Бидуни ҳузури фаъол, маънодор ва содиқонаи паштунҳо дар муқовимат ва муборизаи раҳоибахш бар зидди «Толибон»*, таҷзияи Афғонистон иҷтинобнопазир аст
Муаллиф: ҲАШМАТ РОДФАР
Пас аз ифтизоҳи интихоботи 2014 касе аз забони Саттор Саодат ривоят мекард, ки дар як ҷамъе аз рафиқонаш гуфта буд: "Интихоботи 2014 собит кард, ки аз ин пас тадовуми қудрати паштунҳо дар Афғонистон бо демократия, раъй ва интихобот имконпазир нест, барои оянда ду роҳ бештар надорем, ё ин ки қудрат дубора ба «Толибон» баргардонда шавад, ё иҷоза бидиҳем, ки кишвар таҷзия шавад ва албатта, бояд коре кунем, ки доияи онро «тоҷикҳо» матраҳ кунанд..."
Он чӣ Ашраф Ғанӣ ва дору дастаи фосид ва қавмгарояш то таслимии биломунозиаъи қудрат ба «Толибон» анҷом доданд, ба вазоҳат нишон дод, ки он чӣ Саодат 7 сол пеш гуфта буд, дарвоқеъ барнома ва дурнамои фикрии катлаи бузурге аз паштунҳои ба зоҳир технократи урдугоҳи ҷумҳурият барои наҷоти парадигмаи қавмии қудрат аз шарри "дигарон" будааст.
Мухкашизми таборгаро, ки боре дар бюрократияи Афғонистон масъаласоз шуд, дар бозиҳои калони сиёсӣ дар роҳандозии рақобати қудрат байни чеҳраҳои муҳофизакори ҷиҳодие думбол шуд, ки нигоҳашон ба асабиятҳои таборӣ ва қавмии фасливу мавридӣ буд ва ҳассосиятҳои ҳувиятиашон ҳам ҳеҷ гоҳ ба хутути қирмизи ривояти қавмии қудрат наздик намешавад. Дар таомули дастидувумӣ бо арг аз нишонии ашрофияти ҷиҳодӣ рақобат мекарданд ва ба маротиб камтар аз дигар наҳлаҳои сиёсии ақвоми ғайрипаштун дар баробари сатлаи қавмӣ масъаласоз буданд.
Ин даста дар нақшҳои мухталиф то рӯзи таслимии комили Афғонистон ба дасти «Толибон»* бо Ғанӣ дамсоз буданд ва бехабар аз дунё шарики ҷирм ӯ (охирин пустҳои сафҳаи Аргро мулоҳиза бифармоед, ба аксҳои дидори раисҷумҳурӣ ва вазири дифоъ [муқовиматӣ] –и ӯ аз Болоҳисор каме бештар диққат кунед).
Акнун аммо, ки сенарияи вогузории қудрат ба «Толибон» амалӣ шуда, Саодат ва бисёре аз ҳамфикронаш машғули талтифи фазо ба нафъ «Толибон»-анд. Маъсум Истоникзаӣ, Ҳаниф Атмар ва дар пушти саҳна Ғанӣ, Муҳиб ва шуморе дигар аз ин ҷамъи маълумулҳол, барои масхи доияи муқовимат камар бастаанд ва бо шуморе аз саҳнагардонон тамсили ҳузури тоҷикҳо дар дарбори Ғанӣ барои эҷоди Шӯрои муқовимат талош доранд.
Бо ин ҳол шавоҳиди зиёде аз пешрафти сенарияи дувуме, ки Саодат матраҳ карда буда (таҷзияи Афғонистон) низ дар ҳоли амалӣ шудан аст. Дар як диди сатҳӣ ва гузаро метавон натиҷа гирифт, ки дер ё зуд оғози муқовимат ва муборизаи озодибахш барои бозпасгирии манотиқи ғайрипаштуннишин иҷтинобнопазир аст ва зуд аст, ки дар манотиқи васее дар шимол, марказ ва ғарби кишвар ҷанги мусаллаҳона ва муборизоту муқовимати маданӣ дар саросари Афғонистон дар баробари «Толибон» оғоз шавад ва ба ҳазору як далел метавон иддао кард, ки давоми иморати «Толибон» ба ин сурат номумкин аст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони ҷаҳонии ин кишвар ҳам тамоюле ба такрори сенарияи 2001 - 2021 дар Афғонистон надорад, манобеъ ва имконоти валинеъмати стратегии «Толибон» ISI ҳам барои таъмини махориҷи "ҳукуматдории ҳадди ақали «Толибон» номаҳдуд нест ва ҳеҷ як аз кишварҳои минтақа ва ҳамсоягони Афғонистон болотар аз тамвили проектҳои кӯчаки шӯришгарӣ ва муқобила бо таҳдиди эҳтимолии «ДОИШ»* ҳозир ва қодир ба нақшофаринӣ нест.
Хулоса ин ки дер ё зуд тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва дигар қавмиятҳои Афғонистон бо «Толибон» гуловез хоҳанд шуд ва «Толибон»-ро аз манотиқашон берун хоҳанд ронд. Ҷанг дар шаҳрҳо ва манотиқи дорои танаввӯъи ҷамъиятӣ барои муддате давом хоҳад ёфт ва дар фарҷоми инҳо барои раҳоии, масалан, Пактиёву Кандаҳор ва Хӯст ва... аз дасти «Толибон» ба ин манотиқ лашкаркашӣ нахоҳанд кард.
Амрико ва ҷаҳони озод ҳам ду бор аз як сӯрох газида нахоҳад шуд ва вақте нерӯҳои муқовимат ба дарвозаҳои Кобул сангар гирифтанд, ҳаммонанди соли 2001 бори дигар Карзайеро ба кӯҳҳои Урузгон десант нахоҳанд кард, то фотеҳи луи Кандаҳор ва луи Пактиё ва луи Нангарҳор ва ... қаламдод шавад.
Ба ин сурат он чи мусаллам ба назар мерасад, ин ки муқовимат дар баробари «Толибон» ва пирӯзии он дар баробари ҷухаҳои марг ва нафрати толибонӣ дар ояндаи начандон дур иҷтинобнопазир аст ва дар сурате, ки насли нави ҷомеаи паштуни Афғонистон ба муқовимат ва истодагии содиқона ва огоҳона дар канори "дигарон" ва дар баробари «Толибон»* камар набандад, ки ба эҳтимоли қавӣ намебандад, таҷзияи Афғонистон дар имтидоди хутути қавмӣ, забонӣ ва ҷуғрофиёии сарнавишти маҳтуми ҷуғрофиёе аст, ки аз замони Абдураҳмон то имрӯз бо ҳазор ҷабру икроҳ ва худъаву найранг “Афғонистон” хонда мешавад.
Аз ин пас бо қоиммушаки бозиҳои Истоникзайу Атмар ва чанд мормулаки дигар таъмини "ваҳдати миллӣ" ва тазмини нақши "бародари бузург" номумкин аст. Ба майдон биёед ва агар ба ростӣ бо «Толибон» мухолифед дар рустову хона ва маҳаллаи худатон бо онҳо биҷангед, дар фарҷом бародар бо бародар ҳисобашон баробар...