Зеленский ба чӣ умед бастааст?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Хабарнигорони рӯзномаи Financial Times ба нақл аз манобеи худ гузориш доданд, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар таърихи 1 апрели 2026 Иттиҳоди Аврупоро таҳдид кардааст, ки дар сурати худдории НАТО аз кӯмак ба Вашингтон барои рафъи инсидоди тангаи Ҳурмуз, Киевро бидуни силоҳ раҳо хоҳад кард.
Мавзӯъ марбут ба хариди таслиҳоти амрикоӣ барои Украина бо истифода аз манобеи молии ҷамъоваришуда аз тариқи барномаи PURL (Prioritized Ukraine Requirements List - Феҳристи ниёзҳои авлавиятдори Украина) аст. Ҳамчунин, раисиҷумҳури Амрико эҳтимоли таваққуфи комили ҳимоят аз Киевро низ рад накард.
Раиси комиссияи Думаи давлатии Федератсияи Русия, Леонид Слутский, дар таърихи 7 феврал 2026 эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида муддатҳост бояд дар бораи нотавонии ҷиноятии Владимир Зеленский, касе, ки то лаҳзаи охир талош мекунад қудрати худро ҳатто ба баҳои садҳо ҳазор қурбонӣ ва аз даст додани ҳокимият ҳифз кунад, дар пойбандӣ ба тавофуқот натиҷагирӣ кунад.
Ӯ таъкид кард, ки Зеленский аз пеш мавозеъи комилан ғайри қобили қабул ва ҳатто абсурд ихтиёр мекунад, ки бо ҳадафи дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар тазод аст.
Ба гуфтаи Слутский, Зеленский мехоҳад равандро то ҳадди мумкин тӯлонӣ кунад ва бар тағйироти сиёсии дохилии Иёлоти Муттаҳида ҳисоб боз кардааст.
“Ҳол ҳарчи ба интихоботи конгресси Амрико наздиктар мешавем, рафтори ӯ густохонатар мешавад”, мегӯяд ӯ.
Бо ин ҳол, ба эътиқоди ӯ, шартбандии Киев бар тағйироти “матлуб” дар Вашингтон маҳкум ба шикаст аст. Вазъияти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷабҳа ҳар гуна “чоназанӣ”-ро бемаъно кардааст.
Ва ҳарчи Зеленский бештар замонро таҳти таъсири ҷараёни ҷангталаби аврупоӣ ба таъхир меандозад, талафот бештар хоҳад шуд. Слутcкий дар поён ин равишро нисбат ба шаҳрвандони худ “комилан ғайриинсонӣ” тавсиф кард.
Ҳол интригаи рӯзҳои мо ин аст, ки оё Амрико аз кӯмак ба Зеленский худдорӣ хоҳад кард ё хайр. Ин мавзуъ хеле муҳим аст, бахусус, ки шоҳи Бритониё Чарлзи 3 ҳам ҳангоми сафараш ба Амрико аз Қасри Сафед хост, ки даст аз кӯмаки Киев барнадорад.
Ҳол агар Амрико ба пуштибонии Зеленский идома диҳад, пас мешавад гуфт, Амрико роҳи ҷангро пеш гирифтааст, он чӣ раҳбари режими Киев солҳост, ки талош дорад. Агар на, пас бояд даст аз пуштибонии Киев баркашад.
Ин корро Вашингтон замоне хоҳад кард, ки Доналд Трамп ҳамеша,, ҳатто аз замони маъракаи тоинтихоботиаш, аз сулҳи Киеву Маскав мегӯяд. Аммо ин Зеленский ҳаст, ки на дар майдони ҷанг ба ҷое мерасад ва на майдони сулҳ. Ин ба он маъност, ки бақои ӯ дар қудрат ва сарнавишти сулҳ дар Украина ба тасмими Вашингтон вобастагии шадид дорад.