Хабари рӯз

Пушти ҳазфи раҳбари Ал-қоида чист?

Нависанда: Раҳматуллоҳ Набил,  раиси пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон

Бар асоси иттилооти мавҷуд Сироҷуддин Ҳаққонӣ (рӯзи шанбе, 30 июн) ҳангоми ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул мизбони музокироти сулҳ байни ҳайати 12 нафарӣ аз ҳукумати Покистон ва сарони ТТП (Таҳрики Толибони Покистон) буд. 

 Бар асоси иттилоот, меҳмонхонаи шахсии ӯ дар наздикии маҳалли ҳамла қарор дорад ва бар асоси ахбори мунташиршуда дар бархе аз матбуоти хориҷӣ хонае, ки Айман Завоҳирӣ дар он ҳадаф қарор гирифта шуда, марбут ба вазири дохилаи Толибон, яъне Сироҷуддин Ҳаққонӣ аст.

 Баъд аз вуқуъи ҳамла Сироҷуддин Ҳаққонӣ бо корвони бузурге ба шумули афроди мулкӣ барои масун мондан аз ҳамлаи мушобеҳ аз тариқи замин ба вулусволии Чархи Лугар ва аз он ҷо ба дигар вулусволиҳои вилояти Пактиё рафтааст. 

 Суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки агар Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар паноҳ додан ба Айман Завоҳирӣ саҳм дошта, оё вай дубора ба Кобул боз хоҳад гашт ва вазир хоҳад монд ё на? Ва оё ӯ метавонад озодона гаштугузор кунад?

 Аз сӯйи дигар, ин суол ба зеҳн хутур мекунад, ки оё Сироҷ Ҳаққонӣ бо васотати генерал Баҷво ва Ай Эс Ай дар садади тармими равобит бо Амрико ва берун шудани вай аз “листи сиёҳ” аст ва мехоҳад бо шарик сохтани иттилооте дар мавриди Айман Завоҳирӣ ба ин ҳадафи худ бирасад?

Ногуфта намонад, ки писари Усома бин Лодан ва баъдаш писари Айман Завоҳирӣ сафарҳо ва дидорҳое дар муддати як соли гузашта бо сарони Толибон дар Кобул доштаанд, ки ин сафарҳо комилан махфӣ намонд. 

 Эҳтимоли дувум ин аст, ки дар паноҳ додан ба Айман Завоҳирӣ дар Кобул танҳо Сироҷ Ҳаққонӣ ва гурӯҳи Ҳаққонӣ дахил будааст. Шӯрои Кветта ба саркардагии Мулло Бародар ба шумули Мулло Яъқуб, ки аз як тараф талош дорад равобитеро, ки дар Доҳа бо Амрико эҷод карда, тақвият кунанд то қабл аз иҷлоси солонаи Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябр заминаи лозим барои ба расмият шинохтани Иморати Толибон муҳайё шавад ва аз сӯи дигар аз қудрати рӯзафзуни Сироҷуддин Ҳаққонӣ бикоҳанд, иттилооти маҳалли будубоши раҳбари “Ал-қоида” - ро бо амрикоиҳо шарик сохтаанд ва бо ин кор ба истилоҳ бо як тир ду нишон задаанд.

Толибони Луи Қандаҳор, ки аз як сӯ, Сироҷ Ҳаққонӣ ва гурӯҳи Ҳаққонӣ, ки ҳеҷ вақт аз Шӯрои Кветта қисме, ки лозим аст, итоат накардааст ва худро ба унвони фотеҳи Кобул фикр мекунад ва амалан ба ҳокими билфеъл ва билқувваи Афғонистон табдил шударо мунзавӣ бисозанд ва, аз сӯи дигар, ба тааҳҳудоти қарордоди Доҳа ба ҷониби Амрико амал намоянд.

Эҳтимоли севуме, ки нисбатан заиф ба назар мерасад, аммо бо дарназардошти бозиҳои дугонаи Покистон дар гузашта наметавон онро комилан мунтафӣ донист, ин аст, ки Покистон дар лабаи партгоҳи иқтисодӣ қарор гирифтааст ва низомиёни Покистон ҷиҳати ҷалби кӯмакҳои иқтисодии Амрико ва наҷоти Покистон, ба вежа урдуи ин кишвар аз лабаи суқут дар мавриди шарик сохтани иттилоот ва иҷозаи истифодаи ҳарими фазоӣ ва ё ҳам заминасозӣ ва додани пойгоҳ дар дохили хоки Покистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамла ба Айман Завоҳиро заминасозӣ карда бошанд. 

 Покистон бо ин кор аз Толибон як бори дигар ба унвони “аҳмақҳои бадардбихӯр” ҷиҳати касби манофеъи худ истифода кардааст. Дар гузашта дида шуда, ҳар замон ки Покистон дар тангно қарор гирифта, туҳфае инчунинӣ ба Вашингтон додааст. 

Инро низ наметавон фаромӯш кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баракси қабл аз соли 2001, ки аз вазъияти Афғонистон иттилооти кофӣ дар дастрас надошт, бо бист соли ҳузур дар ин кишвар ва сармоягузориҳои ҳангуфт дар абъоди мухталифи техникӣ шояд тавонмандии инро дошта бошад, то аз кӯча - кӯчаи Кобул ва дигар шаҳрҳои бузург иттилоот дошта бошад ва бо истифода ва ҳамкории ҳамин манобеъ ва васоил муваффақ ба дарёфти иттилоот ва анҷоми якҷонибаи ин ҳамла шуда бошад.

Дар ин сурат барои Толибон душвор хоҳад буд, то эътимоди аз даст рафтаашонро дар амри гӯё мубориза бо терроризм дубора ба даст оваранд ва ё ҳам ба ислоҳот ва ҳарфшунавӣ аз мардуми Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ тамкин накунанд, ки бидуни тардид боиси кӯтоҳ шудани умри имораташон ва ё ҳам боиси кудатои сафед в ё хунин дар дохили имораташон хоҳад гардид. Вақоеъи рӯзҳои оянда дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ масоилро бештар равшан хоҳад сохт, ин ки муомилае дар кор буда ё қазоё ба сӯи муқобила хоҳанд рафт?


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!