Афғонҳо на фақат дар Афғонистон, балки дар ҳар куҷои дунё, ки бошанд, ҳамеша ҷангу даъво доранд ва ҳамдигарро тавҳину таҳқир мекунем.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Ҳар дам аз ин боғ баре мерасад,
Тозатар аз тозатаре мерасад.
Мо касоне, ки зодгоҳи мо, Афғонистон аст, дар ҳар куҷои дунё, ки бошем, даст ба гиребони ҳамдигар ҳастем, ҳамеша ҷангу даъво дорем, ҳамдигарро тавҳину таҳқир мекунем. Афғонҳои мо чӣ аъмолеро дар Олмон, Фаронса ва кишварҳои дигар анҷом доданд, ки ҳамаи он боиси шарму нанги мо аст.
Имрӯз ба тозагӣ дар кишвари Швейтсария шаҳри Женева, ки оромтарин кишвар аст, як теъдод аз ҷавонони афғон бо чоқу ба ҷони ҳамдигар афтоданд, то пулис мудохила кард. Бар иловаи ин ки мо чунин аъмолро анҷом медиҳем, шумо сафаҳоти иҷтимоиро махсусан Ютуб ва Тик-токро нигоҳ кунед, ки теъдоде аз афғонҳои мо чӣ гулҳоеро ба об медиҳанд, чӣ қадар дашном медиҳанд, чӣ қадар тавҳину таҳқир мекунанд ва чӣ қадар ба нотавониҳои ахлоқиву иҷтимоӣ мувоҷеҳанд.
Ба ҳар сурат ман фикр мекунам, иллати ин ки афғонҳо дар дохили кишвар ва ҳатто дар хориҷ аз кишвар бо якдигар даргирӣ доранд ва доиман дар ҳоли низоъу даъво ҳастанд, ба чандин омили асосӣ ва бунёдӣ бармегардад, ки дар зер ба бархе аз онҳо ишора мекунам.
Ба ҳар сурат, фикр мекунам иллати ҳамаи ин даргириҳо миёни афғонҳо дар дохилу хориҷи кишвар ба чандин омили асосӣ ва бунёдӣ бармегардад, ки ба шарҳи зер ҳастанд:
1 - Таърихи пур аз буҳрону ҷанг: Афғонистон ҳамвора даргири ҷангҳо ва буҳронҳои дохилӣ будааст, аз ҷангҳои чанд даҳаи қабл гирифта то даргириҳои пас аз ҳамлаи Шӯравӣ, зуҳури муҷоҳидин ва Толибон ин шароит боиси эҷоди рӯҳияи хушунату беэътимодӣ дар ҷомеа шудааст.
2 - Тафаккуроти қабилаӣ ва қавмӣ: танаввӯъи қавмӣ ва қабилаӣ дар Афғонистон мӯҷиби таваҷҷуҳ ба манофеъи хоси ҳар гурӯҳ мешавад. Ин ихтилофот ба ҷойи эҷоди иттиҳод, мӯҷиби даргириҳои физикӣ ва равонии миёни афрод мешавад.
3 - Таъсироти ҷангу даргириҳои равонӣ: ҷангҳову буҳронҳо мӯҷиби мушкилоти равонӣ чун изтиробу афсурдагӣ дар афрод шуда, ки ин мушкилот ба даргириҳои бештар мунҷар мешавад. Касоне, ки дар ин буҳронҳо зиндагӣ кардаанд, қодир ба эҷоди равобити орому мусолиматомез нестанд.
4 - Фақру мушкилоти иқтисодӣ: фақру адами фурсатҳои шуғлӣ, мӯҷиби рақобатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар натиҷа даргириҳои бештар мешавад. Дар шароити сахти иқтисодӣ, равобити иҷтимоӣ дучори таниш мешавад.
5 - Дахолатҳои хориҷӣ ва сиёсатҳои хориҷӣ: дахолати кишварҳои хориҷӣ дар умури Афғонистон вазъиятро печидатар кардааст. Ин дахолатҳо мунҷар ба буҳронҳои дохиливу хориҷӣ ва ташдиди танишҳо дар миёни афғонҳо шудааст.
Дар кулл даргириҳо ва ихтилофот миёни афғонҳо ба авомили таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ бармегардад. Барои расидан ба ҷомеаи ором ва муттаҳид, ниёз ба тағйироти асосӣ дар тафаккурот, сиёсатҳо ва равобити иҷтимоӣ дорем. Эҷоди фазои эътимод, тавсеаи иқтисодӣ ва фароҳам кардани шароити муносиб барои гуфтугӯ ва тафоҳум метавонад ба коҳиши ин танишҳо кӯмак кунад.