Розҳои мубҳами тавофуқномаи Доҳа байни Амрико ва Толибон чӣ вақт ошкор хоҳад шуд?
Нависанда: Фазлманаллоҳ Мумтоз, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа
Музокирот байни Амрико ва таҳрики Толибон ба таври ошкор дар соли 2013 баъд аз таъсиси дафтари сиёсии Толибон оғоз гардид. Агарчи ин музокирот қабл аз он ба таври ғайриаланӣ идома дошт, ҳукуматҳои дастнишондаи мискин фақат муроқиб ва нозири ин гуфтугуҳо буданд, монанди Ҳизби демократики халқ дар аснои ишғоли Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷараён иттилоъ надоштанд ва ҳамчунон ҳеҷ гоҳ бовар надоштанд, ки бодор (хоҷа)-ашон рӯзе танҳо раҳо хоҳад кард.
Чунончи таҷоруб ва воқеоти таърихӣ гувоҳи он аст, ҳеҷ вақт бодор аз ғулом иҷозаи духул ва хуруҷро намегирад. Чунончи Халилзод изҳор дошт: Амрико на ба иҷозаи касе дар Афғонистон омада буд ва на ба иҷозаи касе хориҷ мешавад.
Валокин мутаассифона ғуломон аз таҷоруби талхи таърихӣ дарсу ибрат намегиранд. ин ҳам табиӣ аст, ки масири ҳукуматҳои дастнишонда дар ниҳоят махтум ба заволи ҳатмӣ аст. Аз ҳамон вақт эҳсос мешуд, ки Амрико бо як раҳбарии расмии оянда вориди музокирот аст ва на як гурӯҳи ҷангӣ.
Бархе аз таҳлилгарон ҷангҳои 44-соларо ҷангҳои ниёабтӣ меноманд. Ба эътиқоди банда, ҷангҳо дар Афғонистон ниёбатӣ набуда, балки ҷангҳои тавзифӣ будааст. Ҷангҳои ниёбатӣ ақаллан чанд фисад аҳдофу масолеҳи нимадохилӣ ҳам медошта бошад. Аммо дар пайи ҷангҳои тавзифӣ ба муҷарради ихроҷ ва ё хурӯҷи нерӯҳои ишғолгар низоми куллӣ аз ҳам мепошад. Чунончи баъди иҳроҷи қувваҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қувваҳои НАТО низом ба таври куллӣ аз ҳам пошид ва муваззафини ишғол комилан мутаворӣ шуданд.
Бо таъкид бар ин ки барои ғуломҳо манофеъ ва масолеҳи кишвар муҳим набуда, балки фақат масолеҳи модӣ ва маънавии худро бар ҳама тарҷеҳ додаанд. Муҳим барояшон ин набуда, ки муздури империализм бошанд ва ё сотсиализм. Қисме, ки мушоҳида гардид, раҳбарони сиёсии ҳарду давраи ишғол баъд аз ин ки навозиши ишғолгарон аз сарашон бардошта шуд, ба чӣ зиллат қарор гирифтанд ва аз бевафоии бодори ишғолгарашон шикоят карданд.
Беҳтарин шоҳиди надомат шикоятҳои Бабрак Кормал ва Ғанӣ аст. Ба ҳамин тартиб, ишғолгарон барои ҳифзи обрӯи худ иллати шикасти барномаҳояшонро ба ӯҳдаи ғуломҳояшон вогузор мекунанд, онҳоро дузд, мухталис ва муфсид қаламдод мекунанд. Агар хотироти генералҳои русӣ ва амрикоиро мутолиа намоем, ғуломҳои худро муқассир ва омили шикаст медонанд.
Бо вуҷуди гузашти се сол аз тафоҳумномаи Доҳа, то ҳол тафосили он ошкор нашудааст ва аз ҳама ҷаъли бадтар, ки Ғанӣ ва ҳамкорони фосиду залили он изҳор медоранд, ки дар ҷараёни музокирот қарор надоштаанд ва ду тарафи аслии музокирот ҳам муҳри сукутро бар лаб ниҳодаанд ва ҳар ду тараф тарафи муқобили худро ноқизи тааҳҳудоти Доҳа қаламдод мекунанд.
Ин ки дар мулҳақоти пинҳонии Доҳа чӣ чизҳое вуҷуд дорад, аз назари ҳама махфӣ аст. Таҳлилгарони соддалавҳ, монанди Мулло Насриддин ақиби маркабро нозир ҳастанд ва ин ки дар оянда чӣ розҳое пинҳон вуҷуд дорад, масъулияти онро ба маркаб ҳавола месозанд.
Оқои Халилзод муҳандиси Конфронси Бон ва коргардони ҳукумати Карзаю Ғанӣ ҳамвора аз натоиҷи тафоҳумномаи Доҳа изҳори хурсандӣ менамояд ва ин ки рози ин муваффақият дар чӣ нуҳуфтааст, мубҳам ва маҷҳул аст, шояд охири умри худ онро аланӣ хоҳад намуд.
Аммо чаро Халилзод хурсанд аст ва гоҳ аз гоҳ бо хандаву ваҷд чунин суханони таҳқиромезашро ҳамчун силии маҳкам бар рӯи мардуми ғамзадаи Афғонистон мезанад? Он чӣ, ки ҳатто як манқурттарин ғулом барои бодори беҳтаринаш намекунад...