар давоми ду рӯз се ҳамлаи Толибонро бо камтарин имконот ва гушнаву ташна на фақат ақиб заданд, балки талафоти зиёни ҷониро ба онҳо ворид карданд ва ҳамзамон ҳеҷ худ талафоти ҷониву молиро худ мутаҳаммил нашуданд, баръакс, силоҳу муҳимоти зиёдеро аз Толибон ба ғанимат гирифтанд.
Бино ба иттилои мувассақе, ки дар ихтиёри Сангар ҳам аз манобеъи Ҷабҳаи муқовимат ва ҳам Толибон қарор гирифт, теъдоди кушташудагон ин даргириҳо аз марзи 100 нафар убур карда, касе ба ҳисоби захмиён намеравад, зеро онҳо вобаста ба сатҳи ҷароҳат ба емерҷенсиҳо (шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ) – и шифохонаҳои Руха, Гулбаҳор, Ҷабалуссироҷ ва Кобул интиқол дода шудаанд.
Ин бузургтарин талафотест, ки Толибон пас аз суқути Кобулу Панҷшер мутаҳаммил мешаванд.
Ҳамзамон ин ҷанг нубуғи низомии фармондеҳ Аминҷони Ҳисоракро ба намоиш гузошт, ки таҷриба ва ҷасорати ӯ бидуни талафоти ҷонӣ барои Ҷабҳаи муқовимат эътибору ангезаеро ба вуҷуд овард.
Вай аз рӯи тактики “ҷангу фирор” тавонист аз доми Толибон берун омада, гуруҳҳоеро, ки барои муҳосираи ӯ аз пушту пеш эъзом шуда буданд, ба камин андозад ва маҳор кунад.
Таҷрибаи ҷанги дараи Пнеи дараи Ҳисораки Панҷшер аз нигоҳи низомӣ як падидаи нав ба ҳисоб меравад, ки зарфиятҳои нерӯҳои Ҷабҳаи муқовиматро ба намоиш мегузорад ва он ҳам ин аст, ки чӣ гуна метавон бо имконоти кам ва камбуди маводи ғизоӣ метавон дар баробари як душмани то дандон мусаллаҳи террористӣ истодагарӣ кард ва онро шикаст дод. Дастоварди бузургтарини ҷанги дараи Пне ин буд, ки чирикиҳои муқовимат ҳеҷ гуна талафоти ҷонӣ надиданд.
Танҳо маврид кушта шудани Самеъ Усмонӣ, як фармондеҳи муқовимат ва захмӣ шудани як ҳамроҳи дигари ӯ дар рустои Кӯҳи Тулхаи вулусволии Бозорак иттифоқ афтод, ки ба ҷанги Ҳисорак рабте надорад.
Аммо шахсияти як фармондеҳи муҳими Толибон, аз афроди наздик ба Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Иморати исломӣ, ки дар ҷанги Ҳисорак кушта шудааст, то ба ҳол маълум нест.
Қорӣ Фасеҳуддин, сардори луидиристиз ё сардори Ситоди куллии вазорати дифоъи Толибон, ки бо лақаби “фотеҳи шимол” аз сӯи ин гуруҳ ном бурда мешавад, барои наҷоти нерӯҳояш коре карда натавонист. Вай бегоҳи 3 апрел вориди Панҷшер шуд ва фардои он рӯз, бино ба иттилои бархе манобеъ, аз дара фирор кард.
Ҷанги Ҳисорак дар таърихи дурахшон ҷиҳоду муқовиматҳои мардуми Афғонистон алайҳи ишғолу терроризме, ки 40 сол ба ин сӯ ин кишварро ба коми худ кашидаанд, сафҳаи ҷадидест ва ҳам чеҳраи ҷадидеро барҷаста кард, ки он ҳам фармондеҳ Аминҷони Ҳисорак аст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст