Хабари рӯз

Чаро бозигарони минтақаӣ нигарони ҷанги дохилии пасотолибон ҳастанд?

Нависанда: доктор Авлиё Ҷалолӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, 48 дарсади ҷамъияти Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Аммо пурсиши аслӣ ин аст: чаро ва чӣ гуна ин ҷамъияти бузург аз муодилоти кишвар ба сурати комил ҳазф шуданд?

Агар нигоҳи реалистӣ  ба ҳазфи тоҷикон аз муодилоти қудрат дар Афғонистон дошта бошем, ба яқин авомили гуногунеро метавон ёдоварӣ кард, ки хориҷ аз тавони ин баҳс аст. Аммо он чӣ дар шароити кунунӣ муҳим аст, ин аст, ки чӣ гуна сарони кунунии тоҷик метавонанд тамоми ихтилофоти гузаштаи худро канор бигузоранд ва сафи воҳид, ҷиҳати муборизаи муштарак дар баробари душмани муштарак ташкил диҳанд?

Таҷрибаи беш аз ду соли гузашта нишон дод, ба танҳоӣ ҳеҷ яке аз тарафҳо қодир нест аз садди бузург ва сиёҳи кунунӣ убур кунанд.

Бар асоси додаҳои таърихӣ, далели аслии ҷангу ситез бо тоҷикон, абъоди минтақаӣ, таърихӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

825 сол императориҳои Форс бар бахшҳои бузург аз қораҳои Осиё, Аврупо ва Африқо далеле буд, то рӯҳияи бузургӣ ва бузургандешӣ дар ин нажоди наҷибзодаи ориёӣ ҳоким шавад.

Ин ки имрӯз аз нигоҳи стратегӣ тоҷикон танҳо раҳо шудаанд ва ҳеҷ қудрати ҷаҳонӣ ва ҳатто минтақаӣ ҳозир нест канорашон биистад, реша дар ҳамон нигоҳи бузургандешии онон дорад. Чун усулан бозигарони бузурги ҷаҳониву минтақаӣ сиёсати мубтанӣ бар “мавло-барда” мехоҳанд, амре, ки тоҷикон нисбати гузаштаи таърихии худ наметавонанд бо чунин амру хосте ҳамроҳу ҳамгом шаванд.

Қонуни нонавиштае вуҷуд дорад, ки ҳар, ки бузург бошад, сад бор замин бихӯрад, дубора баланд мешавад ва даъвои бузургӣ мекунад. Намунаи онро дар қиёми Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайси Саффор, Тоҳири Фушанҷӣ, шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дар охирин маврид қиёму муқовимати шаҳид Устод Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳ Масъудро метавон ном бурд.

Муқовимат ва муборизаи кунуниро низ метавон идомаи ҳамон масири гузаштаи таърихӣ, бо каме тафовути нигоҳ ва тағйири бозигарони бузурги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ донисту таъбир кард.

 Аммо пурсише, ки зеҳни бисёр аз мардуми ҳавзаи тамаддунии моро ба худ машғул сохтааст, ин аст, ки чаро тоҷикон дар Муқовимати Аввал дар ҳифзи арозӣ дар баробари душманонашон муваффақ амал карданд, аммо дар Муқовимати Дувум шикаст хӯрданд?

Дар канори даҳҳо илалу авомил адами раҳбарии воҳид дар сафи тоҷикон, надоштани пуштибонони минтақаӣ, адами лобии қудратманди ҷаҳонӣ ва фароминтақаӣ, ихтилофоти дохилӣ ва аз ҳама муҳимтар, норизоиятии умумӣ аз амалкарди бист соли гузаштаи раҳбарони кунунӣ ва эҷоди фосилаи табақотиву иҷтимоиро метавон аз муҳимтарин илали шикасти Муқовимати Дувум баршумурд.

Ихтилофоти миёни раҳбарони тоҷик ончунон ки бузургнамоӣ мешавад, ҷиддӣ нест, балки иддае ашхосу афроди фурсатталаб, нисбати манофеи шахсӣ дар сафи раҳбарон нуфуз карда ва аз эмини ин тафовути дидгоҳ солҳост файз бурда ва мавзӯъро бештари ҳайсиятӣ сохтаанд ва ҳеҷ тарафе ҳозир нест кӯтоҳ биёяд.

Агар раҳбарон аз ақлонияти сиёсӣ кор бигиранд, хайру саодат ва манофеи мардумро авлавият қарор диҳанд, бидуни шак, метавонанд ба бисёр суҳулат ин шакарранҷиҳои дохилиро канор бигузоранд.

 Агар нигоҳи воқеъгароёна дошта бошем ва бихоҳем аз бунбасти кунунӣ убур кунем, анҷоми мавориди зер ниёзи  ҷиддӣ ба назар мерасанд:

1 - Тамоми раҳбарони тоҷик бидуни истисно бобати бозии бад ва хиёнаташон дар бист соли гузашта аз тоҷикони Афғонистон ва соири ақвоми ҳамсӯ узрхоҳӣ кунанд. Ин на танҳо касрашон нест, ки бузургманишии ононро ба намоиш мегузорад ва панде мешавад ба сиёсатмадорони дағалбози баъдӣ то мутаваҷҷеҳи амалкарди ояндаи худ бошанд.

2 - Устод Атомуҳаммад Нур, ки яке аз доиядорҳои айёрӣ ва ҷавонмардӣ шӯҳраи шаҳр аст ва Салоҳуддин Раббонии ҷавони ормонгаро ва ситамнопазир, ҳар ду ҷиҳати инсиҷом, иттиҳод ва хайру саодати мардум ва шикасти бунбасти кунунӣ, айёрӣ кунанд ва аз раҳбарии Ҷамъияти исломӣ канор бираванд.

3 - Шӯрои раҳбарии Ҷамъият ба шакл давронӣ ташкил ва Ҷабҳаи муқовимат, ки мутаассифона, дар наздик ба се соли гузашта нисбати ҳокимияти равобити хонаводагӣ, ончунон ки хосту таваққӯъи ҳаводорон ва насли ҷавони ҷомеаи тоҷик аз сар то сари меҳан буд, алорағми ҳимояти беқайду шарт гул накард ва як бори дигар ормони ин наслро қурбонии аҳдофу манофеи бақоёи режими Ғанӣ сохт ва ин тағйири масир боис шуд, то умедҳои халқшуда ба ноумедӣ табдил ва ҷабҳа аз масири аслӣ ба бероҳа савқ дода шавад. Лиҳозо, хирад ва манофеи ҷомеаи тоҷик ҳукм мекунад, то ҷилави ба инзивоъ рафтани бештари ин ҷараён гирифта ва замимаи шӯрои раҳбарии Ҷамъият шавад. Ва чаҳор шахсияти меҳварии зер:

1 - Салоҳуддин Раббонӣ;

2 - Ато Муҳаммад Нур;

3 - Аҳмад Масъуд;

4 – Исмоилхон

ба унвони раҳбарони аслии ин шӯро муаррифӣ ва ба шакли давронӣ ин ҷараёнро мудирият ва раҳбарӣ кунанд.

 Матраҳ кардани ин масъала, ки мо меҳвар ҳастем, биёед ба мо байъат кунед, на мантиқӣ аст ва на воқеъгароёна. Ин ҳарфҳо шабеҳи ҷараёни “оҷандои миллии вифоқи миллӣ”-и Аҳмадвалӣ Масъуд аст, ки шаш сол фурсатсӯзӣ кард, аммо моҳи асали он, танҳо шаш ҳазор раъй дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ буд ва поинтар аз Турсан. Амре, ки дар афкори омма як беҳурматии бузург ба хонаводаи Қаҳрамони миллӣ таъбир шуд.

Аз иқболи бади Аҳмад Масъуд, мудирияти аслии Ҷабҳаи муқовимат дар дастони чунин шахсият аст, ки ӯ худ низ нисбати пайванди хонаводагӣ аз канор задани ӯ оҷиз аст ва давоми вазъият кунунӣ нисбати адами дастоварди майдонӣ бо мавҷе аз норизоиятӣ ҳамроҳ шудааст.

Лиҳозо, набояд беш аз ин умеди козиб халқ кард, ки аз ҳеҷ диду зовия ба хайру саодати мардум нест.

Дар ваҳлаи дувум, шӯрои тасмимгирии низомии муташаккил аз шахсиятҳои зер:

1 - Ато Муҳаммад Нур;

2 - Маршал Дӯстум;

3 - Устод Муҳаққиқ;

4 - Салоҳиддин Раббонӣ;

5 - Аҳмад Масъуд;

6 - Исмоилхон;

7 - Ҳазрат Алӣ;

8 – Тодинхон;

9 - Ёсин Зиё

ташкил ва тавзифи вазоиф сурат гирад.

Барои намуна:

1 - Салоҳуддин Раббонӣ ва Атомуҳаммади Нур аъзои аслӣ дар тасмимгирии шӯрои низомӣ, масъулияти умумии бахшҳои низомии вилоятҳои Балх, Саманагон, Бағлон, Кундуз, Тахор ва Бадахшонро ба дӯш бигиранд;

2 - Амир Исмоилхон, масъули умумии низомии ҳавзаи Ғарб гумошта шавад;

3 - Маршал Дӯстум, раҳбарии умумии ҷабаҳоти низомии вилоятҳои Форёб, Ҷузҷон ва Сарипулро ба дӯш бигирад;

4 - Устод Муҳаммад Муҳаққиқ, масъулияти умумии ҷабаҳоти Бомиён, Дойкундӣ ва Майдон Вардакро ба дӯш бигирад;

5 - Генерал Ёсин Зиё ва Ҳомид Сайфӣ фармондеҳони умумиии вилоятҳои Парвон, Кописо ва Панҷшер гумошта шаванд;

6 – Тодинхон, бародари Абдурозиқ Ачакзай ва Аюбӣ фармондеҳони умумии ҷануб гумошта шаванд;

7 - Ҳазрат Алӣ фармондеҳи умумии Машриқӣ гумошта шавад;

8 - Муниб Амирӣ фармондеҳи умумии Кобул гумошта шавад;

9 - Генерал Муродалӣ Мурод ба ҳайси луидиристизи қитъаоти низомӣ гумошта шавад;

10 - Холид Амирӣ ба унвони фармондеҳи умумии қитъаоти амалиётӣ ё вежа гумошта шавад;

11 - Ду Пидром, Ошно ва Раҳмон Ӯғлӣ ба унвони масъулини бахши расонаҳои ҳавзаи муқовимат ва тарроҳони кулли полисӣ ва сиёсатгузорӣ дар бахши фарҳангиву роҳбурдӣ гумошта шаванд;

12 - Ба бозигарони минтақаӣ кутубан итминон диҳанд, ки ҷангҳои дохилии қаблӣ такрор нахоҳанд шуд;

13 - Ҳадафи мубориза: озодии меҳан аз ишғоли Толибон ва эҷоди низоми федералӣ эълом гардад.

Қиёми умумӣ дар сартосари Афғонистон дар рӯзи муайян, бахусус, дар вилоёти Шимол ҳамоҳангу ҳазинаҳои молии қобили мулоҳиза дар ихтиёри ҳастаҳои дохилӣ пешопеш гузошта шавад ва ишғоли пойгоҳҳои Толибон тавассути мардум аввалият қарор дода шавад.

Мутмаин бошед, он замон Амрико чӣ, ки дунё канори толиб биистад, гилеми толиб ҷамъ ва Шимол бедиранг озод хоҳад шуд.

Раҳбарони ҳавзаи Шимол як масъаларо ба хотир дошта бошанд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ воқеъгароёна ба қазоё нигоҳ мекунанд, то дар майдони амал ҳарфе барои гуфтан надошта бошед ва худро назди бозигарони минтақаиву ҷаҳонӣ амалан дар майдон собит насозед. Бо шиорҳои расонаӣ, тагаддӣ ва фейсбукӣ дигар ҳаргиз варақи бозӣ ба нафъи шумо барнахоҳад гашт ва ҷаҳон дигар ҳозир нест бо шумоҳо, муҷаддадан вориди бозӣ шавад.

Беш аз ду сол пушти дарб нигаҳ доштантон, дол бар ин муддаост.

Агар раҳбарони ҳавзаи зиддитолиб беш ин дар кашмакаши дохилӣ масруфу тааллул кунанд ва дар доми пучу иддаоҳои Том Вест ва дигар бозигарони минтақаиву ҷаҳонӣ гир кунанд.  Дигар орзуи баргашт ба меҳан як рӯъёи дастнаёфтае табдил ва ҷаҳон бо Толибон муомила хоҳад кард ва шакке вуҷуд надорад, ки кишварҳои минтақаӣ ҷиҳате исботе ҳусни ният ва равобити худ бо Толибон, мухолифони Толибонро дастгир ва таслими Толибон хоҳанд кард ва он замон баид нахоҳад буд.

Ё ҳу!


Дин

Тероризм

13-дек-2025 By admin

Толибон - ҳамоҳангсози…

Омӯзиши ҷангҷуёни Чин, Русия, Сурия ва Осиёи Марказӣ дар пойгоҳҳои Афғ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!