Хабари рӯз

Чаро тоҷикони Афғонистон бояд бо панҷобиҳои Покистон муттаҳид шаванд?

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Ман фикр мекунам, ки акнун замони ҳамкории тоҷикҳои Афғонистон бо Покистон фаро расидааст. Покистониҳо ё ҳамон панҷобиҳоро тарс аз таҷзия фаро гирифтааст. Паштунҳо, ба истилоҳи омиёна, дар каш ҳастанд. Дар Афғонистон касе дар майдонашон нест ва қудратро ба тамом дар даст гирифта ва хармастӣ доранд. Он тарафи хат ҳам паштунҳо хаёли ташкили давлати мустақили паштуниро дар сар доранд ва ба назар мерасад, ки кишварҳое мисл Ҳинд низ оташбиёри маърака шудаанд.

Пас, ҳамкории ҷиддии Покистон бо тоҷикони Афғонистон як гузинаи муносиб барои маҳори зиёдахоҳиҳои паштунҳо аст. Покистон ба ин ҳамкорӣ ашадд заруратро дорад. Тоҷикон низ ашадд заруратро доранд. Чаро, ки имрӯза замини тоҷикон дар ҳоли ғасб шудан аст ва нухбаҳояшон фирорӣ шуда ва ҷомондагиҳоро гурӯҳи ҳоким зиндонӣ ва қатл карда равон аст. Агар дер биҷунбем, мисли авохири ҳукумати Ғанӣ чанд сол ҳасрат хоҳем хӯрд, ки чаро натавонистем аз фурсат истифода кунем.

Аммо ҳамкории тоҷикони Афғонистон бо покистониҳо ва бахусус панҷобиҳо, аз як таърихчаи талхи ҷанг мутаассир аст. Покистониҳо чанд мартаба дар чиҳил соли ахир дар канори паштунҳо алайҳи тоҷикон қарор гирифтанд. Гарчи бархеҳо мӯътақиданд, ки покистониҳои ҳомии паштунҳо, ҳамон аъзои ҷабҳаи Хайбар Пахтунхоҳ будаанд, на илзоман панҷобиҳо. Масалан, Файз Ҳамид, раиси АйЭсАй, ки дар авоили вуруди Толибон ба Кобул омад ва кобинаи Толибонро дуруст кард ва ҷанги Панҷшерро мудирият кард, як паштун буд, на як панҷобӣ.

Ба ҳар ҳол, тайи солҳои зиёд миёни тоҷикон ва Покистон беэътимодӣ ва хусумати чоқшуда, ки бахше аз он кори ҳалақоти паштунӣ дар Кобул буда, ки талош карданд моро бо панҷобиҳо душман бисозанд. Мо ҳам то тавонистем покистонситезӣ кардем, бехабар аз ин ки олаи дасти паштунҳо шудаем. Паштунҳое, ки худ Покистонро хонаи дувуми худ медонанд.

Нақши Ҳинд ҳам дар ин миён барҷаста будааст. Ҳинд низ дар хатти хусумат бо Покистон мо - тоҷикҳоро хуб истифода кардааст. Ҳамеша мо ҳатто бештар аз паштунҳо шиори марг бар Покистон сар додем ва ин то ҳадде кори нуфузиҳои Ҳинд дар миёни мо будааст.

Ба ҳар рӯй, ҳар чӣ буда, байни мо ва панҷобиҳо фосила зиёд шуда, аммо имрӯз мо аҳдофи муштараке дорем. Дар чунин шароите убур аз гузаштаи сурх шуҷоати сиёси мехоҳад, ки умедворам сиёсиёни тоҷик ба он бирасанд.

Бегумон ин гуфтаҳоро паштунҳо ва тоҷикҳои камумқ дар сиёсат ва мутааллиқ ба паштунҳо ва ҳалшуда дар паштунизм накӯҳиш хоҳанд кард, ки шаке нест. Аммо набояд ин накӯҳишҳо монеи баёни ҳақиқат ва ҳаракат дар ҷиҳати манофеи калони қавм бошад.

Паштунҳо агар таваққӯи ин ҳарфҳое аз моро надоранд ва аз раги хоби ватандории мо мегиранд, бисмиллоҳ. Хориҷ кунанд лашкари мутаҷовиз ва ғосиби худро аз сарзаминҳои тоҷикон ва рӯйи як сохтори одилонаи сиёсӣ бо мушорикати тазминшудаи мо дар қудрат тавофуқ кунанд ва мо ҳамдасти Покистон намешавем. Варна ҳамдаст нашудани мо бо Покистон натанҳо ба нафъи мо нест, балки кадом фузулияти сиёсӣ ҳам нест ва фақат нишон хоҳад дод, ки мо қодир ба ташхиси манофеи худ нестем ва шаҳомати иқдоми бамавқеъ ва мутаносибро надорем.


Дин

Тероризм

30-июн-2025 By admin

Чеҳраи хатарноки бозии…

Русия аз як ривояти машкуки амниятӣ чӣ гуна сенариясозӣ мекунад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!