Хабари рӯз

Чаро таблиғоти манфӣ алайҳи раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афзоиш ёфтааст?

Нависанда: дуктур Яъқуб Лайс Саффор

- Муқовиматгарон ҳеҷ гоҳе ба андозаи даврони пасоҷумҳурият бо ин суръат соҳиби раҳбарии сиёсӣ нашуда буданд. Дар даврони ҷиҳод порсизабонони муқовиматгар дар аҳзоби гуногуни суннӣ ва шиъаи тавзеъ шуда буданд. Аз сӯи дигар, дар аҳзоби коммунистӣ низ дар “Халқ”-у “Парчам ва “Шӯъла”-ву... ташриф доштанд. Парокандагии порсизабонон дар  даврони ҷиҳоду даврони ҳокимияти коммунистон ба ҳадде буд, ки ду бародари порсизабон ва ду хонаводаву ҳамсояи порсизабон алайҳи ҳам қарор мегирифтанд ва ҳатто ҳамдигарро мекуштанд.

- Дар даврони ҷумҳурият шиканандагии раҳбарии воҳид дар Ҷамъияти исломӣ ба андозае буд, ки тарҳи устоди шаҳид  Раббонӣ бо тарҳи маршал Фаҳимхон дар баробари ҳам қарор мегирифт. Дар охирин солҳои ҷумҳурият ва дар дувумин интихоботи даврони Ашраф Ғанӣ парокандагии раҳбари сиёсӣ ба ҳадде буд, ки ҳар шаҳристон/вулусволӣ дорои як раҳбари сиёсӣ буд.

- Зуҳури Аҳмад Масъуд бо мероси харизматики падар, шуҷоату хирадварзӣ ва ҷаҳоншиносии худаш, умедҳои фаровонро офарид, ба вежа насли ҷавон, ки дар бист соли ҷумҳурият болида ва рушд карда буданд, ҳузури ӯро ғанимати қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ дар ин меҳан барои муқовиматгарон донистанд, агарчи эшон хештанро хидматкори ҳама меҳан ва ҳама ақвом медонад.

Бузургтарин шохисае, ки эшон дар бештар аз яку ним соли муқовимат аз хештан нишон додааст, таъкид бар ҳукумати эътидолии исломӣ ҳамроҳ бо таъкид бар чорчӯби миллии шомили ҳама ақвом ва ҷараёнҳои сиёсии меҳан мебошад. Ин шохиса ӯро меросдори муборизоти бештар аз як қарни мубориза барои адолати иҷтимоӣ месозад. Аз сӯи дигар, баландназарӣ ва зарфияти бузурге, ки ӯ аз хештан нишон додааст ва тавоноии гирдоварии  гуруҳҳои мутафовити сиёсиро аз худ дар чорчӯби Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишон додааст, як имтиёзи бузург барои ӯ ба шумор меравад.

- Шохиси дигари раҳбарии ӯ, ҳифзи наслҳои гуногуни муқовимат аст, ки ба ин тартиб гусасти наслии муқовиматро аз миён бардоштааст ва ду то се насли муқовиматгар аз ақвому манотиқи гуногунро дар чорчӯби Ҷабҳаи муқовимати миллӣ созмон додааст.

- Ин муваффақиятҳои раҳбарӣ, гурӯҳҳои хориҷӣ ва дохилиро, ки кори раҳбарии муқовиматгаронро поёнёфта медонистанд, дучори ташвишу изтироб кардааст.

Нахустин гурӯҳ, паштунистҳое ҳастанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хори чашми тамаркузгароӣ ва инҳисори қудрати қавмӣ дар чорчӯби ҳукумати мутамаркиз медонанд, чаро, ки дастури кори сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар чорчӯби назарияи низоми сиёсии ғайрмутамаркиз рақиби ҷиддии оянда проекти чандсадсолаи онон аст.

- Гурӯҳи дувум, иморати толибонӣ аст, ки нисбати адами машрӯъияти миллӣ ва байналмилалие, ки дорад, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъудро аслитарин рақиби худ медонад, зеро ин ҷабҳа нишон дод, ки ҷабҳаи файсбукӣ нест, балки ҷабҳаи муқовимати воқеӣ дар майдони сиёсат, низомигарӣ ва равобити байналмилалӣ аст. Аз ин ҷиҳат ояндаи сиёсати меҳан ба дасти ин ҷабҳа аст.

 - Гурӯҳи севум, порсизабононе аст, ки ҳукумати эътидоли исломиро бар наметобанд ва аз ин ҷиҳат Аҳмад Масъудро аз ин манзар, ки секулор нест ва аз ин манзар, ки алайҳи дин қарор намегирад, рақиби худ медонанд.

- Дар ин ҷо даҳанҳо ва қаламҳои кироиву иҷораии фаровон даст ба дасти ҳам медиҳанд то чеҳраи ин раҳбари ҷавон ва пухтаро тахриб кунанд ва бигӯянд, ки аз ӯ бут насозед. Ҳақиқат ин аст, ки ӯ маъсум нест, аммо ӯ як раҳбари мӯътамид аст, ки покизагӣ ва маъсумияти ҷавонӣ ӯро ба маҳбубияти беш аз ҳадди таваққӯъ сохтааст. Дар ин шакке нест, ки садоқат, ҳушёрӣ ва раҳбарии оқилонаи ӯ ин таблиғоти зишт ва пропагандаро хунсо хоҳад сохт.


Дин

Тероризм

02-фев-2026 By admin

Кӣ моҳиҳои Баҳри…

Владимир Зеленский назми муҳити зистиро нобуд мекунад.

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!