Хабари рӯз

Вақти он аст, ки иттиҳоди Шимол фақат шиор медиҳад ва амал намекунад.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари ҳизби Ҷунбиши миллӣ, ахиран дар сӯҳбатҳое, ки дар маросими ёдбуд аз кушта шудани фармондеҳ Абдурозиқ Ачакзай дошта, гуфта, ки “мову шумо дар оянда ба Афғонистон меравем ва кишварро озод мекунем.” Вай се сол ба ин сӯ ҳар боре, ки суҳбат мекунад, ин ваъдаро медиҳад, аммо маълум нест, ки кай ба Афғонистон хоҳад расид.

Манзури оқои Дӯстум аз “мо”, раҳбарони сиёсии мухолифи Толибон аст. Раҳбароне, ки ба таври суннатӣ, ба унвони раҳбарони Иттиҳоди Шимол низ ёд мешаванд. Ҳарчанд дар миёни раҳбарони Шимол, ки умдатан дар ҳоли ҳозир муқими Туркия ҳастанд, шуморе аз чеҳраҳои сиёсии паштун низ ҳузур доранд, аммо ба сурати куллӣ Иттиҳоди Шимол муташаккил аз раҳбарони сиёсӣ ва қавмии ақвоми ғайрипаштун аст. Раҳбарони сиёсие, ки мунтасаб ба ақвоми ғайрипаштун ҳастанд ва дар гузашта эътилоферо алайҳи Толибон ташкил доданд ва дар ҳамсӯӣ бо эътилофи байналмилалии зидди терроризм, дар сарнагунии режими Толибон саҳми фаъолу муассир ифо карданд.

Маршал Дӯстум дар се соли ахир, пайваста дар ҳамаи суханрониҳояш бар зарурати иттиҳоди нерӯҳои Шимол таъкид карда ва онро рамзи пирӯзӣ дар баробари Толибон хондааст. Дар ин гуфта, ҳеҷ тардиде вуҷуд надорад. Яъне шиори ваҳдатталабии Маршал Дӯстум, ки бисёре аз раҳбарони сиёси дигар мухолиф Толибон низ аз он сухан мегӯянд, як иттиҳод зарурӣ аст, ки дер ё зуд бояд шакл гирад.

Аммо раҳбарони Шимол барои расидан ба иттиҳоди амалӣ ниёз ба таърифи як созукор/механизми мушаххас доранд. Амре, ки ба назар мерасад, то кунун ба вуҷуд наомадааст. Дарвоқеъ раҳбарони Шимол ҳамеша аз иттиҳод сухан мегӯянд, аммо дар амал тавре рафтор мекунанд, ки нақзкунандаи иттиҳод аст. Ин, ишора ба набуди як механизми амалӣ барои дастёбӣ ба иттиҳоду ҳифзу иртиқои он дорад.

Бисёре аз нозирон мегӯянд, ки Маршал Дӯстум марди амалгаро ва шуҷоъест, ки агар замина ва фурсати мубориза бо Толибон барояш фароҳам шавад, метавонад муассир воқеъ шавад ва султаву ҳокимияти Толибонро дасти кам дар чанд вилояти Шимол ба чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ кунад.

Аммо воқеият ин аст, ки дар шароити кунунӣ, ҳеҷ як аз раҳбарону аҳзоб ба танҳоӣ наметавонанд муассирияти ончунонӣ дар мубориза бо Толибон дошта бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки зарурати иттиҳоди онон матраҳ мешавад.

Иттиҳод аммо бояд бар асоси як силсила усулу меъёрҳои таърифшуда шакл гирад. Раҳбарони Шимол бояд рӯи як қатънома ё эъломияи роҳбурдӣ ба тавофуқ бирасанд, ки бар асоси он, аз ҳар гуна амалу гуфторе, ки метавонад мӯҷиби нақзи усули иттиҳод шавад, ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Дар мавриди раҳбарони Шимол метавон гуфт, ки онон мавқеъи ҷамъ шудан ва сӯҳбат кардан дар бораи як муносибати хос, ҳама садои воҳидеро баланд мекунанд, аммо вақте тарки маҷлис карданд, ҳар кадом масири хоси худро меравад ва ба ин нукта таваҷҷуҳ надоранд, ки ҳар амалу аксуламал ва гуфтору кирдорашон метавонад дар тазъиф ё тақвияти иттиҳод нақш дошта бошад.

Иттиҳодро метавон ҳамчун як ниҳол тасаввур кард, ки бояд дар як нуқта аз замону макон ғарс гардад ва сипас тадобире барои ҳифзу тақвияти он санҷида шавад, ки ба самар бирасад. Ва илло иттиҳод дар сатҳи гуфтор ва дар фуқдони тазминҳое тақвият кунанд ва муҳофизат кунанд, ҳарчи қадар мубтанӣ бар тааҳҳуду садоқати дарунии афрод бошад, тазмине барои пойдории он вуҷуд нахоҳад дошт.

Ба унвони намуна, Маршал Дӯстум ҳудуди як моҳи пеш дар маросиме, ки ба муносибати гиромидошт аз 29 сунбула, рӯзи террори Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳури фақиди Афғонистон баргузор шуда буд, ҳарчанд дар ибтидо, суханони хубе дар ростои иттиҳоду ҳамбстагии нерӯҳои сиёсии Шимол матраҳ кард, аммо дар дақоиқи поёнии ҳамон суханрониаш, ҳарфҳое ба забон овард, ки ҳама дар тазод бо шиорҳои ваҳдатталабона буд ва мӯҷиби ранҷиш шуморе аз чеҳраҳои сиёсии шомил дар Шӯрои олии муқовамат барои наҷот ва берун аз он гардид.

 Оқои Дӯстум дар он суханронӣ ба гуна мушаххас ба як минтақаи хоси ҷуғрофиёӣ (Панҷшер – С.) ва як ҷараёни хоси низомӣ-сиёсӣ (Ҷамъияти исломӣ – С.) бо лаҳни зананда тохт. Ӯ гуфт, ки чанд бор қудратро гирифтем ва таҳвили як дара (Панҷшер) кардем, аммо онон натавонистанд, ки қудратро нигаҳ доранд. Ӯ гуфт, ки як дара заминҳои Кобулро чӯр кард ва... Оқои Дӯстум ҳамчунон талош кард дар бахши поёнии суханонаш нақши Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд дар мубориза бо Толибон ва мубориза бо нерӯҳои Шӯравӣ ва ҳукумат коммунистиро камранг ҷилва диҳад ва бар таъйинкунанда будани нақши худаш дар таҳаввулоти сиёсӣ-низомии чанд даҳаи ахир таъкид кунад.

Оқои Дӯстум дар ҳамон суханронӣ чунон ба тохтутоз нисбат ба як минтақа ва ҷараёни сиёсӣ пардохт, ки Муҳаммад Юнус Қонунӣ, муовини пешини раёсати ҷумҳурӣ, дар суханонаш мудохила кард ва талош намуд то бо таъкид бар зарурати иттиҳод ва ҳамбастагӣ, нақши тахрибкунандаи суханони Маршал Дӯстум дар иттиҳоди нерӯҳои Шимолро камранг бисозад.

Ин ки чӣ қадар Маршал Дӯстум дар он чӣ дар он суханронӣ баён дошт, ҳақ ба ҷониб аст, баҳси ҷудост, аммо мусаллам аст, ки чунин изҳороте дар маҷлисе, ки сухан аз иттиҳоди нерӯҳои зидди Толибон аст, ба ҷои эҷоди иттиҳод, мӯҷиби беэътимодӣ ва тазъифи иттиҳод мегардад.

Як нозири берунӣ вақте чунин суханонеро аз раҳбарони шимол мешунавад, ин истинбот барои ӯ шакл мегирад, ки раҳбарони сиёсии Шимол, иттиҳодро дар шиори матраҳ мекунанд, аммо дар амал тааҳҳуд ба он надоранд ё дарвоқеъ намедонанд, ки иттиҳод мусталзим дар назардошти чӣ гуна рафтору гуфторест.

Ба назар мерасад, ки дар ин замина, раҳбарони сиёсии Шимол ниёз ба нигориши як матни расмӣ доранд. Матне, ки созукорҳои иттиҳодро эҷод ва таъриф кунад ва илзомотеро ҳам дар назар бигирад, ки ҳар як аз раҳбарони Шомил дар иттиҳод дар гуфтору рафтор онро дар назар бигиранд.


Дин

Тероризм

02-фев-2026 By admin

Кӣ моҳиҳои Баҳри…

Владимир Зеленский назми муҳити зистиро нобуд мекунад.

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!