Хабари рӯз

Ҷабаҳоти зиддитолибонӣ бояд дар пайи озодсозии ҷуғрофия бошанд.

Нависанда: Абдусаттор Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Ҳамватанони гиромӣ, банда ба намояндагӣ аз Ҷабҳаи озодии Афғонистон ва шумо - мардум ғаюр - дар нишасти Венаи Утриш иштирок варзидам ва рисолати хеш медонам, ки тасомим, натиҷагирӣ ва мавзеъи худро барои шумо бозтоб бидиҳам ва шумо миллати дардмандро дар рӯшноӣ қарор бидиҳам.

Сӯҳбатҳои банда дар нишасти Вена шомили чанд меҳвар мегардид:

1 - Толиб ва гурӯҳҳои ифротӣ шомили ҳеҷ навъ тараҳҳум ва худгузаштагӣ набояд бошанд. Мантиқи ин гурӯҳи такфирӣ фақат зӯр буда ва ба ҳеҷ далел ақшори мухталифи ҷомеаро намепазиранд;

2 - Барои бақои Афғонистон ва ҳаққи мардуми мазлуми кишвар барои ифода намудани маънии дурусти озодӣ бояд даст ба қиёми миллӣ ва истодагии умумӣ зад;

3 - Паёми возеҳ барои бузургон ва раҳбарони ҷиҳодиву сиёсӣ, низомиёни барҷаста иттиҳоди муназзам ва мунсаҷим таҳти як қиёдат барои мавзеъи воҳид дар муқобили зулму барбарият ва мунтазири ин набошем то кишварҳои минтақаӣ ё фароминтақаӣ ба ҳимоят аз мо бипардозанд, бояд ҳаракат худҷӯш ва мардумӣ бошад то таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намояд;

4 - Вокуниш ба баёноти нобаҷои мушовири Муттақӣ, вазири номниҳоди гурӯҳи Толибон дар мавриди ин ки: нишасти Вена ҷамъи саргардоне беш нестанд. Посух барои ин ашхоси мафъул ва бесавод ин буд, ки бале, мо барои озодии миллат ва кишвари худ саргардон ҳастем ва то замоне ки ҳаққи хоҳарони маҳрум аз таҳсили худро аз чанголи шумо аҷирон нагирем, даст аз мубориза нахоҳем кашид;

5 - Хитоб ба тамоми ҷабаҳоти зиддитолибонӣ ин буд, ки биёед, муборизаи мунсаҷим ва басит анҷом дода ва дар пайи озодсозии ҷуғрофия бошем. Он замон бар иловаи ин ки ҳимояти мардумро бархӯрдор ҳастем ва будем, машрӯъияти хориҷиро низ касб мекунем.

6 - Авомили мубориза ва ин ки ҳеҷ роҳе ҷуз муқовимати мусаллаҳона нест, бисёр зиёд ва мутааддид мебошад, аз ҷумла такфикрии истибдодгароӣ, зулм болои табақаи унос ва таҷовузҳои гурӯҳӣ болои занони мӯътариз дар вилоёти мухталиф, шиканҷа ва ба шаҳодат расондани нерӯҳои қувваҳои мусаллаҳ ва бузургону ҷавонони равшанфикр ба шадидтарин шакли мумкин ва дар ниҳоят охирин ҷинояти зиддибашариро, ки дар вилояти Форёб тавассути ин гурӯҳ анҷом шуда буд, ки як чӯби бузургро ба шакли гурӯҳӣ дар муқъади як ҷавон ба шакли мех кӯбида буданд ва ҳазорон далоили шаръиву мантиқии дигар, ки дар лобалои нишаст зикр гардид, ин қотеъияти тасмимро барои мо медиҳад, ки ҳеҷ навъ музокира бо ин навъ гурӯҳ корсоз нест ва набуда.


Дин

Тероризм

02-дек-2024 By admin

Байрақи Толибон бар…

Чӣ нисбате байни Толибон ва “Таҳрири Шом” вуҷуд дорад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!