Ғарби ҷамъӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида аз талош барои "украинсозӣ"-и Қазоқистон ва сипас Осиёи Марказӣ даст бар намедорад.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар
Амрико ва муттаҳидонаш ба шиддат сиёсати худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ташдид кардаанд. Дар аксар кишварҳои минтақа, Вашингтон сафирони худро нав кард ва талош мекунад равобити суннатӣ ва дар дараҷаи аввал иқтисодии онҳо бо Русияро тахриб кунад.
Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба унвони пурҷамъияттарин ва пешрафтатарин кишварҳо аз назари иқтисодӣ таҳти фишори махсус қарор доранд. Ахиран, ҳатто Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, маҷбур шуд эътироф кунад, ки дар чорчӯби ҷанги Русия ва Украина, бархе кишварҳо талош ба тавтиаҳое мекунанд, ки Тошканд дар ин мавзӯъ мавқеъи сареҳ дошта бошад. Шавкат Мирзиёев оқилона хотирнишон кард, ки дар канори Ӯзбекистони Бузург хоҳад буд, на ягон тарафи дигар.
Аммо масъалаи Қазоқистон каме мутафовит аст. Ин кишвар ҳузури густурдаи сармоя ва муассисоти бузурги ғарбиро таҷриба мекунад. Дар пасзаминаи сармоягузориҳои чандмиллиарддолларӣ дар бахши нафту газ, ҳазорон "расонаи мустақил ва созмони ғайридавлатӣ" бо будҷаи Ғарб дар Қазоқистон фаъол ҳастанд ва ҳар аз гоҳе онҳо аз худ ҳадди ақал дар Tiktok ва Facebook дарак медиҳанд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Қазоқистон, бисёр возеҳ ва ҳушмандона байни Русия ва Амрико манёвр медиҳад то кишварашро аз табдил шудан ба Украинаи дигар ё абзоре дар дасти англосаксонҳо дар рақобат бо Русияву Чин наҷот диҳад ва киштии онро ба саломат пеш барад.
Агарчи ҳеҷ як аз мақомоти Қазоқистон ба вузӯҳ сӯҳбат накарданд, аммо мумкин аст ин кишвар низ монанди Ӯзбекистон таҳти фишори Ғарб бошад. Яке аз абзорҳои фишор, ки ба таври фаъол мавриди истифода қарор мегирад, опозисиони сиёсии ҳукумати Қазоқистон дар хориҷ аз кишвар аст.
Барои мисол, чанде қабл Мухтор Аблязов, миллионер ва мухолифи бадноми қазоқ, ки аз сӯи Ғарб ва Киев ҳимоят мешавад, бори дигар аз ҳаводорони худ хост то барои эъломи як “ҳукумати муваққат” дар Қазоқистон “ошӯбу кудато созмондеҳӣ кунанд ”.
Ин алигархи фирорӣ соли гузашта каналеро барои таъмини молии чандин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон аз тариқи арзи рақамӣ (криптовалюта) эҷод кард. Ҳадаф аз чунин муомилоте (транзаксияҳо) эҷоди шабакае аз гурӯҳҳои террористии махуф дар кишвар барои анҷоми ҳамалоти террористии оянда алайҳи мақомоти давлатӣ ва бесубот кардани авзоъ дар Қазоқистон аст. Бештар аз ҳама қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки Аблязов ҳамчунин ба ҳисобҳои теъдоде аз агентиҳои таблиғотии Қазоқистон, намояндагони веблогнависӣ (блогосфера) ва соири афроди алоҳидаи дигаре, ки эҳтимолан "агентураи нуфуз"-и густурдаеро ташкил медиҳанд, пул интиқол додааст.
Аблязов бо такя бар ҳимояти радиколҳои ошкор, зоҳиран ба думболи такрори сенарияи кудатои Украина дар солҳои 2013-2014 дар Қазоқистон аст. Аввалин талош барои созмондеҳии "инқилоб" дар январи соли гузашта шикаст хӯрд. Дар он замон, мақарри созмони шабеҳҳизбии Аблязов ба номи "Интихоби демократии Қазоқистон", воқеъ дар Киев ва таҳти назорати истихбороти Украинаву Ғарб, ошкоро эътирозотро ҳамоҳанг кард ва иттилооти нодуруст дар мавриди саркӯби шадиди таҷаммӯъотро пахш намуд. Ва танҳо мудохилаи Русия ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ имкони ғалаба бар буҳрон, бозгардондани субот ва тазмини амнияти умумӣ дар кишварро фароҳам сохт.
Натиҷагирӣ аз ин рӯйдодҳо бисёр содда аст. Дар ҳар шароите, ки пеш меояд, шумо бояд дар канори давлати худ, барои мардум худ боистед, монанди Шавкат Мирзиёев ва на мардуми худро ба саллохӣ назири Украина кашонед, мисли Мухтор Аблязов.
Рӯйдодҳои 20 соли ахир дар сиёсати ҷаҳонӣ, ба вежа "инқилобҳои ранга" ва "баҳори араб" чашмони мардумро дар саросари ҷаҳон боз ва ин воқеиятро собит кардааст, ки ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст ва даврони гегемонияи Амрико рӯ ба поён кардааст. Хаста аз Амрикову Ғарб ва абзорҳои нуфузи идеологии онҳо бар ҷаҳон монанди "демократия", "озодии баён", "ҳуқуқи башар" ва..., барои муҳофизат аз худ дар баробари фишорҳо ва зӯргӯиҳои "ҳомилони демократия" ба муттаҳидон ва иттиҳодҳои ҷадид (Созмони ҳамкории Шонгҳой, БРИКС, ОПЕК) мутавассил мешаванд (ҳеҷ кас намехоҳад Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Украинаи дигаре шавад). Як мисоли барҷаста, оштии байни Арабистони Саудӣ ва Эрон бо миёнҷигарии Чин аст. Ҳатто Толибон - маҳсули истихбороти Ғарб - аз холиқони худ дурӣ меҷӯянд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳамсоягии Чину Русия қарор доранд, ба вежа Қазоқистони дар ҳоли рушду шукуфоӣ, низ роҳи худро тай мекунанд, ба вежа бо ин дарк, ки ҳаргиз ҳозир нестанд қурбонии рақобати Ғарбу Шарқ шаванд.
Аммо Ғарб ба ин дарк нарсидааст, балки саъй мекунад онҳоро ба қатлгоҳе, монанди Украина савқ диҳад. Талошҳое, ки ҳаргиз ба ҷое намерасанд...