Хабари рӯз

Киҳо ҳанӯз фикр мекунанд мешавад бо ваҳдати миллӣ зист кард ва бо паштунҳо як миллат шуд?

Нависанда: Сиддиқи Андаробӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Бо як нигоҳ ба ақиб ва таҳлили амиқи мавзӯъот ва ҷобаҷойҳои систематики кӯчиҳо ва паштунҳо дар нуқоти калидӣ ва тоҷикнишини ҳавзаҳои мухталиф ва марказ ва нимнигоҳе андак ба тавзеъи заминҳо ва хонаҳои мардум дар шимол қазияи паштунсозии шимол ва проекти оғозшудаи Абдурраҳмонӣ то толибонӣ, ки ҳамоно Афғонистони бузург бо ҳукмронии паштунҳо (авғонҳо) аст, дорад ба кӯбидани охирин мехҳояш мерасад.

Хуб, ҳоло пурсиши аслӣ ин ҷост, ки киҳо ҳанӯз фикр мекунанд мешавад бо ваҳдати миллӣ зист кард ва бо паштунҳо як миллат шуд?

Чанд табақа аст, ки онҳо ҳанӯз табли ҳукумат бар меъёри бародариро мекӯбанд, албатта, ман қаламам дақиқан рӯи тоҷикҳо ва дар кулл форсизабонони шимол аст, на паштунҳои ба зоҳир миллигаро.

Аввал: тоҷирони худфурӯхташудае, ки ба ҷуз ҳамин шиор дигар колоҳои арзакардаашон дар бозор харидор надорад.

Дувум: равшанфикрон, ки мухолифи идеологияи тағйири бунёдии сохтори ҳукуматӣ ҳастанд, ки бидуни шак, ҳамон федерал ва ё таҷзия аст. Онҳо аз ин ки таассуб дар баробари андешаву фикр доранд ва худро файласуф ва ҳамачизфаҳм медонанд, кам меёранд то бипазиранд роҳи ҳал ба ҷуз ҳамин ду гузина дигар ҳеҷ гузинае нест.

Бино бар ҳамин мулоҳиза, бобати ин ки расво нашаванд ва андешидани хушк ва китоб хондани бидуни тафаккурашон расво нашавад, маҳкам рӯи шиори дурӯғини ваҳдати миллӣ ва Афғонистони ҳамашумул таъкид доранд, ки натиҷааш ба ҷуз шармсорӣ ва аз даст додани ҳама ҷуғрофияи дигар ҳеҷ хоҳад буд.

Севум: як идда аз чеҳраҳои нафаҳм ва бесавод ҳастанд, ки ҳатто дар умрашон як ҷилд китоб ҳам дуруст мутолиа накардаанд ва аз ин ки ҳамеша нақлиқавлҳои маҳфилҳои базлагӯиро шуниданд дар мавриди роҳи ҳалли ниҳоии ин сарзамин бо ҷиддият дар баробари сохтори федерал ва таҷзия ҷабҳагирӣ мекунанд, ки аз назари ман, аз инҳо интизори бештар аз ин наметавонад дошт.

Ҳоло боз пурсиши дигаре ин ҷо пайдо мешавад, ки насли ҷавон ва бахусус, ҳавза форсизабон ва мушаххасан тоҷикҳои шимол тасмими ниҳоияшон чӣ хоҳад буд?

Онҳо чӣ вақт даст ба роҳи ҳалли ниҳоӣ хоҳанд зад? Ва билохира дар баробари ҳуҷуми ваҳшатбори гегемонияи паштунизм чӣ девори дифоъӣ хоҳанд сохт?

Қатъан бояд шимолу шимолиҳо ба ин натиҷа расида бошанд, ки ба ҷуз таҷзияи ин сарзамин дигар ҳеҷ гузинаи муносиб ва беҳтар барои инҳо ва фарзандони ояндааашон боқӣ нест. Қудрати ҷаҳли паштунӣ ва суръати бидуни вақфаи инҳо дар амри такмилсозии проектҳои абдураҳмонӣ ва нодирхонӣ ҳеҷ гузинаеро боқӣ намегузорад ва як бори дигар такрори ҳарфҳои Латифи Пидром  тоҷикҳои шимол бардагони ин қавми побараҳнаи шикамгуруснаи авғонӣ хоҳанд шуд.

Албатта, ба барда кашида шудани мардон ва таҷовуз шудани занони ақвоме чун ҳазора ва ӯзбек ҳамҳамонанди тоҷикҳои шимол мустасно нахоҳад буд.

Форсизабонон дар як озмуни бузург ва ниҳоӣ қарор доранд ё бедор шуда ва ҷуғрофияи обоиашонро ҳифз мекунанд ва ё ҳамонанди шаҳрҳои бузурги тоҷикнишин хонаҳояшон ғасб, занонашон каниз ва мардонашон бардаи фашизми авғонӣ  қарор гирифта ва дигар ҳатто як ваҷаб хок ҳам барои ин мардум боқӣ нахоҳад монд.

То ин ҷо бояд ҳама чиз возеҳ шуда бошад, ки сиёсати паштунволӣ муқаддамтар аз ислом ва хок барои паштунҳо арзишманд ва қобили эътибор аст, ҳатто як паштун дар баробари зулми толиб садо баланд накард ва ҷабҳае насохт.

Оё пурсиш эҷод намешавад, ки чӣ чизе технократи ғарбии паштунро бо теократи ҷоҳили диниаш пайванд медиҳад?

Возеҳ аст сиёсати паштунволӣ.

Як озмун пеши рӯй дорем, ё сарзаминҳои шимолро аз луси вуҷуди авғонҳо поксозӣ карда, ҳукумати федерал ва қудратманди тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳоро ташкил медиҳем, ё умр дар умр ва насл дар насл бардаи фашизми авғонӣ хоҳем монд ва дигар таърих аз мо ёд нахоҳад кард.

Ин бор ҷавонони форсизабон тасмими ниҳоиеро хоҳанд гирифт... Бедор шавем!

Хуршедро бигӯ, дар мо ҳанӯз хуни саҳар мавҷ мезанад!


Дин

Тероризм

10-янв-2026 By admin

IT-террориcтҳо – сарбозони…

Ғарб аз як артиши ҳакерҳо дар рақобат бо рақибони худ истифода мекунад

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!