Раиси собиқи истихбороти Арабистони Саудӣ Ҳикматёрро дар қатли Абдуллоҳ Азом шарик медонад.
Нависанда: Маҳфуз
Ҳикматёр фоқиди қизовати ахлоқӣ буд, бар тасарруфи Кобул бо зӯр исрор дошт, бо як коммунист “эътилофи номуқаддас” ташкил дод, пас аз он ки Эронро “давлати бидъатгузор” хонда буд, ба он паноҳ бурду баъдан худро ба Кобулу амрикоиҳо пешниҳод кард.
Шоҳзода Туркӣ ал-Файсал оли Сауд, раиси созмони истихбороти умумии Арабистони Саъудӣ аз соли 1977 то 2001 ва масъули парвандаи Афғонистон дар даврони ҷиҳоди зиди Шуравӣ, дар китоби “Парвандаҳои Афғонистон”, фасли ёздаҳум, сафаҳоти 110 то 140, арзёбии бисёр интиқодӣ аз Гулбуддин Ҳикматёр ироа мекунад. Ӯ менависад, ки ҳарчанд Ҳикматёр дар даврони ҷиҳоди зидди Шуравӣ ба далели фармондеҳии яке аз муассиртарин неруҳои низомии бисёр мавриди тавваҷуҳу ҳимояти ниҳодҳои истихборотии Арабистон, Покистону Амрико буд, аммо дар ниҳоят фоқиди хештандории ахлоқӣ ва қазовати сиёсии санҷида буд.
Пас аз хурӯҷи нерӯҳои Шуравӣ, дар ҷараёни тавофуқоти тақсими қудрати муҷоҳидин дар Ровалпинди, ки дар қолаби раванде шабеҳи Луи Ҷирга баргузор шуд, Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ба унвони раисҷумҳур, Абдурасули Сайёф ба унвони садриаъзам ва Ҳикматёр ба унвони вазири умури хориҷа дар чорчӯби давлати интиқолӣ таъйин шуданд. Туркӣ ривоят мекунад, ки пас аз ду соат гуфтугӯи хусусӣ, Ҳикматёр даст бар сина гузошт ва ба ӯ итминон дод ва гуфт, “ту бародари ман ҳастӣ” ва ба таври расмӣ симмати вазорати умури хориҷаро пазируфт.
Шоҳзода Туркӣ сипас барои итилоъ додан дар бораи ин тавофуқ назди садри аъзами Покистон, Беназир Буту, рафт. Аммо дар ҳоле ки ӯ дар роҳ буд, Ҳикматёр аз тариқи як паёми радиоӣ эълом кард, ки давлати муҷоҳидинро таҳрим мекунад. Туркӣ ин тағйири ногаҳонии мавзеъро намунае аз бесуботии сиёсиву ғайриқобили эътимод будани Ҳикматёр медонад.
Туркӣ ҳамчунин бовари худро баён мекунад, ки Ҳикматёр дар террори Абдуллоҳ Азом нақш доштааст (сафҳаи 111). Ӯ ҳамчунин ба кудатои соли 1990 ишора мекунад, ки дар он Ҳикматёр вориди он чӣ Туркӣ “эътилофи комилан номуқаддас” меномад, бо вазири дифои коммунисти тундрав, Шаҳнавоз Танай, шуд (сафаҳоти 111 то 112), рухдоде, ки ба назари Туркӣ эътибори тарафҳои даргирро хадшадор кард.
Замоне, ки дар апрели 1992 Кобул дар дастрас буд, Туркӣ ривоят мекунад, ки Ҳикматёр ҳамкорӣ бо Аҳмадшоҳ Масъудро рад кард ва бар тасарруфи Кобул аз роҳи низомӣ исрор варзид (сафаҳоти 133 то 135). Чанд тан аз фармондеҳони худ ӯ барои ҷилавгирӣ аз вайронӣ хоҳони мусолиҳа шуданд. Яке аз онон, Иноятуллоҳи Тӯфон, чунон аз ин тасмим мутаассир шуд, ки гуфта мешавад, канор рафту гирист. Туркӣ ҳамчунин ёдовар мешавад, ки дар ҳоле ки худи ӯ барои ташвиқи интиқоли сиёсӣ ба Кобул мерасид, нерӯҳои Ҳикматёр атрофи майдони ҳавоиро ҳадафи ҳамла қарор дода буданд.
Баъдҳо, пас аз шикаст аз Толибон, Ҳикматёр ба Эрон паноҳ бурд, кишваре, ки пештар онро “давлати бидъатгузор” хонда буд (сафҳаи 137). Солҳо баъд, ӯ худро ба давлати Афғонистон, амрикоиҳову соири тарафҳои зинафъ ба унвони танҳо фарди қодир ба музокира бо Толибон пешниҳод кард.
Дар саросари фасли ёздаҳум, Туркӣ Ҳикматёрро фарде ҷоҳталаб, инъитофнопазир ва мустаъиди тағйироти ногаҳонии мавзеъ тавсиф мекунад, ки барои расидан ба қудрат ҳозир буд, вориди эътилофҳои мутаноқиз шаваду тааҳҳудоти худро канор бигузорад; амре, ки ба бовари ӯ, нақши муҳимме дар суқути Афғонистон ба вартаи ҷанги дохилӣ дошт.