Хабари рӯз

Ҳақиқат ва маслиҳати суханони Атомуҳаммади Нур чӣ буд?

Нависанда: Яъқуб Ясно, устоди таърих, фарҳанг ва адабиёт, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

Атомуҳаммади Нур аз сиёсатмадорони шинохташудаи Афғонистон аст, ки аз давраи ҷиҳод дар баробари русҳо то акнун дар муносиботи сиёсии кишвар ҳузур дорад. Чанд рӯз пеш дар як барномаи телевизионӣ дар посух ба гардонандаи барнома гуфт, ман дар ҷараёни суқут масъулияти ҳукуматӣ надоштам, як шахсияти сиёсӣ будам, ҷанг вазифаи ман набуд. Ҷанг вазифаи касоне буд, ки дар ҳукумат вазифаи расмӣ доштанд. Ба шуморе аз мақомҳои ҳукуматӣ ишора кард, ки аз вилояти Панҷшер буданд ва гуфт, муовини аввал, вазири дифоъ, қумандони умумии ҳавоӣ, қумандони қитаоти хос, қули урду, ливо ва... аз Панҷшер буданд, ҷангро ман мекардам ё ин афроди низомӣ.

Суханони Атомуҳаммади Нур вокунишбарангез шуд ва шуморе гуфтанд, Устод Ато набояд ин суханонро мегуфт. Шуморе дигар гуфтанд, Устод Ато рост гуфтааст.

Ман мехоҳам ба асоси ҳақиқату маслиҳат суханони Атомуҳаммади Нурро баррасӣ кунам:

Он чиро мегӯем, агар мисдоқ дошта бошад, ҳақиқат ва воқеият низ аст. Оё суханонеро, ки Атомуҳаммади Нур дар бораи мақомҳои ҳукуматӣ ва низомӣ аз вилояти Панҷшер дар мавқеъи суқут гуфт мисдоқ дорад ё на? Он чиро Устод Ато гуфт, мисдоқ дорад, муовини аввали раёсатиҷумҳурӣ, вазири дифоъ, қумандони қувои умумӣ ва... аз Панҷшер буданд. Бинобарин Атомуҳаммади Нур воқеият ва ҳақиқатро баён кардааст. Гуфтани ҳақиқат чаро вокунишбарангез шавад? Вақте ки муовини аввал, вазири дифоъ, қумандони умумии ҳавоӣ ва... аз Панҷшер будаанд, инҳо чаро ҷанг накардаанд ва чаро масъулият нагирифтаанд. Ин пурсиш ва интиқод, ба назари ман, айб надорад ва нодуруст нест, балки баҷо аст.

Суханони Устод Ато аз назари баёни ҳақиқат, мисдоқ дорад ва дуруст аст. Аммо аз назари маслиҳат бубинем, ки гуфтани ин суханон ба маслиҳат буда ё набудааст. Дар бардошти иҷтимоӣ ва сиёсии назария ва боварӣ ба номи маслиҳатандешӣ вуҷуд дорад. Бино бар назарияи маслиҳатандешӣ гоҳе набояд ҳақиқате гуфта ва баён шавад. Чаро? Барои ин ки маслиҳат ҷамъӣ эҷоб намекунад ва дуруст нест "аз парда бурун афтад роз". Он чӣ дар маслиҳатандешӣ набояд гуфта шавад, он розӣ ҷамъӣ аст. Бино бар ин, аз назари маслиҳатандешӣ низ суханонеро, ки Устод Ато гуфт, рози ҷамъӣ набуд, балки воқеияте буд аён ва ошкор дар бораи мақомҳои ҳукуматӣ аз вилояти Панҷшер.

Муовини аввал ва вазири дифоъ дар марҷаъи тасмимгирӣ ҳастанд ва вазири дифоъ савқу идора ва фармони артишро дар ихтиёр дорад. Агар ин ду пеш аз суқут мутаваҷҷеҳ шуда буданд, хиёнате дар ҷараён аст, аммо онҳо салоҳияти ҷилавгириашро надоранд, бояд истеъфо медоданд ва ба мардум руҷуъ мекарданд то ҷилави хиёнат гирифта мешуд. Аммо муовини аввал то охирин рӯзи суқут мегуфт, ҳукумат аз вулусволиҳо ва вилоёт ақибнишинии тактикӣ кардааст ва толибро ба дом меандозад. Вазири дифоъ пас аз суқут гуфт, салоҳият надоштам. Ҷаноб, салоҳият, ки надоштӣ, истеъфо медодӣ ва эъломи мавзеъ ва рафъи масъулият мекардӣ.

Аммо он чи дар ин шароит хеле муҳим аст, ин аст, ки сарони сиёсии ҳавзаи мо думболи гуфтугӯ, машвара ва тафоҳум бошанд, то ба иҷмоъи сиёсӣ бирасанд. Расидан ба иҷмоъи сиёсӣ дар ҳақиқат ба ҷойгоҳи сиёсии ҳавзаи мо дар сатҳи ҷаҳон кӯмак мекунад, то дар муносиботи сиёсии ояндаи кишвар ба вежа барои ташкили ҳукумати фарогир мавриди таваҷҷуҳ ва ҳисоб қарор гирем.

Ва ин гуна муноқишот фақат адами иттиҳод дар суфуфи муқовамати зидди Толибонро нишон медиҳад. Танҳо як ҳақиқат вуҷуд дорад - на Устод Ато, на панҷшериҳо, ба таври куллӣ тоҷикҳо, ва ҳатто соири неруҳои зидди Толибон аз ақвоми дигар ба танҳоӣ дар ҷангали ин "Бози бузург" зинда намемонанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!