Доктор Абдуллоҳ ба намояндагӣ аз Шимол он гуна ки ҳукумати Карзаю Ғаниро тадовум мебахшид, ҳол ин хидматро барои Толибон низ анҷом медиҳад.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Барои Бӣ Бӣ Сӣ ҳанӯз ҳам Абдуллоҳ Абдуллоҳ як одами муҳим аст. Масалан, вақте Бӣ Бӣ Сӣ дар бораи вокуниши Толибон перомуни ҳодисаи суқути болгарди мақомҳои Эрон хабар таҳия мекунад, баъд аз вокуниши Толибон, аз Абдуллоҳ низ дар садри феҳристи сиёсиюн ном бурда мешавад, ки ба ҳодисаи ёдшуда вокуниш нишон додааст.
Чаро чунин аст? Чаро Бӣ Бӣ Сӣ, ба истилоҳ, ҳанӯз ҳам барои Абдуллоҳ профайлсозӣ мекунад? Масалан, Карзай ҳам вокуниш дошт ва раҳбархондаҳои дигар низ. Чаро Бӣ Бӣ Сӣ аз онҳо ёд намекунад?
Посухе, ки ман ба пурсиши чароии барҷастасозии Абдуллоҳ аз сӯи Бӣ Бӣ Сӣ дар зеҳн дорам, ин аст, ки Бӣ Бӣ Сӣ барои Толибон таблиғ мекунад. Бӣ Бӣ Сӣ мехоҳад бигӯяд, ки Толибон аз назари сиёсӣ эътиқод ба такассургароии сиёсӣ доранд. Масалан, одаме мисли Абдуллоҳ аз урдугоҳи сиёсиёни мухолифи Толибон ё ҳамон Иттиҳоди Шимол/Эътилофи Шимол аст, дар Кобул ҳузур дорад ва фаъолияти сиёсӣ дорад ва Толибон монеъи фаъолияти сиёсии ӯ нестанд ва ин яъне, ки иддаои Толибон мабнӣ бар эътиқод ба такассургароии сиёсӣ дурусту қобили таъйид аст. Ҳеҷ далели дигаре ғайр аз ин, наметавон ба ин рӯйкарди Бӣ Бӣ Сӣ пайдо кард.
Мо медонем, ки Абдуллоҳ имрӯз ҳеҷ нақше дар сиёсати Афғонистон надорад. Ба эҳтимоли қавӣ таҳти замонати кадом қудрати берунии ҳомии Толибон иҷоза ёфта, ки дар Кобул дар хонааш таҳти назорати шадид бимонад ва ба истилоҳ, нақши намодину витринии худ ба нафъи Толибонро бозӣ кунад.
Абдуллоҳ ин нақшро дар давраи ҷумҳурият низ бозӣ кард. Ӯ ҳамеша аз суроғаи ҷараёни муқовимат ва Иттиҳоди Шимол дар раъс нигаҳ дошта шуд то мардуми моро ба нафъи тадовуми ҳокимиятҳои фашистии Карзай ва Ғанӣ мудирият кунад. Ӯ ҳамеша тавре вонамуд кард, ки одами муҳимме дар сиёсат аст ва намояндаи Шимол ё тоҷикон дар қудрат. Аммо ӯ ҳеҷкорае дар низом набуд ва ҳеҷ тарҳу барнома ва иродае барои кор ба нафъи ҷараёни сиёсии Шимолу муқовимат надошт. Фақат ҳузур дошт то мардуми моро иғфол кунад. Ӯ хатарноктар ва музиртар аз Карзаю Ғанӣ ба алайҳи манофеъи мардуми мо амал кард ва ҳанӯз ин маъмурияти хоинонаро идома медиҳад. Фарқаш ин аст, ки дар давра ҷумҳурият озод фаъолият мекард ва ҳоло аз хона кор мекунад.
Аммо дар берун касе намедонад, ки Абдуллоҳ кисту чист ва чӣ нақши манфӣ ва хатарнокро бозӣ мекунад. Ӯ аз берун ҳамон намояндаи Иттиҳоди Шимол дар ҳукумати Толибон аст. Ӯ ҳамон раиси иҷроии ҳукумат ё ҳамон садриаъзаму нафари дувуми мамлакат дар ҷумҳурияти Ғанӣ аст, ки дар Кобул мондааст.
Тафсири беруни мондани Абдуллоҳ дар Кобул ҳамоно намоиши такассургароии Толибон аст. Толибоне, ки ҳатто таҳаммули андактарин ва кӯчактарин фаъолияти сиёсии мухолифи фикру ақидаи худро надоранд ва ҳатто агар як шаҳрванди одӣ чунин фаъолитеро анҷом диҳад, ӯро ба гулӯла мебанданд. Аз ин масоил беруниҳо хабар надоранд.
Бӣ Бӣ Сӣ аз ин бехабарӣ ба нафъи Толибон истифода мекунад ва мехоҳад, ки чеҳраи модерну маданӣ ва мутакассир аз Толибон ба мухотибони берунии худ битарошад. Ин аст кори зарифи як ғӯли расонаӣ дар Афғонистон! Фалсафаи вуҷуди Бӣ Бӣ Сӣ анҷоми ҳамин гуна корҳо аст. Агар ин корҳоро Бӣ Бӣ Сӣ анҷом надиҳд, будҷае аз моликонаш дарёфт нахоҳад кард.