Хабари рӯз

Достонҳое, ки чӣ гуна Ғанӣ ва Амрико ба мардуми Афғонистон хиёнат карданд ва кишварро ба терроризми байналмилалӣ таслим доданд, поёне надорад...

Нависанда: Аҳмад Шамъун, полковники Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон

Намунаҳои зиёде аз таслими нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии исломии Афғонистон тавассути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба Толибон вуҷуд дорад. Ин достони таслими ливои 094 –и Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон аст, ки худам шоҳиди он будам.

Инҷониб дагарвол (полковник) Аҳмад Шамъун қумандони қитъаи муҳофизи ливоъи 094 ва ҳамзамон қумандони муҳофизати риҷоли барҷастаи Раёсати умумии амнияти миллӣ ҳамвора як сарбози содиқ ва фидокори кишварам будаам. Ман таҷрибаи чандинсолаи хидмат дар шохаҳои мухталифи Раёсати Амнияти Миллӣ, аз фармондеҳи воҳидҳои вокуниш дар вилоятҳои мухталиф гирифта то охирин вазоифамро, ки дар боло зикр шуд, дорам. Ҳаргиз дар анҷоми вазоифам кӯчактарин қусуре аз худ нишон надодаам. Мутаассифона, хоинон ва муздурони Амрико давлат, артиш ва дигар нерӯҳои амниятии Афғонистонро, ки барои онҳо даҳҳо ҳазор ҷавони меҳани мо ҷони худро аз даст доданд, ба гурӯҳи террористии ваҳшии Толибон супурданд. Онҳо ба мо ва даҳҳо ҳазор фарзанди содиқ ва ростини кишварамон хиёнат карданд ва ҳамаро ба раҳмати сарнавишт супурданд. Як солу ним аст, ки Толибон аз сарбозон одӣ то генералҳои моро бераҳмона сар бурида, тирборон мекунанд ва бидуни таҳқиқу муҳокима онҳоро ба шаҳодат мерасонанд. Иншоаллоҳ, онҳо - хоинон ва муздурон - чӣ дар зиндагӣ ва чӣ дар охират аз посухгӯӣ ба мардум фирор нахоҳанд кард. Онҳо ҳамчунон дар пешгоҳи Худо посух хоҳанд дод.

Мехоҳам достонеро таъриф кунам, ки ба чашми худам дидам ва вазифаи худам медонам, ки онро бо мардумам дар миён бигузорам.

Ҳамон тур, ки қаблан мутазаккир шудам, ба унвони қумандони қитъаи муҳофизи ливоъи 094-и Раёсати Амнияти Миллӣ вазоифи худро анҷом додам. Дар он рӯзҳо ба далели мушкилоти хонаводагӣ дар таътилот будам. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки вазъият ба шиддат дар ҳоли тағйир аст. Соати 16 рӯзи 15 август, рӯзи суқути Кобул, ба маҳалли ливоям расидам. Ман масъули нигаҳбони посгоҳҳои ливои 094 ва ҳамчунин муҳавватаи раёсати омӯзиши Амният миллӣ ва бахшҳои дигари чандин раёсат будам. Ман ҳамчунин масъули 50 посгоҳи амниятӣ будам, ки бар амнияти раҳбарони феълии Толибон, ки дар он замон ба баҳонаи як раванди оштии дурӯғин бо ҳукумати ҷумҳурихоҳ дар Кобул буданд, назорат мекарданд.

Персонали қитъаи амниятии таҳти амри ман ҳудуди 900 нафар буданд. Он рӯз 300 нафар дар дохили ливо машғули хидмат буданд. Бо тақвияти мавозеъ ва таҷҳизоти размии худ, омодагиҳои лозимро барои дифоъ аз қаламрави ливо анҷом додем. Дар ҳамон замон ба дафтари фармондеҳи ливо генерал-майор Нуруллохон рафтам. Ў қотеъона ба мо дастур дод, ки контролро тақвият кунем ва барои дифоъ омода шавем.

Ва худаш ёдоварӣ кард, ки мунтазири дастуроти раҳбарии Раёсати Амнияти Миллӣ буд. Берун рафтам то бо омодасозии пасгоҳҳои мустақар дар атрофи ливо ошно шавам. Вақте ба яке аз посгоҳҳои атрофи мақарри ливо наздик шудам, аз он ҷо аз тариқи бесим ба мақар иттилоъ доданд, ки фармондеҳ Шаъмун наздик мешавад. Сипас аз мақарри ливо ба сарбозони посгоҳ дастур доданд, ки ба самти ман тирандозӣ кунанд! Ман мутаҳайир будам ва наметавонистам ба гӯшҳоям бовар кунам! Фармондеҳам дастур дод, маро нобуд кунанд. Ҳама чизро бо гӯшҳоям аз мухобираи дастам мешунидам. Сареъ пинҳон шудам ва аз тариқи телефони ҳамроҳам ба афроди таҳти амрам дастур додам, омода бошанд. Ин як тавтеа буд. Ман худамро аз марг наҷот додам. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки фармондеҳи ливо ва муовинонаш бо нерӯҳои душман табонӣ карданд ва даст ба дасти ҳам дода, нақшаи нобудии манро дар пеш гирифтанд.

Ҳамзамон худро омода сохта ва бо афроди боэътимоди худ ба тарафи савқу идораи ливо ҳаракат кардам.

Вақте ба мақар расидам ва вориди дафтари шахсии фармондеҳи ливо шудам, нақшаи сутуни панҷуми Раёсати Амнияти Миллӣ барои нобудии ман шикаст хӯрд. Дастур аз фармондеҳи ливо Нуруллохон буд ва муҷриён он лейтенант Маланг ва майор Катур Фароҷӣ (бастагони наздик ва холабачаҳо) буданд. Қабл аз ин моҷаро, ин ду нафар буданд, ки се бор барои куштани ман даст ба чунин ҳамалоте заданд.

Вақте бо афродам вориди дафтари онҳо шудам, генерал-майор Нуроллоҳхон, генерал Раҳматуллоҳ, брид генерал Қуддусхон, генерал-лейтенант Маланг Паштун, генерал-лейтенант Довуд Ҳилмандӣ ва чанд тан аз лейтенантҳои бехосиятро дидам, ки мунтазири хабари марги ман нишаста буданд. Бо дидани ман тарсиданд ва билофосила аз ҷойи худ баланд шуданд. Аз он ҷое, ки ҳарфе барои гуфтан надоштанд, маблағи ҳангуфте ба ман пешниҳод карданд, то ҷилави манро бигиранд. Ман ва ҳамроҳонам бар сари онҳо фарёд задем ва пурсидем, ки чаро чунин тавтиаеро ба роҳ андохтанд. Ҳама шурӯъ ба илтимос карданд ва гуфтанд, чора дигаре надоштем. Мо барои ту ва афродат пул дорем, ҳар чӣ мехоҳед бардоред ва аз инҷо биравед. Хеле асабонӣ будам, ба самти яке аз онҳо шиллик кардам то ҳама битарсанд. Ман ба онҳо гуфтам, ки хоинони ватан ин ҷо ҷое надоранд ва бояд сареъ аз ин ҷо хориҷ шаванд.

Аммо ба дархости фармондеҳи ливо генерал Нуруллохон маҷбур шудам аз тақозои худ сарфи назар кунам. Муовини фармондеҳи ливо, ки ҳамагӣ аз вай ба далели рӯйи зишташ бо персонал мутанаффир буданд, узрхоҳӣ карда ва баён дошт, ки душман дар атрофи ливо ҷо ба ҷо шуда, ҳамагӣ аз байн меравем, бояд ливоро тарк намоем.

Аз ин ки ҳалқаи муҳосира танг шуда буд ва дар атрофи ливо душман ба тирандозиҳои пароганда ҳамагиро саросема сохта буд, аввалан аз соҳаи хатар дур шуда ва аз қисмати девори мунтаҳӣ ба ҷодаи паҳлуи ливо, ки душман дар он ҷо ҳузур надошт, бо андохти силоҳ роҳро боз сохта, дақиқан соати 11 – и шаб аввалан дигаронро бо андохтҳои мукаррар аз девор берун кашидам ва дар охири соати 12 – и шаб худам бо афродам низ аз ҳамон роҳ берун шудам. Дар мутарҳои шахсӣ худро ҷо ба ҷо сохта ва бо даҳҳо камину чекпойнти душман ба қасди Панҷшер охирин сангари дифоъ аз ватан ҳаракат ва наздики субҳ худро ба он ҷо расондем.

Саҳми худ аз ҷанги хутути дифоии Панҷшер аз Ховок ва Анҷуман гирифта, то бетадбирии баъзеҳо ва хиёнати баъзеҳои дигарро низ дар фурсати муносиб ба тафсил хоҳам навишт.

Бародар шумо, дагарвол Аҳмад Шамъун


Дин

Тероризм

07-май-2025 By admin

Ҷиҳод бо пули…

Толибону ДОИШ чӣ гуна тамвили молӣ мешаванд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!