Хабари рӯз

Мулло Яъқуб ба Худои худ расид, толибоне, ки дар ҷанганд, чаро намерасанд?

Нависанда: Рустам Рӯшангар, таҳлилгар

Як навори савтии мансуб ба Мулло Яъқуб, вазири дифои ҳукумати худхондаи гурӯҳи террористии Толибон нашр шуда, ки дар он вай бо ишора ба ақибнишинии неруҳои ин гурӯҳ дар манотиқе аз шаҳристони Хӯст ва Фиринги вилояти Бағлон хостори иттиҳод, итоатпазирӣ ва адои дурусти вазифа мешавад.

Рӯзи шанбе - аввали иди Қурбон неруҳои муқовимати миллӣ тасовиреро нашр карданд, ки нишон медод ин неруҳо манотиқеро дар шаҳристони Хӯсту Фиринг аз тасарруфи толибони террорист берун карда ва намози идро якҷо бо мардуми ин манотиқ адо кардаанд.

Тавре, ки дар навори савтии Мулло Яъқуб шунида мешавад, ба ӯ гузориш дода шуда, ки неруҳои толиб дар манотиқи ҷангӣ аз амрҳои фармондеҳон итоат намекунанд, ваҳдати назар дар фармондеҳии ҷанг вуҷуд надорад, афроди ҷангӣ ба баҳонаҳои мухталиф вазоифи худро тарк карда ва барнамегарданд, афроди ҷангӣ саргарми тафреҳ ва гаштугузор ҳастанд ва вазифаро ҷиддӣ намегиранд.

Албатта, муҳимтар аз ҳама ин ки раҳбари гурӯҳи террористии Толибон барои мудирияти вазъият ва иъодаи назм дар сафҳои неруҳои мутафарриқшуда ва беруҳияшудаи ҷангӣ кадом тарҳ, барнома ва механизми маъқулу мантиқӣ дар ихтиёр надошта ва барои мутеъ сохтани нафароти ҷангӣ чорае ҷуз эъмоли зӯр ва пеш кардани лиҳози Худо надоранд. Масалан, ӯ барои фармондеҳони маҳаллии ҷанг мутавассил ба тавсия ва насиҳатҳои ахлоқӣ мешавад ва бо забони ғайриомирона ва бо илтимос аз фармондеҳони маҳаллӣ мехоҳад, ки ба хотири Худо иттиҳод ва назмро ҳифз карда ва танӯри ҷангро гарм нигаҳ доред. Албатта, Худое, ки фақат афроди Толибон мулзаманд, ки ба хотири ӯ ҷон диҳанду ҷанг кунанд ва худи Мулло Яъқуб чунин илзомотеро эҳсос намекунад. Ӯ ҳоло ба Худое, ки думболаш буд (қудрат ва сарват) расида ва бояд аз қурбати он лаззат бибарад. Ҳоло ӯ наметавонад мошинҳои зиддигурӯла, қасру сафарҳои бо шону дабдаба дар Дубайро раҳо карда ва поҳояшро ба сахраҳои хашини Хӯст ва Андароб бисояд!

Ман чанд моҳ пеш навиштам, ки толиб як неруи низомии тавонманд нест. Нерӯи толиб на назм дорад, на тахассуси низомӣ, на маҳорати истифода аз силоҳҳои печида, на фикру барномаи мудириятӣ ва раҳбарии оқилона барои танзими умури ҷангӣ, на системаи муназзами икмолотӣ ва маошӣ ва на плану барномаи ҳушмандонаи ҷангӣ. Толиб як неруи иҷбории бесарутаҳ аст, ки бо террору ваҳшату даҳшат ва рафторҳои зиддиинсонӣ тавониста бо истифода аз як халои бузурге, ки бештаринаш сиёсӣ ва равонӣ буда, ба авзоъ ҳоким шавад. Набуди як неруи низомии рақиб далели дигари ҷавлони чандмоҳаи толиб будааст.

Агар як тарҳ ва барномаи муназзами сиёсӣ ва низомӣ дар баробари толиб вуҷуд дошта бошад, бо таваҷҷуҳ ба вазъияти бади низомии толиб ин гурӯҳ ба зудӣ ба ғорҳои бист соли пеш паноҳ мебарад.

 Ба нафароти ҷангии толиб то як соли қабл гуфта мешуд, ки ба хотири Худо биҷангед, ҳоло, ки онон фикр мекунанд ҷангашон ба поён расида, дигар ангезаи ҷангии динӣ боқӣ намондааст. Ба вежа, он ки ҳоло нафароти ҷангӣ дарк кардаанд, ки раҳбаронашон на ба хотири Худо, ки ба хотири расидан ба биҳишти заминӣ ононро вориди ҷанг карда буданд ва акнун афроди худро фаромӯш кардаанд ва ба фикри маишати худ ҳастанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!