Чаро ишғоли Шӯравиро ишғол мехонанду ишғоли Амрикоро на?
Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Ҷаҳонгушоӣ ва лашкаркашӣ як мавзӯъи нави таърихи башар набудааст. Ба баҳонаҳои мухталиф дар тӯли таърихи ҷаҳон иттифоқ афтодааст. Дар таърихи муосир дуи он дар қарни бистум дар кишвари зодгоҳам иттифоқ афтод. Аз соли 1979 то ҳол китобҳои зиёде аз ишғоли Афғонистон тавассути Артиши Сурх нигошта шудааст. Ва аммо аз ишғоли Афғонистон тавассути Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то ҳол бо ин ки тақрибан бист сол гузашт, камтар навишта шудааст. Далели он ин аст, ки ваҷҳи муштарак байни афғонон дар бораи ин ишғол вуҷуд надорад. Ҳама афғонҳо, аксари том ба ин бовар буданд, ки Афғонистон тавассути Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ ишғол шуд ва, аммо ҳама афғонҳо ба ин бовар нестанд, ки Афғонистон тавассути Амрико ишғол шуд.
Афғонон, хусусан онҳое, ки дар Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекарданд ва дар асари ишғоли Шӯравӣ ба кишварҳои ғарбӣ муҳоҷир шудаанд, дидгоҳҳои мутафовит доранд. Аммо аз ишғоли Афғонистон тавассути амрикоиҳо мустақим ва ғайримустақим пуштибонӣ карданд. Як идда, гули яхани байрақи Амрико ва Афғонистонро дар куртаи худ насб карда буданд. Рафту омад ба Афғонистон оғоз ёфт. Афғонҳо бо ин ки амрикоӣ шуда буданд, яъне тобеияти Амрикоро гирифта буданд, бидуни ҳусули виза аз Афғонистон дохили Афғонистон мешуданд. Зеро худро дутобеъията медонанд. Як иддаи зиёд барои вазорати дифоъи Амрико ба номи тарҷумону инҷинер ва мушовири фарҳангӣ ва ғайра бо ҳуқуқи солиёнаи бисёр қобили мулоҳиза, яъне 250,000 доллар дар сол кор гирифтанд ва инро ватанфурӯшӣ талаққӣ намекарданд. Дар Амрико хонаҳо хариданд, ҳатто дар Туркия ва дар Афғонистон соҳиби мулкият шуданд. Ба хотири демократия мушт ба сина мезаданд ва дар идораи Карзайу Ашраф Ғанӣ соҳиби кор шуданд, бидуни ин ки демократияро барои Афғонистон таъриф карда бошанд ва ё эътироф кунанд, ки кишварашон ишғол шудааст.
Хоҳ махоҳ он идда, ки аз ишғоли Афғонистон тавассути Амрико пуштибонӣ кард, зиёдтар қишри таҳсилёфта, секулор, ки ба дин чандон алоқаманд набуданд ва дар маҳофил ба хотире, ки Амрико динро аз сиёсат ҷудо медонист, инҳо ҳам динро аз сиёсати Афғонистон ҷудо медонистанд.
Амрикоипарастӣ дар Амрико барои ин ки аз ширкатҳои амрикоӣ ва давлат барои проектҳояшон пул бигиранд, ба авҷи худ расида буд. Ашхосе монанди ин муҳаққиқ, ки дар ин рақобатҳо набуд, девона пиндошта мешуд. Касоне, ки барои вазорати дифоъи Амрико кор мекард ва ҳанӯз ҳам кор мекунад, рӯйи як қарордод кор гирифта буданд ва имзо карда буданд, ки бар алайҳи Амрико сухани интиқодомез нагӯянд. Ва то имрӯз ҷуръат намекунанд то бар алайҳи Амрико ба таври манфӣ сӯҳбат кунанд.
Кӯдакон дар Амрико дар ин чиҳил сол таваллуд шуд ва ин кӯдакон бо зеҳнияти амрикоӣ бузург шуданд ва натанҳо, ки дар ширкатҳои бузург кор гирифтанд барои CIA, яъне Central Intelligence Agency дафтари истихбороти Амрико ва FBI, яъне Federal Bureau of Investigation, ки пулиси махфии дохили Амрико аст, кор гирифтанд. Хоҳ махоҳ чун як идда дузабона буданд, яъне форсӣ ва англисӣ ё пашту ва англисиро медонистанд, ақалан сӯҳбат карда метавонистанд, агар навишта наметавонистанд, "нонашон дар равған" буд ва ҳуқуқи зиёдтар мегирифтанд.
Баъд аз ҳамлаи ёздаҳи сентябр масоҷиди афғонҳо тавассути FBI ва ҳамин афғонҳо зери назорат қарор гирифт. Зеро мехостанд бидонанд, ки хатиб чӣ мегӯяд. Ба ҳамон наззора, ки дар замони ишғоли рус мардум дар Кобул аз ҳамдигар ҳарос доштанд, дар Амрико бо ин ки озодии баёну калом ҷузъи қонун аст ва аммо байни афғонон ҳамон эътимоди мутлақ шикаст. Як идда хонаводаҳо, махсусан бо таблиғот, ки исавиён барои дини худ мекунанд ва тахрибот, ки матбуоти ғарб моҳирона бар алайҳи ислом мекунанд, ҷавонони Афғонистон исавӣ шуданд. Як идда духтарон бо ин ки теъдодашон кам аст, бо ғайримусулмонон издивоҷ карданд. Волидайн ҳам худро хомӯш гирифтанд. Таблиғоти зидди ислом тавассути худи афғонон зери чатри озодии баёну калом ва озодии фикр боис шуд то хонаводаҳо, ки аз фишори илҳоду куфр аз Афғонистон роҳи ҳиҷрат ба пеш гиранд, дар Амрико ба илҳод пайвастанд.
Ишғоли Русияи Шӯравӣ зиёдтар ҷанбаи идеологӣ дошт ва чун идеология аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ як режимро ба бор меовард, метавонад сарнагун шавад. Бо рафтани амрикоиҳо идеология нарафт ва демократияи содиротие, ки ман онро даҳ сол қабл “беномусӣ” хондам, бо фарҳанги "бебандуборӣ" содир шуд. Доктор Алии Шариатӣ, ҷомеашиноси машҳури қарни 20 демократияро низоми бебандубор хонда буд.
Низоми содиротие, ки ба Афғонистон содир шуд, ду чизро надошт: ахлоқ ва адолат. Зеро ин ду асл дар демократия вуҷуд надорад. Афғонон дар конфронси Бон ин низоми бебандуборро рӯҳияи қавмӣ ва қабоилӣ доданд, ки Афғонистонро мутлақ ба рукуд мувоҷеҳ сохт.