Афсонаи ҳамватанӣ бо афғонҳо ба поён расида ва даврони ҳамсояҳои хуб будан шурӯъ шудааст.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Чанд гап дар бораи “ҳукумат дар табъид”.
Оқои Аҳмад Масъуд ин баҳси “ҳукумат дар табъид”-ро ба майдон овард, аммо онро идома надод. Сипас оқои Дӯстум онро такрор кард, вале бо ҳамлаи ғайримуваҷҷаҳ, ғайрисиёсӣ ва омотур ба панҷшериён, ки дар шароити кунунӣ об ба осиёби афғонҳо рехтан буд, фазоро мукаддар сохт.
Тарҳи “ҳукумат дар табъид” дар вазъияти кунунӣ як назарияи ғайриафғонӣ аст. Аммо афғонҳо ба суръат садои намояндагии онро баланд карданд.
Даҳҳо мақола навишта шуд ва гуфтугӯҳо дар бораи таърихи ҳукуматҳои дар табъид бо истифода аз Википедия навишта шуд. Ҳоло чандин талош дар бораи эҷод ҳукумат дар табъид дар ҷараён аст.
Аммо мубтакири он Аҳмад Масъуд хомӯш аст!
Дар ҳадди як интиқоди нарму дӯстона, бузургтарин иштибоҳро Ҷабҳаи муқовимат дар оғоз аз Панҷшер намуд, ки оқои Амруллоҳ Солеҳро ҳимоят накард то раёсати як ҳукумат дар табъидро ба ӯҳда гирад. Ҳам имкони басиҷи бахше аз парлумон ва ҳам соири ниҳодҳои ҷумҳурияти гузашта вуҷуд дошт.
Ҳоло замон гузашта ва ҷави сиёсӣ ба шиддат ба сӯи қутббандиҳои қавмӣ дигаргун шудааст.
Андешаи “давлат дар табъид” замоне метавонад ҳимояти мардумӣ пайдо кунад, ҳар гоҳ хости аксарияти мардум, яъне ғайриафғонҳоро бозтоб диҳад. Худхоҳиҳои иддае аз чеҳраҳои онокроник канор зада шавад ва иттиҳод бар пояи як барнома сурат гирад, аз масоиле, ки монеъи иттиҳод мешавад, убур сурат гирифта, тарҳи роҳбурдии наҷоти мардум на манофеъи шахсӣ пайрезӣ шавад.
Бидуни иҷмоъ рӯйи як барномаи демократӣ, иттиҳод сурат гирифта наметавонад!
Пеш аз он ки иттиҳод сурат гирад ва барои ин, ки иттиҳод сурат гирад, бояд нахуст ихтилофҳо канор гузошта шавад!
Агар чунин шавад, султаи афғонҳоро ба содагӣ метавон ба чолиш кашид ва ҳокимияти ҷадидро бар меҳвари бузурги қавмҳои ғайриафғон бо муттаҳидони онҳо сомон дод, ки дар раъси он аксарият ақвоми порсизабон бо муттаҳидони туркзабонон ва соири қавмҳои кӯчак қарор дошта бошанд.
***
Агар толибонҳои афғон имрӯз ҳокиманд, далели он заъф дар ғайриафғонҳо аст!
Меҳвари қудрати ғайриафғонҳо дар равшан сохтани марз онҳо бо афғонҳо аст, ки дар се хост дар ваҳла аввал мумкин аст:
1 - Ақди қарордоди иҷтимоӣ бар меҳвари баробарии қавмҳо;
2 - Эҷоди давлати ғайримутамаркиз ё федералӣ ва тасҷили он дар Қонуни Асосӣ;
3 - Ё рафтан ба сӯи ҳаққи таъйини сарнавишти ғайриафғонҳо барои эҷоди давлати мустақили худашон бо пояҳои конфедералӣ ва демократӣ.
***
Дар баробари афғонҳо на бо тарс балки бо сари афрошта бояд истод!
“Давлати табъид” бидуни тарҳи равшани дифоъ аз ғайриафғонҳо ду ҳолат метавонад дошта бошад:
1 - Дар ниҳоят додани қудрат ба афғонҳо ба мисли даврони ҷумҳурият,
2 - ва ё шикасти дубора.
***
Таҳмили султаи ғайриафғонҳо аз масири ҷанги сарнавиштсоз барои озодӣ аз истеъмори дохилии афғонӣ ва султаи афғонизм мумкин аст.
Афғонҳо қудраташонро ба ғайриафғонҳо вогузар намекунанд, магар бо зӯр. Беҳтар аст инро сиёсатгарон бидонанд!
Магар намедонед, ки дигар афсонаи ҳамватанӣ бо афғонҳо ба поён расида ва даврони ҳамсояҳои хуб будан шурӯъ шудааст?






